0 Comments

Тағйир додани ғунҷоиши худ ҳангоми давр занонидани дастаки конденсатор, ки ба берун кашида шудааст,  ба хусусиятҳои хоси конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дохил мешавад. Аввалҳо ин гуна конденсаторҳо дар радиоприёмникҳо васеъ истифода мешуданд.Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда дар расми 3 оварда шудааст.

Расми 3. Намунаи конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯршаванда

Барои конденсаторҳои тағйирёбанда ва ҷӯркунанда дар нақшаҳои принсипиалӣ қиматҳои кунҷии ғунҷоиш нишон дода мешавад, яъне қиматҳои аввал ва охире, ки ҳангоми тоб додани дастаки конденсатор аз як тараф ба тарафи дигар ё тобдиҳии даврӣ (барои конденсаторҳои ҷӯршаванда), ки дар нӯгҳои конденсатор ҳосил мешаванд, нишон дода мешаванд. Масалан, навиштаҷоти 5-180 гувоҳи он аст, ки ҳангоми дар кунҷи ибтидоӣ ҷойгир будани дастаки конденсатор қимати ғунҷоиши он 5пФ ва ҳангоми дар кунҷи интиҳоӣ ҷойгир будани дастаки конденсатор қимати ғунҷоиши он ба 180пФ баробар аст. Ҳангоми бозгашти муназзами[24] конденсатор аз як ҳолат ба ҳолати дигар ғунҷоиши он ҳам ба таври муназзам аз 5 то 180 пФ ё аз 180 то 5пФ тағйир меёбад.Ҳоло конденсаторҳои ғунҷоишашон тағйирёбанда қариб, ки истифода бурда намешаванд, чунки варикапҳо ҷойи онҳоро ишғол намудаанд. Варикап – унсури нимноқилии нақшаҳои электрикӣ мебошад, ки ғунҷоишаш бо шиддати барнӯгҳои он гузошташуда мутаносиб аст. Ишораи шартии конденсаторҳо дар нақшаҳои принсипиалӣ дар расми 4 оварда шудааст.

Ғунҷоиши нишон додашудаи конденсатор ва шиддати кории конденсатор, дар танаи он қайд карда мешаванд. Дар солҳои охир системаи рамзгузорӣ бо истифодаи рангҳо дар конденсаторҳо низ барои тамғазанӣ татбиқ карда шуданд.

Шакли геометрии конденсаторҳо дискшакл, силиндршакл, призмашакл ва ғ. мешаванд. Конденсаторҳои танталии оксидӣ, ки дар шакли қатра (қатраи об) сохта шудаанд, бағоят маъмул мебошанд.Тамғаҳои ранга низ ба шакли ҳалқа, рах ва доғ ба тарзи гуногун гузошта мешаванд, дар ҷойҳои гуногун гузошта мешаванд.

ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ

[24]Бозгашти муназзам – Плавное возвращение