Умумӣ

Компютер ва саломатии инсон

Ҳангоми кор бо компютери фардӣ ҷиҳати нигоҳ доштани саломатӣ техникаи бехатариро риоя намудан лозим аст. Фаромўш накунед, ки шумо бо таҷҳизоти барқӣ кор мекунед аз ин рў техникаи бехатариро ҳангоми кор бо он фаромўш накунед. Симҳои компютерро бемақсад накашед ва даст нарасонед, шояд он дорои симҳои урён бошад ва дар ин ҳолат қувваи барқ метавонад ба шумо таъсири манфӣ расонад. Гоҳ-гоҳ таҷҳизотҳоро бо латтаи намнок пок кунед ва дар вақти кор эҳтиёт шавед. Ҳангоми пок кардани монитор онро аз барқ ҷудо кунед. Ба экрани компютер тамоман даст нарасонед.
   Пешакӣ муайян кунед, ки компютератонро болои миз чӣ тавр бояд гузоред, зеро масофаи байни монитор ва чашми шумо бояд 70 – 75 сантиметрро ташкил диҳад.
Блоки системавӣ бояд дар ҷойи боэътимод гузошта шавад, то ки афтида ба поятон осеб нарасонад. Компютер бояд ҳаргиз наларзад ва наҷунбад, то ки ногаҳон дар болои даст ё поятон афтида намонад. Компютерро дар болои миз паҳлўи принтери ё мошинкаи механикии чопӣ нагузоред, чунки метавонад истифодабарандаро безуриёт намояд. Махсусан ба ҷойи гузоштани монитор хуб аҳамият диҳед. Ҳамчунин ҷойеро интихоб кунед, ки ба чашматон нури равшанӣ нарасад.

Пеш аз пайваст кардани компютер бо барқ донистан лозим аст, ки қувваи барқ чӣ гуна аст. Агар тавонед дар назди монитор як тӯбак гули кактусро гузоред, чунки вай радиатса ва таъсири нурҳои инфрасурху ултрабунафшро ба худ мегирад. Дар вақти кор бо компютер аз айнаки муҳофизатӣ истифода кунед. Баъди 30 даққиқаи кор ба чашмонатон доруи “Меновазин” чаконида 5 даққиқа истироҳат кунед. Дар назди компютер қомататонро рост гиред. Мусиқиро баланди бад нагузоред. Ба видео ё аксҳо аз наздик нанигаред. Ҳатман фосиларо риоя кунед. Инҳо беҳтарин тавсияанлд барои ҳифзи сиҳатии шумо. Худатонро солим нигоҳ доред, зеро ба ҷомеа лозимед.