Умумӣ

Зарбулмасалу мақолҳои афғонӣ

  1. Аввал рафиқ в-он гаҳ тариқ.
  2. Аввал фил пайдо кун, баъд филхона бисоз.
  3. Агар беҳ мебудӣ, дар деҳ мебудӣ.
  4. Агар гуноҳро бубахшанд ҳам, шармсорӣ боқист.
  5. Агар дуои саг қабул мешуд, аз осмон устухон меборид.
  6. Аз дасти гурусна чӣ хайр?
  7. Аз макри зан ҳафт шутур бор шуда.
  8. Аз нодида қарз бикуну дар тоқи баланд бимон.
  9. Аз роҳи рост касе гум нашуда.
  10. Аз сад хеш як ҳамсоя пеш.
  11. Аз чилла чӣ гила.
  12. Ба гап, ки нашавад, ба лат ҳам намешавад.
  13. Ба гуфтаи худ кор кун, то ба гуфтаи ту кор кунанд.
  14. Ба оҳу мега: «бидав!», ба тозӣ мега: «намон!».
  1. Ба умеди ҳамсоя бешом1 нашину ба умеди ошиқ бешўй.
  2. Банда то пешпо нахўрад, «бисмилло» намегўяд.
  3. Барои кўр шабу рўз баробар аст.
  4. Бипарҳез аз нодоне, ки худро доно мешуморад.
  5. Бо гург дунба мехўраду бо чўпон гиря мекунад.
  6. Боғбонро вақти мева чашмҳо кўр мешаванд.
  7. Вақте ки кор хатм шуд, муздур ҳаромзода шуд.
  8. Гадоро, ки рўй додӣ, мерос даъво мекунад.
  9. Гузаштаро салавот, ояндаро эҳтиёт.
  10. Деви озмуда беҳ аз мардуми ноозмуда.
  11. Дузди ногирифта султон аст.
  12. Дуриву дўстӣ.
  13. Ё сухан санҷида гўй, эй марди доно, ё хамўш.
  14. Ё раб, мабод он, ки гадо муътабар шавад.
  15. Заминро аз осмон нисор асту осмонро аз замин ғубор.
  16. Зан агар дар хона набошад, фариштаи раҳмат ҳам пар намезанад.
  1. Зан надорӣ, ғам надорӣ.
  2. Зани хуб агар миёни лашкар равад, бар доманаш гарде нашинад.
  1. Зану харбузаро расидааш хуб аст.
  2. Зардорро душман бешумор аст.
  3. Зарурат модари эҷод аст.
  4. Зиёфатхўр хушомадгўй мебошад.
  5. Зинати занон иффат асту зинати мардон ғайрат.
  6. Зулми золим бар сари авлоди золим меравад.
  1. Исо ҳам ба дини худу Мўсо ҳам ба дини худ.
  2. Ишкамба сари дег баромада гуфта, ки ман ҳам гўшт ҳастам.
  1. Ишқ чизест, ки девона кунад муллоро.
  2. Калиди тиллоӣ ба ҳар қулф баробар меояд.
  3. Кам бихўр, ғам махўр.
  4. Кам хўрдан – ганҷ, пур хўрдан – ранҷ.
  5. Кафандузд аз мурда натарсад.
  6. Дар биёбон кафши кўҳна неъмат аст.
  7. Коркун мабош, кордон бош.
  8. Моли мардум – заҳри каждум.
  9. Муздур – аз худо дур.
  10. Нододаро бидеҳ, ки шарманда шавад.
  11. Обро майл ҷониби пастӣ бувад.
  12. Оқил ба худ меболаду ҷоҳил ба дигарон.
  13. Пойбўсиҳои сел аз пой афканад деворро.
  14. Пул ба ҳушмандон хидмат мекунаду ба бехирадон ҳукумат.
  15. Ростӣ – растӣ.
  16. Сад дояи меҳрубон ба бўи модар нарасад.
  17. Сад ҷон фидои он, ки дилаш бо забон як аст.
  18. Сар кал, кулоҳ бахмал.
  19. Себ халос шуд, рўи боғбон сиёҳ шуд.
  20. Тавбаи қиморбоз бепулӣ асту тавбаи гург – марг.
  21. Тавсифи бисёр бадтар аз дашном аст.
  22. Тадбир кунад банда, тақдир кунад ханда.
  23. Тасбеҳ ба даст чашм ба моли мардум.
  24. Тафриқа бияндозу ҳукумат кун.

 

  1. Таъриф он аст, ки душман кунад.
  2. Тиллои кам қадри зиёд дорад.
  3. То набошад чизаке, мардум нагўяд чизҳо.
  4. Удро гар бўй набошад, ҳезум аст.
  5. Уштура чию абрешимбофӣ.
  6. Уштурдуздию хам-хам.
  7. Хар, ки ҷавро дид, коҳро фаромўш мекунад.
  8. Хор аз замин тез мебарояд.
  9. Хор аз хурдиаш тез аст.
  10. Худо бедастро даст надиҳаду калбузро шох.
  11. Ҳар некўие, ки ба наздикони худ мекунӣ, ба худ мекунӣ.
  12. Ҳар чӣ хор ояд, рўзе ба кор ояд.
  13. Ҳар чиро бод оварад, бодаш барад.
  14. Ҳар ҷо, ки рангу бўе бувад, гуфтугўе бувад.
  15. Ҷавониро бо ҳиҷоб, сарватро бо орзу ва илмро бо дуо ҳосил натавон кард.
  1. Ҷоҳил ҷоҳилро ситояду аз олим нафрат кунад.

Leave a Reply