- Ҳамсафари нобино шудӣ, як чашматро бипўш.
- Мо ҳафт бародар будем; баъзеашон мурданду мурданд, ҳафт кас шудем.
- Дар ҷойҳои худӣ одамро ҳурмат мекунанд, дар ҷойҳои бегона – пўстини мўинаи одамро.
- Барои мардум – коргар, барои хонавода – писар.
- Ҷое, ки мардҳо бисёранд, он ҷо ҳезум намеёбӣ; ҷое, ки занҳо бисёранд – об нест.
- Диҳӣ – мегирӣ, коштӣ – медаравӣ.
- Барои якрўза зиёфат чил рўз ташаккур бояд гуфт.
- Шутуркуш аз бузкуш гўшт пурсидааст.
- Аз як дона гандум атола пухта намешавад.
- Касе, ки сараш дард намекунад, чи парво дорад.
- Вақте ки бургут11 пир шавад, муш шикор мекунад.
- Ҷое, ки саг нест, хук аккос мезанад.
- Кадом ангуштро нагазӣ, як хел дард мекунад.
- Касе, ки худаш афтид, гиря намекунад.
- Касе, ки оҳиста роҳ равад, хеле дур меравад.
- Зоғ ҳар куҷое набошад, бадтар аз шоҳин аст.
- Чархҳои пеши ароба куҷое, ки раванд, чархҳои қафои он низ аз пасаш мераванд.
- Модари роҳ – сумҳо, модари гуфтугў – гўшҳо.
- Ман зўрам, магўй, ки ба одами зўртар бармехўрӣ.
- Шахси хушрўй зебо нест, шахси дўстдошта зебо аст.
- Қасоси сагро аз турна магир.
- 11 Бургут – боша, паррандаи соҳибчангол
- Аз дасти одами бад оби ҳаёт диҳад ҳам манўш.
- Одами бафурҷа (бешитоб) бо ароба ҳам харгўшро дастгир мекунад.
- Сўзиши сухан дардноктар аз сўзиш дар оташ аст.
- Ба одами бад некӣ кунӣ, қадарашро намедонад; ба одами нек бадӣ кунӣ, фаромўш намекунад.
- Риши сафедшуда дигар сиёҳ намешавад.
- Нури чароғ ба танаш намефтад, хубиҳои инсон ба наздиконаш наменамояд.
- Тухми имрўз беҳ аз мурғи фардо.
- Ба мурғи кўр ҳама чиз дона аст.
- Аз гап гап мебарояд, агар хомўш истӣ, аз куҷо он барояд.
- Сухане хуб аст, ки кўтоҳ бошад.
- Пир дар байни ҷавонон нодон мешавад, ҷавон дар байни пирон – доно.
- Бори шутури аз ҳама охир вазнин аст.
- Душмани хуб беҳтар аз хеши бад.
- Ба одами бад некӣ макун.
- Ба дег ҳар чӣ дарояд, ба қошуқ ҳамон мебарояд.
- Забон бе устухону фикр бепоён аст.
- Кўдакон баъд аз сари падар не, баъд аз сари модар ятим мешаванд.
- Оштӣ хуш аст, махсусан баъд аз ҷанг.
- То шаб нашавад, қадри моҳро намедонанд.
- Ҳам шарики дузду ҳам рафиқи қалъабон.
- Меваи расидаро начинӣ, меафтад.
