Классикони сотсиологияи илмӣ.

а) ОгюстКонт – асосгузори илми сотсиология

Огюст Конт (1798 – 1857) сотсиолог ва файласуфи франсавӣ, дар илм ҳамчун асосгузори сотсиология ва фалсафаи позитивӣ этироф шудааст. Таълимоти позитивие, ки ў пешниҳод кард, бояд донишҳои илмиро аз фалсафаи содалавҳона ва теология озод мекард. Ба ақидаи ў илми ҳақиқӣ бояд аз масъалаҳои ҳалнопазире, ки онҳоро дар асоси далелҳо на рад ва на исбот кардан мумкин аст, даст кашад. Ба андешаи ў танҳо он илме дар амал фоида меорад, ки ҳуқуқи вуҷуд доштанро дорад ва ҷонибдори таҳқиқи пайвастагии далелҳои иҷтимоӣ мебошад. Ў кўшиш мекард, ки равиши ақлониеро барои омўхтани ҷомеа кор карда барояд, ки ба мушоҳида ва таҷриба асос ёбад.
Аз соли 1817 то соли 1824 Конт ҳамчун котиби Сен – Симон кор кардааст. Сараввал миёни онҳо муносибати хубу дўстона буд ва Конт дар асл яке аз иштирокчиёни мактаби сен – симонӣ ба ҳисоб меравад. Ў нисбат ба Сен – Симон ҳурмати беканор дошт ва бо ў ҳамкорӣ мекард. Вале оҳиста – оҳиста байни онҳо дар хусуси муаррифӣ ва пешқадамиҳо баҳс ба вуҷуд омада, муносибатҳояшон торафт бад шуда, дар охир канда мешаванд. Дар эҷодиёти О. Конт се марҳиларо ҷудо кардан зарур аст:
Марҳилаи якум (1819 – 1828), дар ин вақт ў шаш асарҳои барномавии «опускулҳо» – ро менависад. Баъдан, Конт ин асарҳояшро ҳамчун илова ба ҷилди IV – уми асари худ «Низоми сиёсати позитивӣ» (1854) бо мақсади нишон додани пайдарпайии ақидаҳои худ ворид менамояд. Дар ин асарҳо ғояҳоеро дарёфт кардан мумкин аст, ки дар як замон барои Сен – Симон хотимаи фаъолият буда, барои Конт нуқтаи оғозшавии фаъолият мебошанд.
Марҳилаи дуюм (1830 – 1842), дар ин вақт ў асари шашҷилдаи «Курси фалсафаи позитивӣ» – и худро омода ва нашр менамояд (ҷилдҳо дар солҳои 1830, 1835, 1838, 1839, 1841 ва 1842 нашр шудаанд).
Марҳилаи сеюм дар эҷодиёти Конт аз нимаи дуюми солҳои 40 – ум оғоз мешавад. Дар ин вақт ў чунин асарҳоро ба монанди «Ақидаронӣ (мулоҳизаронӣ) оиди рўҳи фалсафаи позитивӣ» (1844), чор ҷилд «Низоми сиёсати позитивӣ ва ё Рисолаи сотсиологии Дини Инсониятро таъсисдиҳанда» (1851 – 1854), «Катехизиси позитивӣ» (1852) ва «Синтези субъективӣ» – ро (1856) омода намуд. Дар он вақт Конт бештар нуқтаи назари «субъективӣ» ва усули «субъективӣ» – ро асоснок менамояд. Дар ин марҳила ў на ба сифати донишманд, балки чун ташфиқгар ва рўҳонии дини нав, муаллифи лоиҳаҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ ва ғайра, баромад мекунад.
Ба андешаи О. Конт сотсиология ягона илмест, ки барои ошкор кардани қонунҳои умумии инкишоф ва амалкунии ҷомеа, ки аз қонунҳои табиат ҷудонашавандаанд, равона шудааст. Кашфиётҳои худро сотсиология ба воситаи чор усул: мушоҳида, эксперимент, муқоиса ва усули таърихӣ амалӣ мегардонад. Ин гуна равишро позитивизм меноманд. Мафҳуми «позитивизм» – ро худи Конт дар панҷ маъно медид: ҳақиқӣ, фоиданок, дуруст, дақиқ ва ташкилкунанда.
Ба вуҷуд омадани сотсиологияро Конт на танҳо бо зинаи нави инкишофи ҷомеа, балки бо тамоми таърихи инкишофи илм алоқаманд медонист. Сотсиология дар асоси заҳматҳои наслҳои зиёди донишмандон ба вуҷуд меояд. Мувофиқи «қонуни таснифоти илмҳо», ки аз ҷониби Конт пешниҳод шуда буд, ҳар як илми вуҷуддошта барои ба вуҷуд омадани илми минбаъдаи нисбатан мураккаб замина мешавад. Дар ин таснифот аз поён ба боло (иерархия) илми математика, физика, биология ва сотсиологияро гузошт. Илми ба сотсиология нисбатан наздик ин биология аст. Онҳоро мураккабии предмети таҳқиқот ё низоми ягона наздик месозад.

Сотсиологияи позитивии Конт аз 2 таълимоти асосӣ иборат буд:
1. Статикаи иҷтимоӣ;
2. Динамикаи иҷтимоӣ.

Статикаи иҷтимоӣ муносибатҳои миёни институтҳои иҷтимоиро ошкор менамояд. Мувофиқи ақидаи Конт дар ҷомеа ба монанди ҷисм (организм) – и зинда қисмҳои алоҳида байни ҳам ҳамоҳанг шудаанд. Қонуни дохилии статикаи иҷтимоиро вай тартибот медонист. Барои таҳлили тартибот мафҳуми ҳамфикрӣ ва ҳамдигарфаҳмиро истифода мебурд.
Динамикаи иҷтимоӣ бошад ҷамъиятро дар тағйирот ва инкишоф меомўзад. Омўзиши динамикаи иҷтимоӣ зарур аст, чунки он ба ислоҳотҳо мусоидат менамояд ва барои таҳқиқи тағйиротҳои муқаррарие, ки ҳангоми пошхўрӣ ва ё аз нав ҷобаҷокунии сохтори иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, кўмак мерасонад. Қонуни дохили динамикаи иҷтмоӣ прогресс аст. Прогресс фақат барои ҷамъияти инсонӣ хос аст.
Инкишофи ҷомеа ба андешаи Конт ин натиҷаи «Қонуни се зина» мебошад. Конт чунин меҳисобид, ки инкишофи ҷомеа ин гузариш аз як зинаи инкишоф ба зинаи дигар аст: теологӣ, метафизикӣ, позитивӣ. Зинаи теологӣ то соли 1300 давом дошт. Дар ин зина тамоми зуҳуротҳо ҳамчун натиҷаи таъсири қувваҳои фавқуттабиӣ дида баромада мешуданд. Зинаи теологиро ў ба се марҳила ҷудо мекард: фетишизм, политеизм, монотеизм. Дар марҳилаи фетишизм инсонҳо ҳаётро ба тамоми ашёҳои гирду атроф алоқаманд медонистанд ва дар онҳо худоҳоро медиданд. Дар марҳилаи политеизм (Юнон ва Рими қадим) зуҳуротҳои табииро парастиш мекарданд. Марҳилаи монотеизм ин замони насрония мебошад. Аммо қонунҳои инкишофи ақлро манъ кардан номумкин аст ва онҳо низоми пешинаро аз байн мебаранд. Аз байн бурдани тартиботи кўҳна марҳилаи муайянро дар бар мегирад, ки Конт онро ҳамчун зинаи метафизикии инкишофи ҷомеа, яъне зинаи аз байн рафтани тартиботи пешинаи ҷамъиятӣ муайян намудааст. Зинаи метафизикӣ аз соли 1300 то 1800 давом дошт. «Рўҳи метафизикӣ» ин изҳори шубҳа, худхоҳӣ, вайроншавии ахлоқӣ ва бетартибии сиёсӣ мебошад. Ин ҳолати ғайримуқаррарии ҷомеа мебошад. Барои баргардонидани ҳолати муқаррарӣ ба ҷомеа идеологияи муттаҳидсозандае зарур аст, ки бо рафти инкишофи дониши илмӣ беҳтар шудан мегирад. Ин гуна дониш позитивизм мебошад. Барои ҳамин зинаи минбаъда позитивистӣ ном дорад. Дар ҷомеаи нав бояд ба ҷои худхоҳӣ ғамхорӣ (инсондўстӣ), баланд рафтани ҳисиётҳои иҷтимоӣ, мустаҳкам шудани тартибот ва сулҳи иҷтимоӣ, гузариш аз ҷомеаи ҳарбӣ ба низоми ташаккулёфтаи саноатӣ ба миён ояд. Аммо аз сабабе, ки дар он ҷиҳатҳои манфӣ боқӣ мемонанд, вазифаи илм тоза кардани онҳо аст.

б) Таълимоти сотсиологии Герберт Спенсер 

Герберт Спенсер (1820 – 1903) яке аз бузургтарин донишманди англис мебошад, ки таълимоти худро оиди таҳаввулоти иҷтимоӣ пешниҳод намуда, дар илми сотсиология саҳми бузург гузоштааст ва яке аз асосгузорони назарияи сотсиологии функсионалтизми сохторӣ шинохта шудааст. Спенсер нахуст маълумоти техникӣ гирифта, муддати даҳ сол ба ҳайси муҳандис кор кардааст. Сипас, бо роҳи худомўзӣ илмҳои сотсиология ва фалсафаро меомўзад. Мутафаккир дар доираи анъанаҳои сотсиологияи позитивӣ, инчунин аз рўйи назарияи Чарлз Дарвин назирияи таҳаввулотии ҷомеаро пешниҳод менамояд. Дар корҳои аввалини худ кўшиш менамуд, ки сотсиологияи Контро мукаммал гардонад. Дар асараш «Статикаи иҷтимоӣ» (1851) ҷудокунии предмети сотсиологияро ба статикаи иҷтимоӣ ва динамикаи иҷтимоӣ, ки аз ҷониби Конт пешниҳод шуда буд, қабул кард. Дар асоси ин, нуқтаи назари худро оиди «ҳолати иҷтимоӣ» – и инсоният ҳамчун ҳолати мувозинат ва ризоият (гармония ва консенсус), ки ҳангоми қонеъ гаштани талаботҳои фардҳо ба даст меояд, пешниҳод кард.
Г. Спенсерро дар илми сотсиология асосгузори равияи органикӣ меҳисобанд. Ў ҷамъиятро ба организми биологӣ монанд карда, қисмҳои алоҳидаи ҷомеа (давлат, масҷит, маориф ва ғ.) – ро бо узвҳои алоҳидаи организм (дил, системаи асаб ва ғ.) муқоиса менамояд. Ба ақидаи Спенсер ҳар як узв ба организми бутун ягон фоида меоварад ва вазифаи ҳаётан зарурро иҷро мекунад. Тағйиротҳо дар ҷамъият бе тағйирёбии қисмҳои он ва вазифаҳои иҷрокунандаи онҳо ба вуҷуд омада наметавонад. Дар ҳолате, ки тағйирот дар иқтисодиёт ба вуҷуд ояд, ин ба дигаргуншавии сохтори иҷтимоӣ оварда мерасонад, чунки синфҳои нав (масалан, соҳибкорон ва коргарони кироя) ба вуҷуд меоянд.
Г. Спенсер ҷомеаро бо организми биологӣ муқоиса карда, фарқиятро байни орагнизми биологӣ, ки дар он қисмҳо барои нигоҳдоштани организми бутун вуҷуд доранд ва организми иҷтимоӣ, ки ин ҷо организми бутун барои унсурҳои худ, яъне фардҳо вуҷуд дорад, нишон додааст. Ба ақидаи ў, қонуни асосии инкишофи иҷтимоӣ ин қонуни зинда мондани фардҳои нисбатан беҳтар мутобиқшуда ба ҳисоб меравад. Вазифаи интихоби табииро рақобати иқтисодӣ иҷро менамояд. Давлат бояд ба раванди интихоби табиӣ дахолат накунад ва аз фардҳои нисбатан камтар мутобиқшуда халос шудан зарур аст. Ин гуна ҳолат баъдтар номи «дарвинизми иҷтимоӣ» – ро гирифт. Спенсер зидди инқилоб буда, онро бемории организми иҷтимоӣ ҳисоб мекунад.
Ба ақидаи Г. Спенсер ҳамаи унсурҳои олам – ограникӣ, ғайри органикӣ ва берун аз органикӣ (иҷтимоӣ) майл ба таҳаввул доранд. мекунанд. Сотсиология бояд таҳаввули берун аз (боло аз) органикиро омўзад. Спенсер назарияи таҳаввулоти иҷимоиро пешниҳод намуда, ақида дошт, ки ҳама ҷомеаҳо зина ба зина инкишоф меёбанд. Спенсер таҳаввулотро ҳамчун як тамоюли умумии инкишоф таҳқиқ мекард, ки дар натиҷаи он ташаккулёбӣ ва мураккабшавии объектҳо, тафриқаи қисмҳои вазифаҳои гуногунро иҷрокунанда ва ҳамгироии қисмҳои онҳо ба як чизи бутун ва ягона табдил меёбанд. Вобаста ба ин, ў аз рўи дараҷаҳои мураккабӣ чор навъи ҷомеаҳоро ҷудо кардааст. Ҳамин тавр, ҷомеаҳо содда, мураккаб, дукарата мураккаб ва секарата мураккаб мешаванд.
Дар ҷомеаҳои содда муносибатҳо байни аъзоёни он аз муносибати миёни ҳайвонҳо қариб фарқе надоранд. Дар ҷомеаҳои мураккаб низоми идоракунии аз боло ба поён, тафриқабандии сохтори иҷтимоӣ ва тақсимоти меҳнат вуҷуд дорад. Дар ҷомеаҳои дукарата мураккаб дар соҳаи сиёсӣ ҳокимият нисбатан устувор ва ташаккулёфта аст. Ҳуқуқ аз дин ва анъанаҳо ҷудо карда шудааст. Дар ҷомеаҳои секарата мураккаб вазифаҳои давлат – ҳифзи аъзоёни ҷомеа аз хатари расонидани зарар ба якдигар ва нигоҳдоштани баробарҳуқуқӣ иборат мебошад. Ин ҷомеаҳои нисбатан тараққикардаи ҷаҳон ва ҷомеаҳои оянда мебошанд.
Г. Спенсер барои дар илм ворид шудан ва васеъ истифода шудани мафхуми «институти иҷтимоӣ» мусоидат намуд. Ба ақидаи ў, институтҳо ягонагии иҷтимоиро нигоҳ медоранд, чунки барои фардҳо рафтори аниқеро муайян менамоянд. Фардҳо аз рўи тартиботи институтҳо амал мекунанд, зеро маҳз институтҳо муҳимтарин талаботҳои одамонро қонеъ мегардонанд.

в) Таълимоти сотсиологии Эмил Дюркгейм

Эмил Дюркгейм (1858 – 1917) донишманди фаронсавиест, ки бо эҷодиёти илмиаш дар таърихи сотсиология нақши бузург гузоштааст. Ў аввалин шуда кўшиш кардааст, ки дар предмети махсуси омўзиши илмии сотсиология, яъне сохтори иҷтимоиро муайян намуда, асонок намояд. Барпошавии сотсиология ҳамчун илми мустақил ва фанни таълимӣ дар Авпупо бо номи Эмил Дюркгейм алоқаманд аст. Инчунин Дюркгейм асосгузори мактаби сотсиологӣ дар Фаронса мебошад, ки дар назди маҷаллаи созмондодаи ў – «Нашрияи солонаи сотсиологӣ» (1896 – 1913) ташкил шуда буд.
Мероси адабии Дюркгейм ин асарҳои: «Усули сотсиология», «Оиди тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ», «Худкушӣ. Рисолаи сотсиологӣ», «Сотсиологияи маориф», «Мулоҳизаҳои «воқеӣ» ва арзишӣ», «Фаҳмиши материалистии таърих», «Тасаввуротҳои фардӣ ва коллективӣ», «Педагогика ва сотсиология», «Сотсиология ва илмҳои иҷтимоӣ» ва ғайра мебошанд.
Ба ақидаи Дюркгейм сотсиология бояд воқеият (ҳақиқат) – и иҷтимоиеро, ки сифатҳои хоси худро дорад, омўзад. Унсурҳои воқеияти иҷтимоӣ далелҳои иҷтимоӣ мебошанд, ки дар маҷмўъ ҷомеаро ташкил медиҳанд. Далелҳои иҷтимоӣ ин воқеиятест, ки новобаста аз фард вуҷуд дошта, «қувваи маҷбурсозӣ» доранд (тарзи тафаккур, қонунҳо, урфу одат, забон, этиқод, низоми пулӣ). Далелҳои иҷтимоӣ предмети сотсиологияро ташкил медиҳанд. Ҳангоми омўзиши далелҳои иҷтимоӣ Дюркгейм истифода бурдани усули муқоисаро тавсия менамояд.
Масъалаи марказӣ дар эҷодиёти илмии Дюркгейм ин масъалаи ҳамфикрии иҷтимоӣ мебошад. Ў ба монанди Конт ва Спенсер ақида дошт, ки ҷомеа бояд ба консенсус асос ёбад. Низоъҳо на қувваи ҳаракатдиҳандаи инкишофи ҷомеаанд ва на аломати ҳаёти коллективона, балки онҳо аломати беморӣ ва бетартибии ҷомеа мебошанд. Дюркгейм ғояи Марксро оиди он ки «инқилоб ягона воситаи мувофиқи ҳал намудани низоъҳои иҷтимоӣ мебошад» – ро рад мекард.
Мувофиқи ақидаи Дюркгейм дар таърихи ҷомеаҳои инсонӣ ду навъи тақсимоти меҳнатро ҷудо кардан мумкин аст, вобаста ба ин ду навъи ҳамфикрӣ вуҷуд дорад. Навъи якум ин ҳамфикрии механикӣ, ки дар натиҷаи умумӣ будани этиқоду ҳиссиётҳо ба вуҷуд омада, одамон бо онҳое муносибатро нигоҳ медоранд, ки аз рўи тарзи ҳаёт ва фикрронӣ ба худи онҳо монанд бошанд. Дар ин намуди ҳамфикрӣ сатҳи пасти тақсимоти меҳнат (фардҳо дар иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ метавонанд якдигарро иваз кунанд) вуҷуд дорад, сохторҳои иҷтимоӣ на он қадар равшан тафриқабандӣ шудааст. Навъи дуюм ин ҳамфикрии органикӣ мебошад, ки дар натиҷаи ҷудокунӣ аз рўи намуди шуғл ба вуҷуд омада, одамон бо онҳое муносибат мекунанд, ки аз рўи тарзи ҳаёт ва фикрронӣ аз онҳо фарқ мекунанд, вале барои қонеъ гардонидани талаботҳояшон онҳо ба ин одамон ниёз доранд. Дар ин намуди ҳамфикрӣ бошад, тақсимоти меҳнат дар сатҳи нисбатан дигар ба роҳ монда шудааст. Ҳар як фард вазифаҳои касбӣ ва ҷамъиятии махсусро иҷро мекунад, ки аз рўи дараҷаи мушкилӣ аз ҷониби ҳамаи аъзоёни ҷомеа иҷро шуда наметавонанд. Ҳамфикрии механикӣ ва ҳамфикрии органикӣ ин ду паҳлўи ҳамгироии ҷомеа мебошанд, ки дар шакли шуури коллективӣ ва низоми вазифаҳо вуҷуд доранд.
Таълимоти ҳамфикрии иҷтимоиро Дюркгейм инчунин дар дигар асари машҳури худ «Худкушӣ» (1897) истифода бурдааст. Дар ин асар Дюркгейм фарқияти шумораи худкуширо дар давлатҳои гуногун, умумиятҳои гуногуни этникӣ ва динӣ, дар байни категорияҳои гуногуни демографӣ таҳқиқ карда, онро исбот карданӣ буд, ки ҷавоби ин танҳо сотсиологӣ буда метавонад. Ҳамин тавр, ў якчанд навъи худкуширо пешниҳод кард.
Сабаби худкушӣ аз дараҷаи ҳамгироии иҷтимоӣ, яъне ворид будани фард ба гурўҳҳо ва умумиятҳои иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Паст шудани дараҷаҳои ҳамгироии иҷтимоӣ ба боло рафтани шумораи худкушиҳои эгоистӣ (худпарастӣ) бурда мерасонад. Сабаби ин ба фардҳо таъсири суст доштани меъёрҳо иҷтимоӣ мебошад, ки риояи онҳо ҳаёти фардиро ба тартиб медарорад ва ба он маънои хоса медиҳад. Ба ақидаи Дюркгейм маҳз аз рўи дараҷаҳои ҳамгироии иҷтимоӣ худкушӣ дар шаҳр нисбат ба деҳот, дар байни нафарони танҳо нисбат ба нафарони оиладор, дар байни протестантҳо нисбат ба католикҳо зиёдтар аст. Аз ҳад зиёд будани дараҷаи ҳамгироии иҷтимоӣ ба боло рафтани шумораи худкушиҳои алтруистӣ (ғайркомӣ) бурда мерасонад, чунки фардият дар шуури коллективӣ фурў меравад (манфиатҳои ҷомеа (гурўҳи иҷтимоӣ) аз манфиатҳои фард боло меистад). Навъи сеюми худкушӣ ин худкушии аномиягӣ мебошад. Дар рисолаи «Оиди тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ» Дюркгейм аномияро ҳамчун номуайянии меъёрҳо маънидод карда буд. Набудани самт ва қоидаҳои мушаххаси рафтор ба зиёд шудани ҳисси бегонашавӣ аз ҷомеа ва ба паҳн шудани рафторӣ низоъҷўёна ва худвайронкунӣ (ҳатто то ба худкушӣ) бурда мерасонад.

