Умумӣ

Инкишофи сотисология дар Россия.

Ташаккулли сотсиология ин натиҷаи фаъолияти эҷодии донишмандони мамлакатҳои гуногун мебошад. Сотсиология ҳама вақт аз мактабҳо ва равияҳои гуногун иборат буд, ки ба онҳо хусусиятҳои мамлакатҳо ва анъанаҳои миллӣ таъсири зиёд мерасонданд. Сотсиология дар Русия бо назардошти хусусиятҳои анъанаи миллӣ ва он вазъияте, ки аз барҳам додани ҳуқуқи крепосноӣ (соли 1861) ба вуҷуд омада буд, ташаккул меёфт. Ташаккули сотсиологияро дар Русия мутафаккирон ба се марҳила ҷудо менамоянд:

1. Марҳилаи якум аз нимаи асри XIX то солҳои 1918 – уми асри ХХ;
2. Марҳилаи дуюм аз солҳои 1920 то солҳои 1950 – ум;
3. Марҳилаи сеюм аз аввали солҳои 1960 то ба имрўз.
Марҳилаи якум бо эҷодиёти иҷтимоии мутафаккирони рус, мисли Лавров П.Л. (1823 – 1900) ва Михайловский Н.К. (1822 – 1904) алоқаманд аст. Ақидаҳои иҷтимоие, ки онҳо кор карда баромада буданд, номи сотсиологияи субъективиро гирифт. Ғояҳои асосии ин равия дар «Мактубҳои таърихӣ» – и Лавров П.Л. (1870) инъикос ёфтаанд. Ба монанди О. Конт, Г. Спенсер ва Э. Дюркгейм дар маркази диққати сотсиологияи субъективӣ кор карда баромадани таълимот дар бораи ҷомеа, ошкор сохтани қонуниятҳо ва самти ташаккули онҳо қарор гирифта буд. Намояндагони сотсиологияи субъективӣ ба коркарди назарияи прогрессии ҷамъиятӣ аҳамияти хоса медоданд.
Ба андешаи Лавров моҳияти тараққиёти ҷамъият дар тағйир додани фарҳанг ва анъанаҳо ифода меёбад, ки ба шахшуда мондани ҷамъят бурда мерасонанд Роҳи ягонаи амалӣ гардонидани чунин нақша ин ҳаракати таърихӣ аст, ки ба воситаи ақидаи танқидӣ амалӣ мегардад. Аз сабаби он, ки ақидаҳо танҳо ба воситаи фаъолияти шахс амалӣ мегарданд, қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи тарақиёти ҷамъиятро низ шахсони дорои шуурронии танқидӣ ташкил медиҳанд.
Шахсият дар таълимоти сотсиологони субъективӣ натанҳо ба ҳайси қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа баромад мекунад, балки ҳамчун тадбири тараққиёти ҷамъиятӣ низ баромад менамоянд. Ба андешаи сотсиологони субъективӣ ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият танҳо дар доираи сотсиализм мумкин аст ва дар доираи сотсиализм озодӣ, баробарӣ ва боадолати иҷтимоӣ амалӣ гардонида мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки таълимоти сотсиалистии сотсиологияи субъективӣ аз таълимоти сотсиалистии марксистӣ ва сотсиализме, ки дар мамлакатҳои собиқ шўравӣ амалӣ гардонида шуда буд, фарқи калон дошт. Ҳамин тавр, Лавров П.Л., Михайловский Н.К. ва дигар ҷонибдорони равияи субъективии сотсиология ба кор карда баромадани роҳи сотсиалистии Русия диққати хоса медоданд .
Ғояҳои сотсиологияи субъективии Лавров ва Михайловский дар корҳои таърихшинос ва сотсиологи рус Кареев Н.И. (1850 – 1931) давом ёфтанд. Ин марҳила инчунин бо номи як қатор донишмандон аз қабили Петражитский Л.И. (1867 – 1913) (равияи психологӣ дар Русия), Де Робертӣ Е.В. (1843 – 1915) (психологияи иҷтимоӣ), Ковалевский М.М. (1851 – 1916) ва дигарон алоқаманд аст.
Марҳилаи дуюм. Баъд аз инқилоби соли 1917 сотсиология ҳамчун илм ва фанни таълимӣ мавқеи худро дар Русия устувор кард. Дар муддати чанд моҳ рисолаҳои машҳури илмӣ, мақолаҳои сотсиологӣ дар рўзнома ва маҷаллаҳо аз чоп баромаданд. Аз соли 1917 чопи адабиёти дарсӣ аз фанни сотсиология оғоз мешавад ва ҳамзамон доираи муассисаҳои таълимие, ки дар он ҷо омўзиши сотсиология ба роҳ монда шуда буд, зиёд мегарданд. Соли 1920 дар донишгоҳи Петроград дар назди факултети илмҳои ҷамъиятӣ якумин шўъбаи сотсиология созмон дода шуд. Ташкилкунанда ва аввалин роҳбари он Сорокин П.А. гардид. Дар соли 1922 донишмандони машҳури илмҳои фалсафа, сотсиология ва иқтисодиёт аз давлат ронда шуданд. Дар байни онҳо Сорокин П.А., Струев П.Б., Бердяев Н.А. ва дигарон буданд.
Питирим Александрович Сорокин (1889 – 1968) машҳуртарин сотсиологи русу амрикоӣ мебошад. Аз рўи саҳми дар сотсиологияи ҷаҳонӣ гузоштааш ўро ба қатори М. Вебер, В. Паретто ва дигар сотсиологони машҳур ворид кардан мумкин аст. Баъд аз муҳоҷират дар Амрико ў омўзгори фанни сотсиология, президенти ассотсиатсияи сотсиологони Амрико, профессор ва декани факултети сотсиологияи донишгоҳи Гарвард гардид. Асари ў «Динамикаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» (1937) яке аз беҳтарин асар дониста шуда буд. Асари дигари ў «Ҷойивазкунии иҷтимоӣ» асари классикии ҷаҳонӣ гардид. Дар ин асар Сорокин мафҳумҳои ҷойивазкунии амудӣ ва ҷойивазкунии уфуқиро дида баромадааст. Ҷойивазкунии амудӣ ин тағйир додани мавқеъи иҷтимоӣ, «ҳаракат ба боло ва ё ба поён дар зинаи иҷтимоӣ аст». Ҷойивазкунии уфуқӣ ин тағйир додани ҷои зисти худ бе тағйир ёфтани мавқеи иҷтимоӣ, яъне муҳоҷират кардан аст. Дар ҷомеаҳои гуногун ин ҳаракат аз рўи шакл ва суръат фарқ мекунад. Инчунин П. Сорокин асогузори назарияи табақабандӣ ба шумор меравад. Шарҳи мухтасари ин назария дар осори илмии ў «Инсон, тамаддун, ҷомеа» оварда шудааст .
Дар солҳои 30 – уми асри ХХ сотсиология ҳамчун илми «буржуазӣ» эълон гардид, баъзе аз донишмандони ин соҳа ҳабс шуданд, қисми дигар мамлакатро тарк намуда ба Аврупою Амрико муҳоҷират намуданд. шуданд. Дар солҳои 30 – уми асри ХХ марксизм ҳамчун идеологияи ҷамъиятӣ мустаҳкам гардид. Сотсиология як шохаи фалсафа эълон гардида, «материализми таърихӣ» ба ҷои сотсиология қабул карда шуд.
Марҳилаи сеюм аз охирҳои солҳои 1950 ва ибтидои солҳои 1960 оғоз мешавад. Дар ин давра тадқиқотҳои сотсиологӣ дар масалаи омўзиши таъсири прогреси илмӣ – техникӣ ба сохтори иҷтимоӣ ва касбии коргарон, инчунин дар бобати муносибати онҳо ба меҳнат гузаронда шуданд. Инчунин дар ин вақт «банақшагирии иҷтимоӣ», омода сохтани нақшаҳои ташаккули иҷтимоӣ ва иқтисодии корхонаҳои саноатӣ, колхозҳо, савхозҳо ва баъзеи шаҳрҳо авҷ гирифт. Дар рафти ин таҳқиқотҳо маводҳои зиёд ба даст оварда шуд ва тарзи гузаронидани таҳқиқот аз ҷониби гурўҳи васеи сотсиологони худомўз аз бар карда шуданд.
Аз солҳои 60 – ум саркарда сотсиология мавқеи аз даст додаи худро баргардонидан гирифт. Дар мобайнҳои солҳои 60 – ум аввалин муассисаҳои сотсиологӣ – шўъбаи таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар институти фалсафаи АИ СССР ва лабораторияи таҳқиқотҳои сотсиологӣ дар назди донишгоҳи Ленинград ташкил карда шуданд. Соли 1962 ассотсиатсияи сотсиологони Советӣ созмон дода шуд. Дар соли 1964 дар факултети фалсафаи МГУ кафедраи таҳқиқотҳои сотсиологӣ ташкил шуд. Аз соли 1974 – ум маҷаллаи «Социологические исследования» (Таҳқиқотҳои сотсиологӣ) фаъолияти худро оғоз намуд. Соли 1988 дар донишгоҳҳои Москва, Ленинград, Свердловск ва Киев факултетҳои сотсиологӣ ташкил шуданд . Айни ҳол дар Русия як қатор марказҳои таҳқӣқотҳои сотсиологӣ амал мекунанд, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ таҳқиқотҳои амалию назариявӣ мегузаронанд.

Leave a Reply