Умумӣ

Зарбулмасалу мақолҳои арманӣ

 

  1. Бо ҳалқ бошӣ, рўзи сиёҳ ҳам ид аст.
  2. Молу сарват мисли маъшуқаест, ки имрўз ҳаст, фардо метавонад аз даст равад.
  1. Қонун барои доро, ҷазо барои бенаво.
  2. Ба камбағал бисёриҳо ақл ёд медиҳанд, аммо касе ба ў пул намедиҳад.
  1. Бой хост, ки камбағалро хурсанд кунад: аввал хари ўро пинҳон кард, сипас ба ў кўмак кард, ки харашро ёбад.
  1. Вақте ки бой ба дўзах равад, ҳамроҳи худ ях мегирад.
  2. Камбағал гуфт: «Гурба ҷигарпораро хўрдааст» – бовар накарданд, бой гуфт: «Муш оҳанро хўрдааст» – бовар карданд.
  1. Камбағал ба нон мўҳтоҷ аст, аммо бой ба ҳама чиз.
  2. Чун бойро диданд, камбағалро фаромўш мекунанд.
  3. Урён будан беҳ аз гурусна будан.
  4. Вақте ки нон қимат аст, ҷон арзон аст.
  5. Касе, ки пулро мепарастад, ў на имон дораду на эътиқод.
  6. Касе, ки ақл дорад, пул надорад, касе, ки пул дорад, ақл надорад.
  1. Пул мисли оби шўр аст: ҳар қадар нўшӣ, боз нўшидан мехоҳӣ.
  1. Касе, ки пул дорад, сухани аввал аз ўст.
  2. Пул ёфтан осон, онро нигоҳ доштан мушкил.
  3. Пулҳои муфт ба даст омадаро тўфон мебарад.
  4. Дар бозор ҳамроҳи мол имонро низ мефурўшанд.
  5. Даромаду баромад бародаранд.
  6. Қарз мисли уштурбача аст, ҳар қадар нигоҳ дорӣ, ҳамон қадар калон шудан мегирад.
  1. Қарз бояд ба шароити қарзгир мувофиқ бошад.
  2. Дари қарз ҳамеша кушода аст.
  1. Дарахти лаби об зуд калон мешавад, аммо зуд пир мегардад.
  1. Аспи оҳангар бе наъл мегардад.
  2. Чи ба поп диҳию чи гургро ба рама сар диҳӣ.
  3. Ба шайтон бовар куну ба поп не.
  4. Девори рост намеафтад.
  5. Шайтони шинос аз фариштаи ношинос беҳтар аст.
  6. Барои он ки инсонро шиносӣ, бо ў ним пуд намакро бояд хўрд.
  1. То вақте ки чашмаҳо нахушканд, қадри обро намедонӣ.
  2. Об барои худ ҳамеша роҳ меёбад.
  3. Ғарқшуда ба мор ҳам чанг мезанад.
  4. Касе, ки дарёро шино карда гузашта бошад, дар ҷўйбор ғарқ намешавад.
  1. Жола ҳам дар замини рўҳонӣ мебораду ҳам дар замини гунаҳкор.
  1. Аз чашмаи хушкшуда об нўшида намешавад.
  2. Девор, ки афтид, чанг ба ҳаво мехезад.
  3. Оташро бо равған хомўш карда намешавад.
  4. Палангу оҳу бо як пайраҳа намегарданд.
  5. Гург мўяшро дигар мекунад, вале хислаташро не.
  6. Осиёб бе ғалла кор намекунад.
  7. Чорпои бе соҳиб – сайди даррандагон.
  8. Чароғ бе равған рўшан намешавад.
  9. Ҷорўби нав нағз мерўбад.
  10. То дарро накўбӣ, касе онро намекушояд.
  11. Хоҳиши кор – нисфи кор.
  12. Асал бошад, магасҳо ҳатто аз Бағдод ҳам меоянд.
  1. Ба хар райҳон додаанд, ки бўй кашад, аммо вай онро хўрдааст.
  1. То он вақте ки доно фикр мекунад, нодон писарашро зан медиҳад.
  1. Шутурро гум кардаанду шутурбачаро мекобанд.
  2. Доно харгўшро бо ароба ҳам дастгир мекунад.
  3. Яроқи қотил бе соҳиб мемонад.
  4. «Ҷон» гўйӣ, «ҷон» мешунавӣ.
  5. Кўр будан беҳтар, ки бо дили сангин.
  6. Аз гул мор заҳр ҳосил мекунаду занбўр асал.
  7. Як сол некӣ кунию ҳафт сол бадӣ, бетафовут туро одами нек мегўянд.
  1. Хар хар аст, аммо одамони бадтар аз хар ҳам ҳастанд.
  2. Дар ҳоле ки модари кўдак худӣ нест, падари худаш ҳам бегона мегардад.
  1. Насиҳатгари ятим бисёранд, аммо касе ба ў нон намедиҳад.
  2. Духтар барои падар – моҳтоб, аммо барои модар офтоб аст.
  1. Духтари хуб баҳои ҳафт писарро дорад.
  2. Зан ҷони мард аст.
  3. Хонаи бе зан мисли осиёби бе об.
  4. Зан агар бимирад, хона ятим мемонад.
  5. Об сангро ба рег табдил медиҳад, зан мардро ба мум.
  6. Келину хушдоман ҷанҷол карданд, мард дар байни ду оташ монд.
  1. Дар осмон як офтоб аст, дар хона як нафар саркалон.
  2. Аз ду динор доштан, ду нафар хеш доштан беҳ.
  3. Дар хурсандӣ хешовандон бисёр мешаванд.
  1. Мурғ бо болҳояш мефахрад, одам бо хешонаш.
  2. Касе, ки сухани пирро гўш кунад, сараш ба санг барнамехўрад.
  1. Корд дастаашро намебурад.
  2. Кадом ангуштро набурӣ, дардаш як хел аст.
  3. Буз куҷо равад, бузғола ҳам аз қафояш.
  4. Ҳамсояи раҳмдил аз бародари сангдил беҳ.
  5. Ҳамсоя ойинаи ҳамсоя аст.
  6. Агар дар хонаи ҳамсоя оромӣ бошад, дар хонаи ту низ оромӣ аст.
  1. Дўсти қадим душман намешавад, душмани қадим дўст намешавад.
  1. Дўст ба рўят менигараду душман ба поят.
  2. Одамро аз рўи дўстонаш мешиносанд.
  3. Чўбро дар бешаи худ бур, дўстро аз деҳаи худ интихоб кун.
  4. Дўсту душманро дар бадбахтӣ мешиносӣ.
  5. Он чиро, ки нон мекунад, шамшер карда наметавонад.
  6. Дар ҷанг мавиз тақсим намекунанд.
  7. Гурги пир – хандахариши сагон.
  8. Чизеро, ки бод овард, боз бод мебарад.
  9. Бемор ҳамеша ба дар нигоҳ мекунад.
  10. Моли ҳалол ба даст омада, гум намешавад.
  11. Барои муш зўртар аз гурба ҳайвоне нест.
  12. Бо саг унс бигир, аммо чўбро аз дастат магузор.
  13. Ҳатто хар ба он роҳе, ки боре дар лой ғўтида буд, дубора намегузарад.
  1. Бе бонги хурўс ҳам субҳ медамад.
  2. Мағрурҳо ба якдигар маъқул нестанд.
  1. Аробаи холӣ садои баланд мебарорад.
  2. Ҳар кас ниҳоли худро об медиҳад.
  3. Ба чоҳ бо банди бегона поён нафаро.
  4. Шутур каҷии худро намебинад.
  5. Мастро чунин менамояд, ки ў аз ҳама донотар аст.
  6. То вақте ки асп надорӣ, наъл накоб.
  7. Ибодатхонаро ҳоло насохтаанду аллакай гадоҳо қатор.
  8. Ба шаҳри бегона рафтӣ, кулоҳро тарзе гузор, ки мардуми он шаҳр мегузоранд.
  1. Касе, ки бо зоғ дўстӣ кунад, дар ахлот дармемонад.
  2. Касе, ки дар ҷустуҷўи хушбахтӣ метозад, ба бадбахтӣ дучор мешавад.
  1. Бадбахт агар ба баҳр равад, оби баҳр мехушкад.
  2. Аз худо талаб кун, вале белро аз даст магузор.
  3. Вақт барои касе, ки қадри онро медонад, ганҷина аст.
  4. Агар сарат кал бошад, кулоҳатро камтар гир.
  5. Ба дарахти бемева касе санг намеандозад.
  6. Сагро барои он нигоҳ медоранд, ки аккос занад.
  7. Дар танўри пуроташ нон намепазанд.
  8. Ба дандонҳои аспи тўҳфашуда нигоҳ намекунанд.
  9. Гум шудани гови ҷоҳил дарс аст барои оқил.
  10. Ҳар ду пойро ба як мўза намеандозанд.
  11. Касе, ки ба сагаш нон намедиҳад, барраашро ба гург хоҳад дод.
  1. Моҳӣ дар баҳр қадр надорад.
  2. Бе борон обхезӣ намешавад.
  3. То ба кўза ангушт назанӣ, садояшро намешунавӣ.
  1. Ҳар қадаре зиёдтар ба саг санг партоӣ, ҳамон қадар бештар он аккос мезанад.
  1. Моҳигирро аз либоси тараш мешиносанд.
  2. Ҳар қадаре зиёдтар дар оғил бишинӣ, ҳамон қадар бештар аз ту бўйи ахлот меояд.
  1. Хамир ҳар қадаре зиёдтар бошад, ҳамон қадар нон бештар мешавад.
  1. Ханда ба ҳар кас намезебад.
  2. Парранда дарахтро меҷўяд, на дарахт паррандаро.
  3. Чанги рама барои чашмони гург муфид аст.

Leave a Reply