г) Таълимоти сотсиологии К. Маркс

Карл Маркс (1818 – 1883) яке аз бузургтарин ва машҳуртарин донишманди илмҳои ҷамъиятии асри XIX мебошад. Маркс дар Олмон дар оилаи адвокат ба дунё омадааст. Баъд аз хатми гимназия шаҳри Трир соли 1835 Маркс аввал дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи Боннск таҳсил кард ва баъд дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи Берлин, ки он ҷо ба омўзиши ҳуқуқ, таърих ва фалсафа машғул шуд. Дар ин вақт ў аъзои «Клуби докторӣ» мешавад, ки аъзоёни он клуб ҷавонони қатъиян омодашудаи гегелистони ҷавон буданд. Иштирок кардан дар мубоҳисаҳои ин ҷамомад ба услуби шуурронии ў таъсири зиёд расонд. Ў аз сабаби ақидаҳои сиёсии худ дар як шаҳр ё мамлакат муддати зиёд зиндагӣ карда наметавонист. Ҳамин тавр, Маркс дар шаҳрҳои зиёди аврупо зиндагӣ карда, ба фаъолияти илмӣ, публитсистӣ ва ташкилотчигӣ, ки бо ҳаракати коргарон алоқаманд буд, сару кор дошт.
Аз рўи таълимоти марксистӣ сохти ҳар як ҷамъиятро воситаҳои истеҳсолоти моддӣ ташкил медиҳанд, яъне Маркс тарафдори фаҳмиши материалистии таърих буд. Фаҳмиши материалистии таърих ҷамъиятро ҳамчун организми иҷтмоӣ, низоми ягонаи иҷтимоӣ меҳисобад ва сарчашмаи тараққиёту инкишофи ҷамъиятро дар худи дохили ҷамъият мебинад .
Дар фаҳмиши ҷомеа Маркс нисбат ба Конт ва Дюркгейм равиши тамоман дигарро интихоб карда буд. Агар Конт ва Дюркгейм тарафдори ҳолати мўътадилии ҷомеа буданд, пас Маркс тарафдори аз байн бурдани ҷомеаи куҳна ва ба ивази он ба ҷомеаи наву боадолатона буд. Маркс роҳи инқилобии тағйироти ҷомеаро тарафдорӣ менамуд. Инчунин ў асосгузори назарияи низоъ мебошад, низоъ ва зидиятҳоро ҳамчун омили асосии тағйиротҳои иҷтимоӣ ва қувваи пешбарандаи таърих меҳисобад.
К. Маркс ба чунин паҳлўҳои манфии капитализм, ба монанди истисмори инсон за тарафи инсони дигар, қашоқшавии оммаи халқ ва зиёдшавии ҷинояткорӣ диқати махсус медод. Ба андешаи ў дар доираи капитализм ин зуҳуротҳоро аз байн бурдан номумкин аст, чунки капитализм ба монанди ғуломдорӣ ва феодализм сохти антагонистӣ мебошад. Дар он ҷомеаҳое, ки синфҳо вуҷуд доранд антагонизм вуҷуд дорад, яъне як синф ҳамеша синфи дигарро истисмор мекунад, аз ҳисоби қувваи кории онҳо зиндагӣ мекунад .
Дар сохти капитализм маблағе, ки ба сифати қувваи корӣ дода мешавад, аз арзиши қувваи кории сарфшуда чанд маротиба кам аст, бинобар ин зидиятро миёни синфи истисморкунанда ва истисморшаванда дар доираи ин сохт аз байн бурдан номумкин мебошад. Синфе, ки соҳиби сарват аст, ҳеҷ гоҳ намехоҳад сарвати ҷамкардаи худро аз даст диҳад. Синфе, ки ин гуна сарватро надорад, кўшиш мекунад соҳиби сарват шавад. Муборизаи миёни синфҳоро омўхта, Маркс ба чунин хулоса омад, ки истисморро ба воситаи ислоҳоти ҷомеа аз байн бурдан номумкин аст. Истисморро танҳо бо воситаи барҳам додани ҷомеаи синфӣ ва ба ҷои он ташкил кардани ҷомеаи баробари бесинф бартараф намудан мумкин аст.
Асарҳои К. Маркс, ки дар сотсиология аҳамияти хоса доранд, инҳоянд: «Манифести партияи коммунистӣ», «Капитал» (Сармоя), «Муборизаи синфӣ дар Фаронса аз соли 1848 то соли 1850», «Оиди танқиди иқтисоди сиёсӣ. Сарсухан».

