Зарбулмасалу мақолҳои бошқирдӣ

  1. Аз ранҷонидани дўст ва ба душман додани сиррҳо худдорӣ кун.
  1. Беморӣ бо пудҳо меояду бо зарраҳо меравад.
  2. Ба як дил ду ишқро ҷой дода намешавад.
  3. Дар хурсандӣ ҳадди худро бидон ва дар бадбахтӣ имонатро гум макун.
  1. Об ба назди ташна не, ташна ба сўи об меравад.
  2. Вақтро бо дастҳо дошта намешавад.
  1. Ҷое, ки тири камон наегузарад, шамшер алвонҷ мадеҳ.
  2. Дарёи чуқур бе садо меравад.
  3. Кўҳро санг зеб медиҳад, одамро калла.
  4. Ба оқил маслиҳат диҳӣ, миннатдор мешавад; ба ҷоҳил маслиҳат диҳӣ, масхара мекунад.
  1. Дар зерии як халта ду тарбуз ҷой намегиранд.
  2. Дарахт бо баргҳояш зебо аст, одам бо либосҳояш.
  3. Дўст касро рўҳбаланд мекунад.
  4. Дигаронро гўш деҳ, аммо кори худро кун.
  5. Ду маротиба андеша куну як бор гўй.
  6. Бо «асал, асал» гуфтан даҳон ширин намешавад.
  7. Хоҳӣ, ки роҳгум назанӣ, ба пеш нигоҳ кун.
  8. Кори андакро ҳам ба мисли кори калон анҷом деҳ
  9. Чи тавре ки фикр мекунӣ, ҳамон тавр мебинӣ.
  10. Қаду қомат чи гуна, соя намуна.
  11. Дил кушод бошад, хўрданӣ ёфт мешавад.
  12. Дарахти каҷ барфро дошта наметавонад, одами бад суханро.
  1. Касе, ки ширро хўрд – [гурехта] халос шуд; касе, ки табақро лесид ба даст афтод.
  1. Касе, ки дурудароз интихоб мекунад, ба ў зани мўйрехта мерасад.
  1. Касеро, ки як бор аз имтиҳон гузаштааст, сад бори дигар азият мадеҳ.
  1. Бо сухани ширин сангро шикастан мумкин аст.
  2. Танбал як корро ду маротиба мекунад.
  3. Баргҳоро шамол парешон мекунаду одамро сухан.
  1. Модар ба ғами фарзандону бачаҳо ба сўи дашт менигаранд.
  1. Кам гўю бисёр гўш кун.
  2. Ба як чарх роҳ рафта намешавад.
  3. Дар ғурбат самти Ватан аз дороӣ беҳтар аст.
  4. Марди воқеӣ ба мақсадаш мерасад.
  5. Бо тарсончак ҳамсафар машав ва беовозро ба сурудхонӣ интихоб макун.
  1. Аз намак шўртару аз асал ширинтар машав.
  2. Ба лабханди душман фирефта машав.
  3. То ҷабин арақ накунад, дег намеҷўшад.
  4. Ба қувватат ғарра машав, ба ақлат такя кун.
  5. То ба об наҷаҳӣ, шиновариро намеомўзӣ.
  6. Шахси дилнохоҳ ҳамеша зиёдатӣ аст.
  7. Сухани ногуфта моли худат аст, сухани аз даҳон баромада моли ҷамъият.
  1. Бо як ангушт пучида намешавад.
  2. Кўли бе қамиш нест, диле бе ғам.
  3. Боқувват хатарнок нест, қасосгир хатарнок аст.
  4. Сари морро бурӣ, думаш печутоб мехўрад.
  5. Ангушт бо ангушт, одам бо одам баробар нестанд.
  6. Навиштаи рўи сангро тоза карда намешавад.
  7. Аспи бад соҳибашро зуд пир мекунад, зани бад – шавҳарашро.
  1. Ба умеди чизи бисёр камро аз даст мадеҳ.
  2. Ба умеди худо шишту гурусна монд.
  3. Парранда хато кунад ба дом меафтад, мард иштибоҳ кунад аз озодӣ маҳрум мешавад.
  1. Сухани самимӣ ба дил рафта мерасад.
  2. Боқувват ба як нафар ғолиб меояд, доно ба ҳазорон нафар.
  3. Ҷасорат – нисфи бахт.
  4. Ҳам бо доно ва ҳам бо нодон машаварат кун.
  5. Оҳиста рафтӣ – расидӣ, шитоб кардӣ – афтодӣ.
  6. Ҳунармандро аз рўяш, аблаҳро аз суханаш мешиносанд.
  7. Саги ором намеҷакад, балки мегазад.
  8. Ба доно ишорат бас аст, ба ҷоҳил хор халидан ҳам кам.
  9. Ба доно магўй, худаш мефаҳмад, сахиро мапурс, худаш медиҳад.
  1. Сухани сард то ба дил расиданаш ҳамаро ях мегардонад.
  2. Инсон аз инсон чун замин аз осмон дур аст.
  3. Аз роҳ рафтан ба танҳоӣ, роҳгум задан бо ҷамъият беҳтар аст.
  1. Сухане, ки аз сӣ дандон берун омад, то ба сӣ гўш рафта мерасад.
  1. Аз бойшавӣ ба меҳнати дигарон дида, дар нодорӣ зистан беҳтар аст.
Likes:
0 0
Views:
43
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply