0 Comments

Бояд қайд намуд, ки конденсаторҳоро низ ба монанди резисторҳо дар бисёре аз нақшаҳои электрикӣ вохӯрдан мумкин аст. Чун қоида, ду лавҳаи металлӣ, ки дар байни онҳо диэлектрик ҷойгир аст, конденсатор номида мешавад. Ҳаво, фахфур, абрак[18] ва ҳар гуна маводе, ки ҷараёни электрикиро намегузаронад,  метавонад ҳамчун диэлектрик хизмат намояд.Агар резистор ҷараёни электрикии доимиро мегузаронида бошад, пас конденсатор онро намегузаронад. Аммо, ҷараёни электрикии тағйирёбанда аз конденсатор мегузарад. Ба туфайли ин хосияташ конденсаторро дар он ҷое, ки ҷараёни доимиро аз ҷараёни тағйирёбанда ҷудо кардан зарур аст, истифода мебаранд.

Чӣ хеле ки момедонем, параметри асосии резистор муқовимат мебошад. Ин параметр дар конденсатор ғунҷоиш[19] ном дорад. Воҳиди ғунҷоиш – барои контруксияи дастгоҳҳои саноатӣ микрофарада мебошад.  Бо вуҷуди ин ба сифати воҳиди ғунҷоиш бисёртар пикофарада истифода бурда мешавад, ки аз миллион як ҳиссаи микрофарадаро ташкил медиҳад. Дар нақшаҳо ҳам микрофарада (мкФ, µF) ва ҳам пикофарада (пФ, pF) – ро ба сифати воҳиди ғунҷоиш вохӯрдан мумкин аст. Илова бар ин ғунҷоиши то 9100 пФ –ро дар нақшаҳо бо пикофарада ва аз ин зиёдро бо микрофарада ишора менамоянд. Масалан, агар дар паҳлӯи ишораи шартии[20] конденсатор адади «27», «510»  ё «6800» навишта шуда бошад, ин маънои онро дорад, ки ғунҷоиши конденсатор мувофиқан 27, 510  ё  6800 пФ мебошад. Аммо, ададҳои 0,015,  0,25 ё 1,0 шаҳодат аз он медиҳанд, ки ғунҷоиши конденсатор ҳамин қадар микрофарадаро ташкил медиҳад.

Конденсаторҳо доимӣ, тағйирёбанда, ҷӯршаванда ва электролитӣ мешаванд. Илова бар ин, онҳо аз ҳамдигар бо маводи диэлектрикии байни лавҳаҳояшон ва сохти берунияшон фарқ мекунанд. Конденсаторҳо ҳавоӣ, абракӣ, сафолӣ[21] ва ғ. намудҳо мешаванд. Татбиқи ин ё он намуди конденсаторҳо одатан дар санадҳои иловашуда ба нақшаҳои принсипиалӣ оварда мешавад. Намунаи баъзе конденсаторҳои доимӣ дар расми 1 оварда шудааст.

Расми 1. Намунаи баъзе конденсаторҳои доимӣ

Дар байни конденсаторҳои доимӣ мавқеи махсусро конденсаторҳои электролитӣ ишғол менамоянд. Яке аз намудҳои дигари конденсаторҳое, ки имрӯзҳо хеле маъмул гаштаанд, конденсаторҳои оксидӣ мебошанд. Номи ин гуна конденсаторҳо ба намуди диэлектрики истифодашуда дар сохти онҳо мувофиқат мекунад. Ингуна конденсаторҳо бо ғунҷоиши аз 5 то 4000 мкФ истеҳсол карда мешаванд.

Конденсаторҳои оксидӣ қутбнок мебошанд ва аз ҳаминсабаб дар нақшаҳои принсипиалӣ на танҳо ғунҷоиши конденсатор, балки қутбнокии он боаломати «+» ва ё «-» нишон дода мешаванд. Дар нақшаҳои принсипиалӣ инчунин шиддати максималие, ки конденсатор таҳти он шаддат  дар реҷаи мӯътадил кор карда метавонад, оварда мешавад. Масалан, навиштаҷоти 5,0×10 В гӯёи он мебошад, ки барои ин конденсатор, ки ғунҷоишаш 5 мкФ мебошад, шиддат аз 10 В бояд зиёд карда нашавад. Бояд қайд намуд, ки агар конденсатор бо ғунҷоиши монанд ва шиддати 50В, 160В ва аз ин ҳам зиёдтар гирифта шавад, аз ин тағйирот ба кори дастгоҳ халале намерасад. Конденсаторҳои оксидии беқутб низ истеҳсол карда мешавад, аммо, онҳо дар амалия хеле кам ба назар мерасанд. Конденсаторҳо бо таркиби танталӣ[22] низ вуҷуд доранд, ки бо мустаҳкамӣ (дарозумрӣ), устувории баланди тавсифҳои корӣ[23], устуворӣ ба баландшавии ҳарорат ва дигар хосиятҳои дигари хоси худ аз боқимонда конденсаторҳо тафовут доранд. Бо андоми зоҳирӣ на он қадар бузурги худ онҳо метавонанд ғунҷоиши калон дошта бошанд. Хате, ки дар танаи конденсаторҳои танталӣ барои ишора намудани қутбнокӣ тасвир шудааст, баръакси дигар конденсаторҳо қутби мусбӣ «+»-ро ишора менамояд, на ин ки қутби манфӣ «-»ро.

Намунаи баъзе конденсаторҳои электролитӣ дар расми 2 оварда шудааст.

Расми 2. Намунаи конденсаторҳои электролитӣ

Конденсаторҳои оксидӣ хосияти нохуше доранд, ки бо мурури замон ғунҷоишашон кам мешавад, яъне электролити таркибашон хушк мешавад. Ин боиси аз кор мондани бисёре аз дастгоҳҳои электронӣ мегардад.

 

ВОЖАНОМАИ ИСТИЛОҲОТ

[18]Абрак — слюда

[19]Ғунҷоиш — Ёмкость

[20]Ишораи шартӣ – Условное обозначение

[21]Сафолӣ — Керамический

[22] Тантал – элементи химиявӣ

[23]Тавсифҳои корӣ – Рабочие характеристики