д) Таълимоти сотсиологии Макс Вебер

Макс Вебер (1864 – 1920) асосгузори сотсиологияи фаҳмиш ва назарияи амали иҷтимоӣ мебошад. Ў ҳамватани Маркс буда, дар як замон бо Дюркгейм ҳаёт ба сар бурдааст. Нисбат ба Дюркгейм, ки вазифаи асосии сотсиологияро таҳқиқи сохторҳои ҷамъиятӣ (таҳлили функсионалӣ – сохторӣ) меҳисобид, Вебер диққати асосиро ба таҳқиқи сабабу мақсади фаъолият ва рафтори инсон ва ё гурўҳ равона мекард. Ба ақидаи Вебер фаъолияти шахсони алоҳида ва ё гурўҳ аз тарафи муносибатҳои иҷтимоӣ ва сохтори иҷтимоӣ пешакӣ муайян нашудаанд, балки онҳо мулоҳизакорона ва мустақилона мебошанд. Натанҳо ҷомеа ба инсон (гурўҳ) таъсир мерасонад, балки инсон низ мақсаду манфиатҳои худро пеш гирифта, дидаю дониста бо дигар инсонҳо муносибат мекунад, ки дар натиҷа воқеияти иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд .
Муҳимтарин асарҳои Вебер «Ахлоқи протестантӣ ва рўҳи капитализм», «Оиди баъзе категорияҳои сотсиологияи фаҳмиш», «Сиёсат ҳамчун ҳунар ва касб», «Илм ҳамчун касб», «Ахлоқи хоҷагидории динҳои ҷаҳонӣ», «Таърихи аграрии дунёи қадим», «Хоҷагидорӣ ва ҷомеа» ва «Оид ба ҷомеаҳои тиҷоратӣ дар асрҳои миёна» ба ҳисоб мераванд.
М. Вебер ба истилоҳоти сотсиологӣ мафҳуми типи идеалиро ворид кардааст. Типи идеалӣ ин мафҳуми сунъӣ ва мантиқан сохташуда мебошад, ки имкон медиҳад нишонаҳои асосии ҳирқа (феномен) – и иҷтимоии омўхташаванда ҷудо карда шавад. Ў мегуфт, ки чунин сохтаҳои назариявӣ (теоретические конструкты) ба монанди «капитализм», «калисо», «хоҷагидорӣ» ва ғ. асоси фаҳмидашавандагии амали инсонҳо ва ҳодисаҳои таърихиро ташкил медиҳанд. Чунин мафҳумҳо ба монанди «синф», «давлат», «ҷомеа» ин мафҳумҳои сохташудаанд. Типии идеалӣ дар асоси хулосабарориҳо на аз назариясозии абстрактӣ, балки аз олами воқеии таърихи иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.
Ба андешаи М. Вебер дар интихоби усули таҳқиқотӣ танҳо ба як омори иҷтимоӣ умед кардан на он қадар дуруст аст. Омори иҷтимоӣ ин қадами аввали таҳқиқотчӣ аст. Қадами дуюм, ин ҷустуҷўи омилу сабабҳо мебошанд, ки алоқаҳои дохилии зуҳуротҳоро ошкор сохта метавонанд. Омор ва омўзиши сабабҳои рафтори инсонӣ ин қисмҳои якдигарро пурракунандаи таҳқиқоти сотсиологӣ ҳастанд. Ин аст мағзи усули илмие, ки М. Вебер кор карда баромадааст ва минбаъд ин усул номи «сотсиологияи фаҳмиш» – ро гирифт. Аз нигоҳи Вебер, сотсиология бояд он маъноҳоеро омўзад, ки инсонҳо ба амалҳои худ медиҳанд. Барои ҳамин Вебер мафҳуми «фаҳмиш» – ро ворид мекунад, ки дар усули тадқиқотии ў маънои мустақилро пайдо кардааст. Аммо ин сабабҳо ва маъноҳои рафторҳои инсонҳоро, ки мо онҳоро дида наметавонем, чи хел муайян кардан мумкин аст? Донишманд фикран худро бояд ба ҷои шахси омўхтаистодааш гузорад ва муайян кунад, чаро ў маҳз ин хел рафтор кард ва кадом мақсадҳоро пеш гузошта буд. Амалҳои воқеиро мушоҳида карда, сотсиолог дар асоси мативҳои дохилии иштирокчиёни он бояд сабабҳои ба вуҷуд омадани онро муайян намояд.
Ҳамин тавр, М. Вебер ба назарияи амали иҷтимоӣ наздик мегардад. Ин яке аз мафҳумҳои марказӣ дар сотсиологияи Вебер аст, ки худи ў онро чунин шарҳ медод: «Амал» гуфта мо чунин рафтору кирдори инсонро меномем, ки фарди алоҳида ва ё фардҳо ба он маънои субъективӣ медиҳанд. Амали иҷтимоӣ гуфта чунин амалеро меноманд, ки аз рўи маънои ба он додаи иштирокчиён ба амали дигар одамон алоқаманд буда, ба онҳо равона шудааст.
Вебер чор типи идеалии амали иҷтимоиро пешниҳод менамояд: мақсаднокӣ – ақлонӣ, арзишӣ – ақлӣ, ананавӣ, аффектӣ. Танҳо ду амали иҷтимоӣ – «мақсаднокӣ – ақлонӣ» ва «арзишӣ – ақлӣ» – ро ў ба сотсиология алоқаманд дониста, онҳоро бошуурона меҳисобид. Дутои дигари амали иҷтимоӣ набояд ба предмети сотсиология ворид шаванд, чунки инсон онҳоро автоматӣ аз рўи анъана ва ё бешуурона аз рўи ҳиссиёт иҷро мекунад.
Вебер назарияи бюрократияи идеалиро кор карда баромадааст, ки ба ақидаи ў бояд хусусиятҳои зеринро дошта бошад:

1) Тақсимоти меҳнат ва тахассусгардонӣ;
2) Зинабандии аниқу муайяни ҳокимият;
3) Дараҷаи баланди расмиятчигӣ;
4) Характери расмӣ;
5) Ба нақша гирифтани дастовардҳои шахсии
6) Ҷудо намудани ҳаёти шахсӣ аз фаъолияти меҳнатӣ;
7) Тартиботу интизоми корӣ

Дар асарҳояш ў қариб ҳамаи назарияҳоеро, ки имрўз асоси сотсиологияро ташкил медиҳанд кор карда баромадааст. Ба монанди таълимот дар бораи амали иҷтимоӣ ва иштиёқмандӣ (мотиватсия), тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, бегонашавӣ, касб ҳамчун истеъдод, асосҳои сотсиологияи дин, сотсиологияи шаҳр, сотсиологияи иқтисодиёт ва сотсиологияи меҳнат, инчунин назарияи бюрократия, таълимоти табақабандии иҷтимоӣ ва гурўҳҳои иҷтимоӣ, асосҳои сиёсатшиносӣ ва институти ҳокимият, таълимот дар бораи таҳаввуллоти капитализм, институти моликияти хусусӣ ва ғайра . Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки саҳми Вебер дар сотсиология бениҳоят бузург аст.

е) Низоми сотсиологии Вилфред Парето

Вилфред Парето (1848 – 1923) яке аз намоёнтарин назариётячии илмҳои ҷамъиятии Итолиё дар ибтидои асри ХХ ба ҳисоб меравад. Аввалин асарҳои илмии Парето ба омўзиши иқтисодиёт бахшида шуда буд. Дар таърихи илм ў ҳамчун иқтисодчӣ ҷои намоёнро соҳиб аст. Бузургтарин асари Парето ин «Рисолаи умумисотсиологӣ» ба ҳисоб меравад, ки дар он назарияҳои сотсиологии ў оварда шудаанд. Парето ин асари худро аз соли 1907 то соли 1912 навиштааст, ки яке аз асарҳои классикӣ дар сотсиологияи назариявии аврупо маҳсуб мешавад.
Сарчашмаҳои ҷаҳонбинии сотсиологии Парето гуногунанд. Ба ў таҷрибаи гирифтааш аз муҳандисӣ, иқтисодиёт ва риёзиёт, ки бо маълумотҳои аниқ сару кор доштанро одат карда буд, таъсири зиёд расонидааст. Инчунин, таъсири дигар соҳаи донишҳои иҷтимоӣ ва ёрирасонро ба ҷаҳонбинии сотсиологии ў мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳамин тавр, таъсири таълимоти Никколо Макиавеллӣ, инчунин дарвинизми иҷтимоӣ, психологияи «гувоҳи дил» – и Г. Лебон ва Г. Тард, мактаби криминологии итолиёгӣ ва ғайраро номбар кардан зарур аст.
Парето нисбати назарияҳои Маркс нигоҳи манфӣ дошта, Марксро ҳамчун яке аз идеологияҳо меҳисобид. Бо вуҷуди ин, ў дониши илмии материализми таърихӣ ва таълимоти муборизаи синфии марксистиро этироф мекард. Аз нуқтаи назари ў, муборизаи синфӣ бояд васеътар шарҳ дода шавад, чунки он дар тўли таърихи инсоният ҷой дошт ва бо аз байн рафтани низоъ миёни «қувваҳои корӣ ва сарватмандон» низои синфӣ аз байн намеравад .
Парето усули тадқиқотии мантиқӣ – санҷиширо пешниҳод кардааст. Ба ақидаи ў, сотсиология ба монанди физика, кимиё ва ситорашиносӣ бояд илми аниқ бошад. Дар тадқиқотҳои сотсиологӣ танҳо аз мулоҳизаҳои дар таҷриба асоснокшуда истифода бурдан зарур аст ва ҳангоми аз мушоҳида ба натиҷабарорӣ гузаштан қоидаҳои мантиқиро риоя кардан ҳатмист. Ба назария ворид кардани унсурҳои ғоявӣ номумкин аст, зеро ки ин ба нодуруст ва хато шудани далелҳо оварда мерасонад.
Низоми сотсиологии Вилфред Парето дар асоси назарияи амали ғайримантиқӣ ташкил шудааст. Мувофиқи ақидаи Парето кисми зиёди амалҳои инсоние, ки таърихро ташкил медиҳанд, амалҳои ғайримантиқӣ мебошанд. Фард ин ё он хел амал барои он мекунад, ки нишондодҳои психологиро соҳиб аст ва ҳиссиёти муайянеро аз сар мегузаронад. Ин ҳиссиётҳо ба воситаи далелҳои қалбакие, ки моҳияти ҳамаи назарияҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд, пинҳон карда мешаванд.
Ҳолати гуногун тақсим шудани ҳар хел «бақияҳоро» (остатков) дар синфҳои ҷамъиятии гуногун эълон намуда, Парето назарияи элитаҳо (нухбаҳо) – ро, ки табиатан асоснок карда буд, ташаккул дод. Аз рўи ин назария, нишонаи асосии ҳамаи ҷомеаҳои инсонӣ ҷудокунии онҳо ба элитаҳо ва ғайриэлитаҳо мебошад. Устуворшавӣ ва таназулли минбаъдаи элитаҳо ва «гирдгашти» онҳо қувваи пешбарандаи инкишофи ҷамъиятӣ буда, дар асоси ҳамаи ҳодисаҳои таърихӣ ҷой доранд. Ҳамин тавр, фардҳое, ки аз таваллуд соҳиби «бақияҳо» – и махсус ҳастанд, истеъдоди манипулятсия кардани оммаро бо ёрии маккорию фиреб ва ё қобилияти истифода бурдани маҷбурнамоию зурӣ доранд. Ин маҳоратҳо шаклҳои идоранамоиро муайян мекунанд, ки дар натиҷаи таназулли элитаҳои ба харобшавӣ бурдаистода, барои иваз намудани якдигар меоянд. Агар элита ин таназулро ба воситаи пур кардани ҳайати худ аз ҳисоби синфҳои поёние, ки «бақияҳо» – и мувофиқро барзиёд доранд, сари роҳашро нагиранд, пас инқилоб бавуҷуд меояд. Ба андешаи Парето инқилоб ин иваз кардани ҳайати элитаи ҳукмрон аст. Тағйироту ҳаракати ҷомеа бо «гирдгашти элитаҳо» вобаста аст .
Парето ҷомеаро ҳамчун низоми дар ҳолати муътадилияти динамикӣ қародошта меҳисобид ва андеша дошт, ки «бақияҳо», идеологияҳои гуногун ва инчунин гуногунрангии иҷтимоӣ қисмҳои ин низом мебошанд.

Likes:
0 0
Views:
99
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply