Зарбулмасалу мақолҳои ветнамӣ

ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲОИ ВЕТНАМӢ

  1. Тарбузро зоғ нўл заду аммо лаклакро ҷазо доданд.
  2. Аспро дар сафари дур меозмоянд.
  3. Одами зиштрў кўшиш мекунад, зебо намояд; аблаҳ кўшиш мекунад, ки суханҳои оқилона гўяд.
  1. Шахси сарватманд кар асту шахси машҳур – кўр.
  2. Ба киштии калон – мавҷҳои калон.
  1. Дар вақти хашм рост каҷ менамояду дар муҳаббат каҷ рост метобад.
  1. Дар хона ҳоло маълум нест, аммо дар кўча ҳама медонанд.
  2. Агар пурсида олу гирифтӣ, ба ивазаш шафтолу баргардон.
  3. Шароб ба дарун медарояд – суханҳо ба берун мебароянд.
  4. Шароб мисли паланге, ки ба беша медарояд, ба дил ворид мешавад.
  1. Ҳамаи ғамҳо фаромўш мешаванд, ҳамаи бадбахтиҳо мегузаранд.
  1. Ҳама кор дар аввал мушкил аст.
  2. Аз дарвозаи бошукўҳ қабул карду ба дари пинҳонӣ гусел кард.
  1. Ба партофтан – афсўс, ба гузоштан халал мерасонад.
  2. Чароғи баланд дурро ҳам равшан мекунад.
  3. Ҷое, ки ақл ба охир мерасад, ҷаҳолат сар мешавад.
  4. Ҷое, ки об лой аст, он ҷо лаклакҳои фарбеҳ ҳастанд.
  5. Ҷое, ки гул ҳаст, он ҷо шапалакҳо ҳам ҳастанд.
  6. Ҷаҳолат дар як дақиқа меҳнати сесолаи хирадмандро барбод медиҳад.
  1. Роҳе, ки боре дар он як коса биринҷи хуб дода буданд, фаромўш намешавад.
  1. Агар бисёр хўрӣ, таъмро гум мекунӣ, агар бисёр ҳарф занӣ, суханҳои оқилонаро гум мекунӣ.
  1. Агар оби сарчашма лой бошад, оби дарё ҳам тира аст.
  2. Агар ба сафар баромадӣ, аз ними роҳ барнагард.
  3. Агар парранда аз қафас парида рафта бошад, умед макун, ки бармегардад.
  1. Зану шавҳар – ду чўбчаи хўрокхўрӣ.
  1. Агар медонӣ, бигўй, агар намедонӣ, гўш кун.
  2. Дар ҷангал ҳам пайраҳа ҳаст.
  3. Чун дар зери бодбон меравӣ, ба самти бод аҳамият деҳ.
  4. Аз тўр гурехта ба чангак афтод.
  5. Эҳтироми барзиёд ба тарс мубаддал мешавад.
  6. Баъзан мўрчаҳо моҳиро мехўранд, гоҳе моҳӣ мўрчаҳоро.
  7. Бахшидани гуноҳҳо қаҳрамонӣ аст.
  8. Қулф чи гуна, калид намуна.
  9. Вақте ки бемор шавӣ, ба худ афсўс мехўрӣ, аммо вақте ки шифо ёфтӣ, ба пули сарфшуда афсўс мехўрӣ.
  1. Вақте ки хурсандӣ, мехоҳӣ, ки умри дароз бинӣ, аммо вақте ки ғамгинӣ, пагоҳ мурдан мехоҳӣ.
  1. Вақте ки мева хўрдӣ, аз дарахтшинон ёд кун.
  2. Вақте ки ба мор хуш аст, ба қурбоққа бад аст.
  3. Вақте ки асал ҳамроҳ кунӣ, ҳама чиз ширин мешавад.
  4. То вақте ки ин ҷоӣ, туро носазо мегўянд, аммо ҳамин ки рафтӣ, афсўси туро мехўранд.
  1. Агар зиндагии бовиҷдонона кунӣ, ҳар гуна бадбахтӣ мегузарад.
  1. Зебоии ботин беҳтар аз зебогии рўй аст.
  2. Касе, ки баланд хандад, ў баланд гиря хоҳад кард.
  3. Касе, ки шабҳо дер хобаш мебарад, қадри шабҳои дарозро медонад.
  1. Аз дониши сарсарӣ доштана, нодон будан беҳтар аст.
  2. Аз хўҷаини ҷоҳил будана, хизматгори доно будан беҳтар аст.
  1. Бо ҷамъият мурдан беҳтар аст аз танҳо зистан.
  2. Решаи бисёр – барги бисёр.
  1. Аз беморӣ халос шудан мумкин асту аз тақдир не.
  2. Ақли ҷавон мисли абрчаест, ки шамол мебарад.
  3. Дар як асп ду зин намегузоранд.
  4. Аз хонаи танг не, аз дили танг битарс.
  5. Агар бадбахтӣ намебуд, қаҳрамон пайдо намешуд.
  6. Хатогӣ касро донотар мекунад.
  7. Роҳи бозгашт ҳамеша кўтоҳ менамояд.
  8. Дарахти ростро сояаш ҳам рост аст.
  9. Раққоси беҳунар заминро ноҳамвор мегўяд.
  10. Каду кошта, шафтолуро интизор машав.
  11. Сухани ҳақ монанди дору аст, ки аксаран талханд, аммо шифобахш.
  1. Пеш сухан гуфтан ҳафт маротиба забонро рўгардон кун.
  2. Дар ишқи калон азият бисёр аст.
  3. Одами зўр қувватро ба кор мебараду камзўр – ҳиларо.
  4. Садҳо маслиҳат ду дасти ботаҷрибаро иваз карда наметавонанд.
  1. Дарахти хуб буриду ба ҷояш дарахти хушкро шинонд.
  2. Ғарқшуда ба ҳубобчаҳо низ даст мезанад.
  3. Се занак – чор ғайбатчӣ.
  4. Одами доно зуд пир мешавад.
  5. Алафи бегонаро меканӣ, беҳтараш аз решааш бикан.
  6. Моҳии аздастрафта ҳамеша калон менамояд.
  7. Заҳри одам ба заҳри даҳ мор баробар аст.
  8. Хурсандии барзиёд ғаму кулфатро ба вуҷуд меорад.
Likes:
0 0
Views:
62
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply