Умумӣ

Зарбулмасалу мақолҳои арабӣ

  1. Забон шамшери буранда асту сухан тири халанда.
  2. Одамиро аз дилу забон мешиносанд.
  3. Хомўшӣ низ ҷавоб аст.
  4. Касе, ки бисёр қасам хўрад, бисёр дурўғ мегўяд.
  5. Чалаки холӣ садои баланд дорад.
  6. Сирри худро дили худ беҳтар нигоҳ медорад.
  7. Гунги доно беҳ аз аблаҳи сергап.
  8. Чоҳи холӣ бо шабнам пур намешавад.
  9. Шиновариро дар хушкӣ намеомўзанд.
  10. То коса ба даст нагирӣ, сероб нашавӣ.
  11. Шарики ту – душмани ту.
  12. Хар хар аст, гарчи хазинаи султонро барад.
  13. Хоҳӣ, ки дарахт чапа кунӣ, решаашро коб.
  14. Аслиҳаи заиф шикоят аст.
  15. Аз зиннати қафас парранда сер намешавад.
  1. Хари сер алафро тит мекунад.
  2. Агар дуои саг қабул мешуд, устухон меборид.
  3. Як таҷриба беҳтар аз ҳафт насиҳатнома.
  4. Ёрии сари вақт нишонаи ҷавонмардист.
  5. Рост бигў, агарчи он зидди туст.
  6. Дурўғ дард аст, ростӣ давои он.
  7. Дурўғ гуфтӣ, онро дар хотир нигоҳ дор.
  8. Бовиҷдон доим дар хоби роҳат аст.
  9. Бо табар риш тарошидан беҳ, ки аз дигарон теғ пурсӣ.
  10. Бо шарофати гул алафҳои бегона ҳам об мехўранд.
  11. Моҳ ҳам бе доғ нест.
  12. Ҳамин ки бемор шифо ёфт, табибро фаромўш мекунад.
  13. Ғалаба бар нотавон шикастхўрӣ аст.
  14. Ду саг як устухонро тақсим намекунанд.
  15. Муҳаббат пардаи айбҳост.
  16. Дўстӣ бо аблаҳ дарди сар аст.
  17. Дўст аз дўст роҳи фоида намеҷўяд.
  18. Таънаи рўйирост беҳ аз кинаи рўйпўш.
  19. Дили пок доштан беҳ аз ҳамёни пур.
  20. Қарз гирифтан ширин аст, баргардониданаш талх.
  21. Сарват зиёд шавад, дўстон ҳам зиёд мешаванд.
  22. Бойи хасис мисли хачир аст, тилло мекашонаду каҳ мехўрад.
  1. Сармоя одамро кўр мекунад.
  2. Камбағалӣ занҷири шайтон аст.
  3. Ба тани луч ҳар курта мувофиқ аст.
  4. Барои камбағалон кунҷора ҳалвост.
  5. Эҳтиёҷ қулфу тамбаро намедонад.
  1. Касеро кўҳна нест, нав ҳам нест.
  2. Агар кўза намешикаст, кулол аз гуруснагӣ мемурд.
  3. Як ғам сабуктар аз дуто.
  4. Агар аз падар мерос намонда бошад, ба амак умед набанд.
  5. Саги аккосӣ намегазад.
  6. Нагўй, ки «ин ангур аст», то ба сабадат надарояд.
  7. Оташ касеро месўзонад, ки ба он даст расонад.
  8. То наафтӣ, хестанро ёд нагирӣ.
  9. Ҳар болоравӣ пастравие дорад.
  10. Аввал харҷро ҳисоб кун, баъд даромадро.
  11. Ками доимӣ беҳ аз зиёди дер-дер.
  12. Ба одами сер хўрок додан зарар расонидан аст.
  13. Одат зўртар аз таълим аст.
  14. Ҳар кас кўрпаро ба сўи худ мекашад.
  15. Хари худ беҳ аз аспи дигарон.
  16. Дузди доно аз маҳаллаи худ дуздӣ намекунад.
  17. Дастпона қимат, даст қиматтар аз он.
  18. Хари зинда беҳ аз файласуфи мурда.
  19. Шутур тилло мекашонад, вале хор мехўрад.
  20. Кирм дарахти лаби ҷўйро дўст медорад.
  21. Некиро бе маслиҳат мекунанд.

Leave a Reply