Умумӣ

Зарбулмасалу мақолҳои гурҷӣ

 

  1. Гуреза ҳам худо мегўяду таъқибкунанда ҳам..
  2. Серҷоғ аз муомила бо гунг хаста шуд.
  3. Дарди ангуштро дил ҳис мекунад, аммо дарди дилро ҳеҷ кас.
  1. Дарахти калон шамоли сахтро дўст медорад.
  2. Гургро гургона қабул куну рўбоҳро рўбоҳона.
  3. Душмане, ки аз пеш истодааст, беҳтар аст аз дўсте, ки аз ақиб истодааст.
  1. Агар зан интихоб кунӣ, ба гўшҳои худат эътимод кун, на ба чашмон.
  1. Ҳар ҷое, ки гўш намекунанд, он ҷо ҳақиқат гум мешавад.
  2. Ҷое, ки муҳаббат нест, хурсандӣ нест.
  3. Сухани ширин дарвозаи оҳанинро мекушояд.
  4. Бисёр дудила шавӣ, тарс ҳуҷум мекунад.
  5. Дўстӣ ва душманӣ – хоҳарони якдигар.
  6. Агар ба ҳамаи чоҳҳо туф кунем, пас аз куҷо об мегирем?
  7. Агар чизи нолозимро харӣ, ба зудӣ ягон чизи даркориро мефурўшӣ.
  1. Агар тақдир афтидан аст, беҳтар аст аз болои асп афтӣ, на аз болои хар.
  1. Агар дар қаиқ нишастӣ, бо қаиқрон баҳс накун.
  2. Оҳан дар оташ обутоб меёбад, одам дар мўҳтоҷӣ.
  3. Офтоби ғурубкунанда ба моҳтоби тулўъкунанда каҷ-каҷ менигарад.
  1. Он касе, ки танҳо барои худаш нек аст, низ одами бад ҳисоб мешавад.
  1. Шукўҳи якумрӣ ҳам ба дили одам мезанад.
  2. Попи сер аз гурги гурусна ҳам бадтар аст.
  1. Шахси пешрав пулест барои одамони аз қафо оянда.
  2. Бо доштани риши дароз буз худро поп пиндоштааст.
  3. Санг дар ҷояш вазнин аст, ҷумбондӣ – сабук мешавад.
  4. Вақте ки гуруснагӣ меояд, шарм меравад.
  5. Қалъаро аз дарун фатҳ мекунанд.
  6. Касе, ки ба офтоб ифлосӣ мепартояд, он ба сари худаш меояд.
  1. Касе, ки ба умеди ҳамсоя мешинад, бе хўроки шом мемонад.
  1. Касе, ки роҳи корро намедонад, барои ў кор тамомшавӣ надорад.
  1. Касе, ки сирри худро нигоҳ дошта наметавонад, аз вай ҳоким намебарояд.
  1. Касе, ки сабр мекунад, ба мақсадаш мерасад.
  2. Касе, ки ба бахти дигарон ҳасад мебарад, бахти худро намеёбад.
  1. Доруро аз касе пурс, ки бемориро аз сар гузарондааст.
  2. Беҳтараш дар бенавоӣ зистану одам буда, аз ин ки доро ва хук будан.
  1. Тақлид кардан беҳтар аст аз ҳасадхўрӣ.
  2. Бо доно ҷангидан беҳтар аст аз нишастан бо аблаҳ дар базм.
  1. Дар ҷое, ки асал мечакад, магасҳо гирд меоянд.
  2. Банди тарангкашида зудтар меканад.
  3. Ваъдаи турнаи осмонро макун, гунҷишки нақдро деҳ.
  4. Ғами тоза ғами пешинаро фаромўш мекунонад.
  5. Дари худро боз кун, дари дигарон кушода меёбӣ.
  6. То вақте ки инсон намирад, корҳояш намоён нест.
  1. Сухани ҳақ хуш намеояд, сухане хуш меояд, ки он ҳақиқат нест.
  1. Ҳафт шайтон он қадар зиён намекунанд, ки одам ба худаш мекунад.
  1. Зўро омад, ҳақиқат аз дар берун шуд. Касеро, ки хўҷаин гуфтӣ, вай туро ғулом меҳисобад.
  1. Миёни хўҷаин дард мекунад, аммо деҳқон мегиряд.
  2. Ба об афтӣ, хушк намебароӣ.

Leave a Reply