Шеърҳо аз китоби Дунёи хаёлот-и Шаҳриёр

ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон, бо ҳавоят зиндаам,

Бо фурўғи ҷонфизоят зиндаам.

Рўдҳоят менавозанд сози ишқ,

Бо насими кўҳҳоят зиндаам.

Эй Ватан, ин қадр барно гаштаӣ,

Пуршукўҳу файзафшон гаштаӣ.

Шаҳрҳои тушуда аз нав ҷавон,

Бе муҳобо, зеби дунё гаштаӣ.

Боз мегирам ба дастам ман қалам,

Шеъри нав аз баҳри тумеофарам.

То ҷаҳон огаҳшавад аз ҳусни ту,

Васфи туаз арш боло мебарам.

МАҲБАСНОМА

Садои қулфи дар аз нав баромад,

Ба наздам посбон бозам даромад.

Худоё, ин чи сон доми бало буд,

Ситам омад, раҳоиям наёмад.

Накардам ман гунаҳ, ёрон, накардам,

Вагар кардам, ҳазорон тавба кардам.

Навишта сўзи дил болои коғаз,

Ба даргоҳат, Худоё, навҳа кардам.

Агар чи маҳбасиям, одам астам,

Вале ҳайрон зи шарри олам астам.

Накардам фикри фарзандони дилбанд,

Фитода дар баловудар ғам астам.

Кунун бояд хамўшӣ пеша кардан,

Илоҷи кори худ андеша кардан.

Худоё, аз бароям тураҳимӣ,

Намо роҳи сабурӣ пеша кардан.

Макун сархам ба пеши душманонам,

Намо раҳме ба ҳоли кўдаконам.

Худоё, ҷуз туҳамрозе надорам,

Ки пешаш рози дил бикшода монам.

БИЁ, ЛАЙЛО

Зиҳаҷрат дил пурафғонам, биё,Лайлои ман, бозо,

Ба роҳат дида гирёнам, биё, Лайлои ман, боз о.

Шабу рўзона месўзам, ба роҳат дида медўзам

Ба шамъи хирае монам, биё, Лайлои ман, боз о.

Ба зиндонам, набитвонам биёям назди ту,  ҷонам,

Ту озодӣ, азизи дил, биё, Лайлои ман, боз о.

Садои дилнавози ту, нигоҳи пур зи нози ту,

Даво бошад ба ҳар мушкил, биё, Лайлоиман, боз о.

Наоӣ гар ту мемирам, бубин дар пой занҷирам,

Асирам ман, асирам ман, биё, Лайлои ман, боз о.

Биё, то бо ту бошамман, дилам гираддамеором,

Ҳавои тоза гирам ман, биё, Лайлои ман, боз о.

Биё, шинам ба паҳлўят, бимонам сар ба зонуят,

Равам хобутуро бинам, биё, Лайлои ман, боз о.

Фироқат карда беморам,сукутат карда афгорам,

Гули васли тукай чинам, биё, Лайлои ман, боз о.

ПАДАРҶОН

Ин саҳар вақти намозам зора кардам бар Худо,

То ки бошам, қиблагоҳам, ҳар нафас пеши шумо.

То бигардам дастёрумеҳрубонуҳамнафас,

То ки бошад бар сарам дасти пур аз меҳрусахо.

Ёд кардам ман, падар, он рўзҳои боҳамӣ,

Гирди дастархон нишаста сўҳбати бомуддао.

Рафта хоб аз дидагонам бо ғаму садҳо алам,

Менависам номаи ҳиҷронам аз баҳри шумо.

Бо дилам наздик ҳастам бо Шумову бо Худо,

Гарчи қисмат дур кардам аз канори босафо.

Ё Худоё, кай шавад то боз пеши ҳам шавем,

Ман, ки ҳастам якписар, якэркатулфори шумо.

ПАРИЗОД

Гули хонадон туӣ,

Хуршеди тобон туӣ

Баҳри дадот ягона,

Мўнисудармон туӣ.

Падар туро меҳрубон,

Модар туро пуштибон.

Бобою бибиҷонат,

Баҳри туафсонахон.

Асло ғама набинӣ,

Дасти кама набинӣ.

Ба сад дароӣ, ҷонам,

Чашми нама набинӣ.

Шаҳдушакар Паризод,

Зодрўзат муборак бод.

Шамъи фурўзон туӣ,

Ҳаргиз нурат кам мабод.

МАҲЛИҚО

Парии тупаривумаҳлиқоӣ,

Чаро ки нисфи шаб дар хобам оӣ.

Ба даргоҳи Худоҷон нола дорам,

Ки рўзе беибо пешам дароӣ.

Нигоро, шафқатураҳме надорӣ,

Чаро бар аҳди худ ноустуворӣ.

Фироқат карда ноҷўрам, азизам,

Бисўзам дар ғамат, парво надорӣ.

Тараҳқум кун, ало зебо нигорам,

Биё, як дам ба бедорӣ канорам.

Ба як дидор ҳуснат кам намешад,

Қасоси зиндагӣ аз тубарорам.

ДЎСТИ ҶОНӢ

Намози шом шуд, дилгир ҳастам,

Бародар, аз забар дар зер ҳастам.

Садои дилнавозат ёдам омад,

Биё, аз дурият ҷонсер ҳастам.

Бародар, ой, дар оғўш гирам,

Сухан кун то ҳама дар гўш гирам.

Тамоми касс фаромўшам шуда лек,

Ба ёди сўҳбатат хомўш гирям.

Агар, ки дўстон бошанд нонӣ,

Ва ё бошанд ёрони забонӣ.

Барои мовутудахле надорад,

Тамоми умр мебошем ҷонӣ.

УМЕДИ ДИДОР

Шамол омад шамоли Истаравшан,

Шунидам қиблагоҳ омад ба дидан.

Зиёрат омадӣ, манро надидӣ,

Ба пушти дар нишаста бо умедӣ.

Зиёрат омадӣ, гаштам гунаҳкор,

Ки ҳаққи ман бувад рафтан ба дидор.

Илоҷе нест, ман чора надорам,

Ки занҷирам канам, пешат бароям.

Маро бо ростӣ тупарваридӣ,

Азобе аз барои ман кашидӣ.

Ниҳоли киштаат чун бор овард,

Туро навмед кардухор овард.

Ба айби худ нагаштам ман гунаҳкор,

Нашояд, ки зи фарзандат кунӣ ор.

Чи кардам ман, ба роҳи рост кардам,

Раҳи динӣ ба худ ман боз кардам.

Нашав туноумед асло падарҷон,

Ки одам бо умед, навмед шайтон.

Худо хоҳад, бубинем якдигар боз,

Шаванд дарҳои маҳбасхонаҳо боз.

МОДАР

Модаро, бо ёди тусар мекунам,

Аз ту дур афтода ин ҷо номаам.

Нест ғайри туба дунё одаме,

То хабар бошад зи сўзунолаам.

Ҳам падар будӣ, маро ҳам модарам,

Ҳар даму ҳар гоҳ будӣ дар барам,

Дар раҳи пурпечутоби зиндагӣ,

Ҳам муаллим будивуҳам ёварам.

Бо умедуорзуи беканор,

Кардӣ манро пеши мардум хонадор.

То ки бошам ман сутуни хонаат,

То ки донам беш қадри рўзгор.

Рафт бар бод орзуят модарам,

Аз қазо омад балое бар сарам.

То шудам манн аз канори ту ҷудо,

Ҳуҷраи маҳбас гирифт андар барам..

Собирам ту ном мондӣ, сабр кун,

Амри тақдир шуд ҳама, андеша кун.

Модаро, покам ба назди кирдугор,

Меравам наздат, таҳаммул пеша кун.

ПАНДИ РЎЗ

Аҷаб дунё пурасрор аст,

Ба гетӣ одамӣ хор аст.

Якеро бахтудавлат ёр,

Дигар мазлумунодор аст.

Агар бошӣ тусарватманд,

Ба ҳар ҷо ҳурматат созанд.

Надорӣ илм, шарте нест,

Туро хонанд донишманд.

В-агар нодорию сархам,

Нагўяндат туро одам.

Набошад қадрат аз саг беш,

Ки соҳиб дорадуҳамдам.

На меҳре бар ако, додар,

На ҳурмат бар падар, модар.

Ба хонат аблаҳон меҳмон,

Азизонат ба пушти дар.

Дар ин дунё, ки меҳмонӣ,

Бисотат бар касон монӣ.

Накарди тоатунекӣ,

Надорад суд пушаймонӣ.

ЁД ДОРӢ?

Ёд дорӣ, рўзи занги охирин,

Паҳлуи ҳам роҳмерафтем мо.

Ҳардубиншаста лаби дарёи шўх,

Аз муҳаббат роз мегуфтем мо.

Дар лаби дарё нишаста рўи санг,

Бўсаи аввал зи тубистондаме.

Сар ба зонуят ниҳода, ай парӣ,

Қиссаҳои ошиқият хондаме.

Аҳд кардӣ то абад бошӣ зи ман,

Оҳуи манн, кабки хушрафтори ман.

Рафтӣ аҳдатро шикастӣ, бевафо,

Ёри нав бигрифтӣ ағёри ман.

Оҳ, меояд садои ёр-ёр,

Туарусивушаҳи тудигар аст.

Бахт мехоҳам туро дар зиндагӣ,

Гар чӣ бахти тусияҳрўзи ман аст.

БА РАИСЕ

Рафта раисӣ аз даст,

Афтода раис ба даст.

Корҳо ҳама расво шуд,

Раис ба маҳбас ҷо шуд.

Раис чӣ шуд ба шумо,

Фурўхтед заминҳоро.

Пулаша кардед пинҳон,

Бало шумо раисҷон.

Акнун авфро мепоед,

Ба ҳар фикрусавдоед.

Зиқнашавед, авф куҳаст

Лек раисӣ рафт аз даст.

Зиқнашавед раисҷон,

Мебароед аз зиндон,

Чорвои ҷамъоварда

Мебароред ба майдон.

Раисиро партоед

Ба нафақа бароед,

Набераҳо гирифта,

Сайри кўча бароед.

Ин суханҳо шўхӣ аст,

Раисҷон, хафа нашав.

Лекин гапи маро гир:

Ба замин чақа нашав.

МЕМИРАМ

Нафасгирам, дилам пурғам,

Зи ҳаҷрат дидаам пурнам.

Ба ёдат зорубеморам,

Наоӣ гар тумемирам.

Висолат доруи дард аст,

Сукутат баҳри ман марг аст.

Даруни синаам сард аст,

Наоӣ гар тумемирам.

Аҷаб маҳрўвузебоӣ,

Даруни қалби ман ҷоӣ.

Тубарноӣ, дилороӣ,

Наоӣ гар тумемирам.

Биё, ҷоно, туро бинам,

Ба паҳлуят даме шинам

Зи рухсори тугул чинам,

Наоӣ гар тумемирам.

ДУХТАРИ ДАДО

Зебо духтар, кӣ бошад,

Ҷонуҷигар кӣ бошад.

Хандонакудўстрўяк,

Ҷони падар кӣ бошад.

Хоҳам зуд шавӣ калон,

Ба боғча шавӣ равон.

Пеши дугонаҳоят,

Бошӣ тушўхухандон.

Касал нашав, духтарҷон,

Дадот шавад саргардон.

Модарат ҳам зиқшавад,

Гули хона – духтарҷон.

Фардо сайругашт барам,

Ба туман зоча харам.

Акнун вақти хоб шуда,

Хоб кун, ширин духтарам.

ЭЙ ДЎСТ

Эй ҷўра,хабар надорӣ аз ҳоли ман,

Аз чист намепурсӣ зи аҳволи ман?

Гар дўстивуқадри дўстӣ медонӣ

Бархезубиё, ба туст дидаи ман

Шабҳо ҳама торастусафеди саҳар аст,

Аз дарди дилам ҷўраи ман бехабар аст.

Ёки хабараш ҳастунамесўзад вай,

Дасташ бандуба фикрукори дигар аст.

То, ки ҳастам ҳар нафасат ёд кунам,

Аз дурии тунолавуфарёд кунам.

Гар қисмати талх туро ҷудо кард зи ман,

Дар васфи тудостон эҷод кунам.

ИЛТИҶО

Чи кардам дар ҳаётам носазое,

Ки гаштам ман гирифтори балое.

Агар донам, ки тақдирам чунин буд,

Намерафтам зи ҷое то ба ҷое.

Намегуфтам дигар розам ба ҳар кас,

Агар донам, ки он кас душман аст.

Дареғо, ки забон бе устухон аст,

Ба ҳар як дўст чандин душманон аст.

Ҳазорон мардро мебинам имрўз,

Ки бо айби ду-се номард шиштаст.

Зи тақдир аст гўянд ин ҳама ғам

Ниҳоли қомати онон шикастаст.

Худовандо, Худованди кабирам,

Шабурўз илтиҷоят мекунам ман.

Ки боре ин чунин номардҳо ҳам,

Дароянд маҳбас, гарданд маҳкам.

Биёянд хешҳошон баҳри дидан,

Ба пушти маҳбасуаммо набинанд.

Бифаҳманд ин чӣ сон талх аст зиндон,

Ба пеши халқсарҳошон шавад хам.

ЯК НАСИҲАТ

Самар аз боғи кас фарзанд бошад,

Ниҳоли боғи мо ҳарранг бошад,

Чуноне ки ниҳолат парваридӣ,

Ҳамон ҳосил зи он боғат бичидӣ.

Агар фарзанд мехоҳӣ ҳунарвар,

Намо тарбияаш аз рўзи аввал.

Ду се сол андар ин кор дер монӣ,

Туяк умре бимонӣ ормонӣ.

Чуфарзанд аст дар пирӣ мададгор,

Ба хурдӣ боядат бошӣ туҳушёр.

Ниҳоли тар ба ҳар сўхам бигардад,

Нашояд, ки равад фарзанд раҳи бад.

Бикўшунекфарзандат бимон ном,

Намо тарбияашро аз дилуҷон.

Агар фардо шавад фарзанд арҷманд,

Туҳам дар байни халқ гардӣ баруманд.

В-агар фарзанди тугардад дилозор,

Қабеҳ гардад бигардад мардумзор.

Туро хонанд лаънат ҳар замоне,

Равӣ аз ин ҷаҳон бе як нишоне.

ҶОНИ МАН

Сатрҳо аз ёд рафтанд,

Мисраҳо гашта хато.

Фикрҳо нимкора монда,

Мовутугаштем ҷудо.

Туатое аз Худоӣ,

Бар мани бехонумон.

Пас чаро аз ман ҷудоӣ,

Дилбари номеҳрубон?

Бевафо, раҳме надорӣ,

Ҳоли зори ман бубин.

Кабкосо мегурезӣ,

Ай нигори маҳҷабин.

Ист боре ман бубинам,

Қомати барнои ту.

Дарди ман ором ёбад,

Ҷони манн, яктои ту.

Бас кунун дигар надорам,

Тоқати ҷабруҷафо.

Раҳм кун бар ҳоли зорам,

Хез бар пешам биё.

ПАРИҶОН

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам манро маранҷон.

Қади сарви тубошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Тучун гул нозанинумаҳҷабинӣ,

Намедонам, ки бо кӣ ҳамнишинӣ.

Зи лабҳои маҳинат бўса гирам,

Ҳамехоҳам, ки паҳлўям нишинӣ.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам манро маранҷон.

Тухуд як гавҳари бас бебаҳоӣ,

Зи дастам дур, ахтар дар ҳавоӣ.

Чи сон ман орзуи васл созам

Ки дар чашмам, нигорам, ноаёнӣ.

Тухуршедӣ, тумоҳӣ, эй париҷон,

Дуоят мекунам, манро маранҷон.

Давои дарди ҷонсўзам туҳастӣ,

Биёву то абад дар назди ман мон.

Париҷонам, париҷонам, париҷон,

Бароят ҷон диҳам, манро маранҷон.

Қади сарви тубошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

ДИЛОЗОР

Парешонам дар ин дунёи пурғам,

Ба дил дорам ҳазорон сўзумотам.

Ба доми ишқи ту дармондаам ман

Набитвонам раҳо ёбам аз ин банд.

Гирифторам тукардӣ, ай дилозор,

Зи дасти тубидидам ҷабри бисёр.

Кунун рафтӣ, куҷо хомўш гаштӣ,

Ба кӣ ҳамдардуҳамоғўш гаштӣ?

Ту назди дигаре донам, ки ҳастӣ,

Ҳамон аҳде, ки бо мо буд, шикастӣ.

Бикандӣ риштаи аҳдувафоро,

Дари умедро бар ман бубастӣ.

Надорад зиндагонӣ қадр бар ман,

Агар тунестӣ, эй ёри беғам.

Биёвумарҳаме бар ҷони ман шав,

Ки ин дил пора гашта, дида пурнам.

ОЗОДӢ

Хатои кардаамро бахш, ҷонам,

Ки тақдир аз азал карда нишонам.

Ба дунё одами беайб набвад,

Зи қисмат ин ҳама, ман хуб донам.

Паси яклуқма мегаштам пасу-пеш,

Ки гардад зиндагонӣ беҳ камубеш.

Намегуфтам, ки розиқҳаст Аллоҳ,

Худамро мешумурдам розиқи хеш.

Ба роҳи каҷ қадам нодида мондам,

Бихўрдам пешпо, худро шинондам.

Сазои ман ҳаминучорае нест,

Зи фарзандуанисам дур мондам.

Нишаста гўш месозам, ки боре,

Ки шояд бишнавам з-онҳо садое.

Вале ҳайҳот, ҷуз овози дарбон,

Намеояд садои ошное.

Қарорам рафтавуқувват надорам,

Ки занҷирам канам, пешат бароям.

Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,

Дари озодӣ бикшо аз бароям.

БО ДИГАРЕ ДИДАМ

Дилам хун шуд аз ин дунё,

Аз ин шўру аз ин савдо.

Худоё, ҷони ман бистон,

Ба наздат бар маро Яздон.

Каманди зулфи ту, ҷоно,

Ба дасти дигаре дидам.

Ниҳоли бахтууммедам,

Ба боғи нокасе дидам.

Саро по ҳасратудардам,

Ба қалбам ҷо шуда мотам.

Агар чи зинда мегардам,

Бидон, ки бе ту мемирам.

МУҲАММАДҶОН

Туро, эй дўстрўяк, ёд кардам,

Бароят ин сухан эҷод кардам.

Даме чашмам бипўшам пешам ойӣ,

Ту ҷонам мерасӣ бар ёд ҳар дам.

Бароям беҳтарини ганҷҳоӣ,

Муҳаммадҷони манн, тубебаҳоӣ.

Бихоҳам, ҷони бобо, ғам набинӣ,

Ки туҳосил зи умри бебаҳоӣ.

Чунон хушрўвузебоӣ, Муҳаммад,

Барои ман туяктоӣ, Муҳаммад.

Ҳамеша некрў, зебо бимонӣ,

Ту дар ҷону дилам ҷоӣ, Муҳаммад.

Сад афсўсо, зи наздам дур ҳастӣ,

Бидонам ин замон ранҷур ҳастӣ.

Худоё, пеши дилбандам расонам,

Ба ҳам орандаи маҳҷур ҳастӣ.

БО ЁДИ МАН БОШ

Сароям аз бароят ман сурудам,

Ки шояд лаҳзае аз дил равад ғам.

Надонистам чуқадри боҳамиҳо,

Чи суд дорад кунун, ин сўзу мотам.

Ситам бар ман макун, эй бемуруват,

Чаро ин қадр ҳастӣ бе адолат.

Ба ҷуз тумунисуёре надорам,

Агар дорам, бихон манро туномард.

Нигоро, аз ғамат бемор гаштам,

Зи дуриҳои туафгор гаштам.

Насими дур орад бўи мушкат,

Ба дидори рухат ман зор гаштам.

Ба ҳар ҷо бошӣ, ман ёди ту дорам,

Даруни сина фарёди тудорам.

Ту ҳам бо ёди ман бош, эй азизам,

Туро ман бар Худоям месупорам.

ТУ БОШӢ

Назар кардам гулистонунадидам,

Гуле зебо чу лабқанди ту бошад.

Тамоми рўи оламро бигаштам,

Надидам кас, ки монанди ту бошад.

Намехоҳам кунам ёд аз ҷудоӣ,

Ҳамегардам ба кўят чун гадое.

Шабамро дар фироқат рўз кардам,

Ки ҳамроҳи саҳар пешам дароӣ.

Чуофтоби саҳаргаҳнур пошӣ,

Ҳамеша андар оғўшам тубошӣ.

Зи лабҳои маҳинат бўса гирам,

Азизам, то ҷаҳон бошад, ту бошӣ!

ДИДОР

Туро, эй модари ҷон, ёд кардам,

Ба номат ин сухан эҷод кардам.

Умеди ту будам дар зиндагонӣ,

Зи навмедӣ сухан бунёд кардам.

Худоё, сархамутоқатпазирам,

Вале чун аз ҷудоиҳо нагирям.

Ки як фарзандаму дур аз диёрам,

Ба доми ҷабрузулмат ман асирам.

Зи шаб то рўз андар маҳбаси тор,

Ба як фикрам – фақат бо фикри дидор.

Ба кунҷе аз рафиқонам нишаста,

Ба ёдат гиря дорам, гиряи зор.

Гуноҳам чист, модар, ман надонам,

Тудонӣ, ай Худои меҳрубонам.

Агар будан мусулмон, ин гуноҳаст,

Гуноҳи дигари худро надонам.

Чӣ дидам ман аз ин дунё, чӣ дидам,

Ба ҷуз нокомивуафсўсумотам.

Худовандам маро фарзанд ато кард,

Вале сол аст ман ўро надидам.

Туро, модар, чи сахт аст бурдборӣ,

Зи ман вазнинтар ҳоле тудорӣ.

Азобуранҷҳо пират намудаст,

Шабурўзона роҳам интизорӣ.

Умедат ман, ҳама дунё умед аст,

Худовандам ба мо сабр офаридаст.

Намо андактаҳҳамул, модари ҷон,

Ки поёни шаби торам сафед аст.

НАМЕНАМОӢ

Эй духтари хуҷандӣ, балоӣ,

Ҳам дар дилу дидаам ту ҷоӣ.

Чанд рўз, ки дар суроғат астам,

Пинҳон шудаӣ, намебароӣ.

Биё, як дам ба наздам, эй хуҷандӣ,

Магар чун ман асирупойбандӣ?

Ба ҷуз тудилбари дигар надорам,

Бихоҳам аҳди худ бо ман бубандӣ.

Биё, то лаҳзае бо тунишинам,

Зи гулзори рухат гулҳо бичинам.

Туармони манӣ, туғамбарорӣ,

Намехоҳам, ки дардатро бубинам.

Ҳамеша дар дилам ёди ту дорам,

Намонда тоқатусабруқарорам.

Биё, раҳме бикун бар ҳоли зорам,

Ба ҷуз тудилбари дигар надорам.

Эй духтари хуҷандӣ балоӣ,

Андар дилу дидаам ту ҷоӣ.

Чанд рўз, ки дар суроғат астам,

Пинҳон шудаӣ, наменамоӣ.

ПЕШАМ НИШИН

Ай парии осмони беҳтарини беҳтарам,

Ошиқат гаштам азизам, меҳри тушуд ҳосилам,

Ай муроди зиндагониям, ба ҳолам раҳм кун

Дил зи дастам дода, бо ёди ту гаштам ҳамқадам.

Ҳар шабе оӣ ба хобам, ҷони ман, то субҳидам,

Субҳ то шаб фикри дурии тубошад дар дилам.

Дил ҳаме хоҳад, ки умре пеши ман бошӣ, вале

Даст кўтоҳ астуменолам кунун аз бори ғам.

Ман намедонам париӣ, ё ки ҳури осмон,

Як гули ноёфт ҳастӣ туба боғи ошиқон.

Васфи зебоии рўят дар ҷаҳон овоза шуд,

Пас чи сон гардӣ насиби ман ту, хушрўи замон.

Ҳар гаҳе абрўвумиҷгони тумеояд ба ёд,

Дил бигардад пора-пора, рўзи ман бошад хароб.

Раҳм кун бар ҳоли зорам, якнафас пешам нишин,

Пас намонад дар дили мискини ман ранҷуазоб.

ЗИНДАГӢ

Боз як рўзе гузашт аз зиндагӣ,

Бо ҳазорон дардубо ошуфтагӣ.

Сўзи ҳиҷрон мефишорад синаам,

Дида гирён аст аз ин дармондагӣ.

Боз бо ёди тугаштам хунҷигар,

Дил ҳамехоҳад равад берун ба дар.

Он чунон талх аст дурӣ, талхи заҳр,

Рўзу шаб аз ҳаҷри ту хокам ба сар.

Рўзи нав сар мешавад, ғавғои нав,

Бо ғамуандўҳубо савдои нав.

Нам шуда аз ашки чашмам бистарам,

Зам шавад бар дарди манн ғамҳои нав.

Эй Худо, аз умр навмедам макун,

Аз балою душман эминам бикун.

Ман надорам ғайри туфарёдрас,

Бар аз ин пастию бар зинам бикун.

БЕҚАРОРАМ

Эй муроди зиндагонӣ,

Эй умедуорзу.

Гоҳ-гоҳе ёди мо кун,

Ёди ёри ёратро бикун.

Бас, ки дуриат гарон аст,

Нестӣ фарёдрас,

Менависам сўзи дилро,

То шавам ман ёдрас.

Илтиҷо дорам расонӣ,

Номаамро, хаткашон.

То хабар ёбад Нигорам,

Аз мани бехонумон.

Ман надорам нозанинам,

Тоқати ҳаҷри туро.

Беқарорам, беқарорам,

Ҷони ширинам, биё.

ПАДАРҶОН

Шабе бигзашт, ман бедор ҳастам,

Зи сўзумотамат бемор ҳастам.

Падардорӣ бувад давлат ба дунё,

Турафтивукунун ман хор ҳастам.

Ҳар он гоҳе туро бар ёд орам,

Ҷаҳонам мешавад торикон дам.

Наметонам фаромўшат намоям,

Ҷамолат пеши рўям ояд ин дам.

Фақат бо ёди туман менавозам,

Суруданҳои туман зинда созам.

Чунон талх, эй падарҷон, бе тубудан,

Ба оби дида дунё ғарқ созам.

Падарҷонам, ҷавон рафтӣ зи олам,

Ҳамеша фикри ту, ёди тудорам.

Зи ман танҳо расад бар тудуое,

Дари ҷаннат ба рўят боз хоҳам.

МОДАРАМ

Модарам ҳар дам, ки ёдат мекунам,

Ашки чашмам худ ба худ дарё шавад.

Нест дар олам касе, ки пеши ман,

Қадри ў аз қадри ту боло шавад.

Оҳ, модар, ман кунун донистаам,

Аз тудур афтода дар зиндони танг.

Ғайри тудигар надидам ҳамдаме,

Ки маро бар ёд орад бедиранг.

Ман, ки фарзанди нахустини туям,

Меҳри ман беш аст дар руъёи ту.

Ту Мунирам ном мондӣ бо умед,

То мунаввар бошад ин дунёи ту.

Ҳеҷ надорам тарс аз зиндони тор,

Аз ғамуаз ранҷҳои бешумор.

Ёди ту ҳар дам маро гирён кунад,

Рўзи равшанро намояд шоми тор.

Як хато кардам, бубахшо, модаро,

Ин хато карда маро аз ту ҷудо.

Ман гунаҳгорам, вале гирёнӣ ту,

Кош Раб созад туро аз ғам раҳо.

Модарам, аз ман ту асло ғам махур,

Он чи мехурдӣ, аз он ҳеҷ кам махур.

Дар дилам ҳар лаҳза дар пеши туям,

Гарчи ин дам ҳастам аз назди ту дур.

Шукри он дорам, ки ҳастӣ, модарам,

Ганҷи ман бошӣ, тудурругавҳарам.

Гар Худо хоҳад, зи зиндон вораҳам,

Якарўсе ҳадя бар туоварам.

То бигардад баҳри туўдастёр,

Бар падар гардад чудухтар меҳрдор.

Аз ҳама ғамҳо раҳо созам туро

Рўзушаб дар хизматат гирам қарор.

ДОДИ ЗИНДАГӢ

Хуб мешуд гар ниҳоли бесамар мебудаме,

Аз азал дар ин ҷаҳон ман дар ба дар мебудаме.

Шуд хазон умрам ба фикри хонавуфарзандҳо,

Гар намебуд ин ҳама ман бехабар мебудаме.

Эй Худоё, аз чӣ ин ҷабруситам бар ман раво,

Сол ба панҷо рафт ҳоло ҳам шабу рўзам сиё.

Бо кӣ гардам ҳамнафас, ў пешпоям медиҳад,

Бо кӣ ҳамроҳӣ кунам, месозадам ў бенаво.

Он қадар моле, ки сарф кардам ба ёру дўстон,

Ман худамро мешумурдам Ҳотами Тойи замон.

Ҳар замон мегуфт манро завҷаам аз сўзи дил,

Сарфи беҳуда надорад хосият инро бидон.

Буда ёронам шабурўзона меҳмони дарам.

Ҳеҷ танҳоям намемонданд ҳамчун чокарам.

Васф мекардандуаммо хокбар чашмамзаданд,

Нест аз онон касе имрўз дар пешубарам.

Хонавуҷоям ҳама рафтанд ногаҳбехабар,

Завҷаидилҷўвуфарзандонбигаштандарбадар.

Худба кунҷимаҳбасафтодам, Худо, бечораам,

Якгуноҳе, кинакардам, гашта манро дардисар.

Гар намебуд завҷавуфарзанд, парвоям набуд,

Таркмекардам ҳаётуфикри дунёям набуд.

Бар худамҳаргиз надонамманраво инзиндагӣ,

Хотири он рўзгорам гар чӣ рўзгоре набуд.

Ман ба ёди он зануфарзанд тоқат мекунам,

Пешиту, Аллоҳ, фақат сўзунадомат мекунам.

Гар Худо хоҳад, рахо аз банди ин зиндон шуда,

Пешашон меоямусадҳо муҳаббат мекунам.

ҲИСОРАМ

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,

Ба дидори ватан манро ниёз аст.

Худовандо, маро он ҷо расонӣ,

Ҷигарбандам ба роҳам интизор аст.

Ҳисори ман аҷоиб сарзаминӣ,

Ту меҳмондўстӣ, одамқаринӣ.

Зи кўҳҳоят равон оби зулол аст,

Тучун як боғи фирдавси заминӣ.

Ҳазорон шаҳрҳоро тай намудам,

Ҷавониям адо дур аз диёрам.

Намехоҳам дигар бошам зи тудур,

Ҳамеша ҳамраҳат бошам Ҳисорам.

Равам ҷое, ки хуни нофи ман рехт,

Сари гўри падар, модар нишинам.

Зи фарзанди шаҳидам ёд орам,

Равад аз дил гиреҳуормонам.

ҚАФАС

Яке чашми ман афтоде ба равзан.

Ба фикр овора дар зиндони пурнам,

Дучуғзе байни худ бо баҳс саргарм.

Намуда сўи ман наззора ҳар дам.

Яке мегуфт сўи ҷуфташ ин сон:

“Аҷаб махлуқ бошад одамизод,

Ҳама ҳайвонупарранда кунад банд,

Намемонад, ки мо бошем озод

Қафасҳо сохта тиловузарранг,

Ҳамесозад ҷудо модар зи фарзанд.

Яке буд дар қафас дар гўшаи бом,

Дигар буд пеши дар занҷир ба гардан.

Кунун мебинам ин иллат дар одам,

Фитода дар қафас ҳолаш шуда танг.

Намонда ҷонваре дар рўи дунё,

Ки одам одамиро мекунад банд”.

БА ТАҚДИР ТОҚАТ МЕКУНАМ

Ман ба ҳар амрат ҷаноби қозӣ бовар мекунам,

Ҳар кадом ҳукме раво бинӣ, итоат мекунам.

Кардаам содир гуноҳупеши қисмат чора нест,

Аз азал дар қисматам будаст, тоқат мекунам.

Лек бовар кун, ҷаноб, арчи хато айби ман аст,

Ғурбатуозори фарзандузани манро нигар.

Ман ба маҳбас ҷой гашта, ҷои тинҷе ёфтам,

Кўдакиман дарба даргардида хокашбарсараст.

Ман намесозам дигар такрор он саҳвухато,

Соли ман як ҷо расид, дигар намезебад маро.

Ними нон бо косаи об бас бувад манро дигар,

Пеши фарзандон будан беҳтар бувад аз дуриҳо.

ЁДИ ПАДАР

Падар хобам барад, хоби тубинам,

Ба бедорӣ ба ёди тунишинам.

Намедонам чи сон созам, ки ёдат,

Бувад доим ягона ҳамнишинам.

Ҷавон рафтӣ, падар, аз байни ёрон,

Ба ёди тубирезам ашки сўзон.

Дар ин дунёи пур аз дардумотам,

Маро танҳо бимондӣ, эй падарҷон.

Саҳаргоҳон равам ман бар мазорат,

Ба қабли хаста пеши тузиёрат.

Намехоҳам туро ман мурда гўям,

Бихоҳам зинда гўям то қиёмат.

Падар хобам барад, хоби тубинам,

Ба бедорӣ ба ёди тунишинам.

Намедонам чи сон созам, ки ёдат,

Бувад доим ягона ҳамнишинам

МОДАРИ ҶОН

Саломусад салом, эй модари ҷон,

Фиристам ман паём аз кунҷи зиндон.

Гирифторе шудам аз дасти тақдир,

Дилам садпора шуд хотир парешон.

Нишаста назди ман ёрурафиқон,

Насиҳат мекунанд аз субҳто шом.

Ки ин ҷо ҷои ғам хўрдан набошад,

Зи по афтӣ, тугардӣ бесаранҷом.

Вале модар чӣ сон бефикр бошам,

Ба кӣ лаб во кунам, ки бегуноҳам.

Ба ғайри ман туро не дастёре,

Ки бошад такягоҳи ту дар ин дам.

Ба чашмам гашта ҳалқа ашк модар,

Надорам назди туёрубародар.

Худоё, ин чи рўзе бар сари ман,

Ки як фарзандаму дур аз ту модар.

Вале модар ту бояд зиқ набошӣ,

Дуоят мекунам пурсабр бошӣ.

Туҳам дар ҳаққи фарзандат дуо кун,

Агарчанде ки аз манн қаҳр бошӣ.

Худо хоҳад, ба пешат мебароям,

Дари шодӣ ба рўят мекушоям.

Чи озоре, ки дур аз ман кашидӣ,

Қасам бо ту, ки аз дил мебарорам.

НОМА БА АЗИЗИ ДИЛАМ

Ман бароят байт иншо мекунам,

Шиквае аз сўзи ҳиҷрон мекунам.

Тўҳфаам ночиз бошад, қадр кун,

З-он, ки тақдим аз дилу ҷон мекунам.

Ту, азизам, ҳастӣ бар дардам даво,

Ман ба ту як умр бошам мубтало.

Мовутудучашми якрухсораем,

Дур нейемувале аз ҳам ҷудо.

Ман зи Оллоҳ шукр дорам ҳар нафас,

Риштаи умрам Худо бо тубубаст.

Аз туҳосил меваи дунё шудам,

Рўзушаб дар дил маро шукрона аст,

Гарчи дурам аз ту, бо ёди туам,

Кунҷи маҳбас зори дидори туам.

Нест ғайри тумаро дар дил ҳавас,

Ман асируошиқи зори туам.

ДУБАЙТИҲО

Сари роҳат нишинам ҳар пагоҳӣ,

Ки шояд во кунӣ дарро, бароӣ.

Ду-се рўз аст, рўятро надидам,

Магар қаҳр кардаӣ, сўям наоӣ.

Нигорам, ҳар даме ёди тудорам,

Ба дил орзуи дидори ту дорам.

Чуоҳумехиромӣ гўшаи боғ,

Шавам сайёдудар домат дарорам.

Шаб астуман ситора мешуморам,

Ба моҳи чордаҳназзора дорам.

Зи баҳри ман гузаштӣ, махзани ишқ,

Туро ман бар Худоям месупорам.

Ҳаво абр аст, аммо нест борон,

Зи дурии гулам ҳастам парешон.

Мусулмонон, бубинед чораи ман,

Ба айби нокасе ҳастам ба зиндон.

Ало, эй моҳрўи сарвпайкар,

Дуоят мекунам аз кўча бигзар.

Таманнои дилам дидори рўят,

Сари роҳат нишастам чун қаландар.

Зи шаҳри ман гузар кун абри пурнам,

Ту нам-нам бору тар кун манзили ман.

Саломамро расон бар маҳҷабинам,

Бигў: ёрат асирупой дар банд.

Ба сўи боғ рафтам сайри гулҳо,

Бидидам нозанине шишта танҳо.

Парешон гесувонаш рўи сина,

Ба зебоии худ дорад таманно.

Сабо овар(д) хабар аз кўи ёрам,

Ки ман беҳуда ўро интизорам.

Ба нокас ҳамнишин гашта азизам.

Мани сарсахт инҷо беқарорам.

Азизонам ба дунё дил набандед,

Шавед армонивунавмед гардед.

Ки дунё бар касе тавфиқнакардаст,

Расад навбат паноҳбар хокгардед.

Замин набвад ба одам мол эй ҷон,

Фаромўш соз ин фикри парешон.

Туто дорӣ рамақ дар рўи онӣ,

Шави молаш чу аз тан меравад ҷон.

Зи Оллоҳ тўҳфа бар одам ҳаёт аст,

Ки ўро баҳри кас як бор додаст.

Накарди тўҳфаашро қадр имрўз,

Пушаймони туро фардо дучор аст.

Чаро бошам зи умри хеш хуррам,

Ҳамеша ҳамраҳи ман ғуссавуғам.

Маро баҳри ситамҳо офариданд,

Ба дил дорам ҳамеша сўзумотам.

МОДАРАМ

Модарам, ҷонудилам, тоҷи сарам,

Муниси танҳоивуғампарварам.

Менависам баҳри туин достон,

Васфи туто осмонҳо мебарам.

Тушарики шодивуғамҳои ман,

Ҳамраҳи пастубаландиҳои ман.

Гар ман уфтодам дили ту захм шуд,

Эй сипар андар ҳама дунёи ман.

Беҳ зи ҷонат дўст манро доштӣ,

Ин қадар нози маро парвардаӣ.

Аз азоби зиндагӣ тарсат набуд,

Умри худро сарфи тифлон кардаӣ.

Гарчи аз назди тудуррам, модарам,

Нури туравшан кунад кошонаам.

То даме, ки зиндаиву зиндаам,

Фикри ту, меҳри ту, ёди ту кунам.

ДАР ХАЁЛАМ

Намози бомдодон дар хаёлам,

Туро пеши назар ҷоно биёрам.

Намедонам ту хобӣ, ё ки бедор,

Маро ғам бурдаас(т) хобуқарорам.

Туро ҳар лаҳза пеши рўям орам,

Зи ҳаҷри ту, азизам, дилфигорам.

Маро дурӣ зи ту дард аст дард аст,

Шабурўзон фақат фикри тудорам.

Худо манро бароят офаридаст,

Туро бар ман ҳаме лоиқ бидидаст.

Вале тақдир моро дур гардонд,

Туозодумаро зиндон расидаст.

Ту ҳам донам, ки бо ёди ман астӣ,

Ба қавли додаат истода астӣ.

Зи сахтиҳои умрат шукр гўӣ,

Ту дур аз ман гули пажмурда астӣ.

Машав ғамгин, гули ман, шодмон бош,

Ба ишқи худ сазоворуматин бош.

Худо моро ба пеши ҳам расонад,

Ба ёри худ, ба ёди ман қарин бош.

МОДАРИ ҶОН

Маро танҳо бимондӣ, модари ҷон,

Гузаштӣ аз ҷаҳон қалбат пурармон.

Надидӣ соати некии дунё,

Намудӣ сарф умри худ ба моён.

Намедонам чаро ҳар лаҳза, модар,

Маро танҳо бувад ёди тубар сар.

Ҳамеша пеши рўям менамоӣ,

Ба ҷуз фикрат надорам кори дигар.

Ғами худро намехўрдӣ туҳеҷ гоҳ,

Ба дарди дигарон будӣ туҳамроҳ.

Азобуранҷи худ бар кас нагуфтӣ,

Ҳамеша такя мекардӣ ба Оллоҳ.

Чи сон қадри туро модар надонам,

Ба сад уммед кардӣ хонадорам,

Надида роҳат аз дунё гузаштӣ,

Кунун ман дар фироқат нола дорам.

Нишаста кунҷи маҳбас ман пурармон,

Ба ёди тубирезам ашки сўзон.

Дуо гўям, ки руҳат шод бошад,

Ба ҷаннат ҷой бошӣ, модари ҷон.

ОШИҚИ ЗОР

Фироқат карда ошиқро ҷигархун,

Куҷо созам дигар ин қалби пурхун?

Маро бе туҷаҳон рўшан набошад,

Туро бинам даме, бошам дигаргун.

Чаҳоряк аср умрам бо тубигзашт,

Тавонам рафт, пириям расида.

Чаро бошам кунун аз ту ҷудо ман,

Кадомин чашми бад моро расида.

Зи ҳаҷри тунависам номаамро,

Ҳама розам, ҳама дардуаламро.

Анисам, гар тудардамро надонӣ,

Ба кӣ гуям табу сўзи диламро?

Нишаста андаруни чор девор,

Набитвонам равам пешат ба дидор.

Паёмамро зи дурӣ қадр бинмо,

Манам он Шаҳриёри ошиқи зор.

ДУБАЙТИҲО

Зи ман дуру ба қалбам ҷой бошӣ,

Бароям ҳамдамуҳамроз бошӣ.

Биё, ай нозанин, ҳолам хабар гир,

Ки дарди синаро дамсоз бошӣ.

Қади сарви тубошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Қади сарви тубошад зеби бўстон,

Фидоят мекунам ҷонро, париҷон.

Ба гулзорат дароям, гул бичинам,

Биё, ҷоно, дар оғўшат бигирам.

Надорам тоқати рўзи ҷудоӣ,

Бимон андар канори тубимирам.

Ситора дар само шабёна дора,

Ҷилои чашми тудевона дора.

Насибам кун, Худо, дидори ёрам,

Ки қалби ман дигар тоқат надора.

Ҳамеша ёди ту дорам ба дил ҷо,

Маро ғайрат набошад фикри дунё.

Худам зиндонивуёди тудорам,

Чаро ҳолам намепурсӣ, нигоро.

Ало, ҷоно, ба холи туасирам,

Ҳамеша бо хаёли тубигирям.

Агар сад ёр пешам дошта бошам,

Ҳамехом пеши пои тубимирам.

Дар ин кую гузар меҳмонам, эй ҷон,

Зи дасти бахти бад сарсонам, эй ҷон.

Фитодам маҳбасуҳолам табаҳшуд,

Кунун аз ҳаҷри туҳайронам, эй ҷон.

Туро холи лабат зебанда бошад,

Дучашмонат ҳаме рахшанда бошад.

Бимирам дар ғами ишқат нигоро,

Маро бе туҷаҳон равшан набошад.

ШАБИ ТОРИК

Шаби тор аст, ман бедорӣ дорам,

Зи равзан бар само наззора дорам.

Панаҳкар(д) пораи абр рўи маҳро,

Ҷаҳон торик шуд, ғам гашт ёрам.

Ҳама он ёди ширин ёд дорам,

Тубуди сарвинозам дар канорам.

Ҳавои хонаам пур буд зи атрат,

Дигар манро набуд парвои олам.

Гузашт он рўзҳои неки дунё,

Ҷудо карда кунун тақдир моро.

Нишаста бар само наззора дорам,

Ки боре ҳам бубинам рўи моҳро.

Ба ҳар гармовусармо тоб дорам,

Ба зиндонам, вале парво надорам.

Маро як дард шуд ҳаҷри рухи ту,

Ба ёди дурии ту нола дорам.

БАРОДАР

Бародар, омадӣ чун меҳмоне,

Нишастӣ назди моён якзамоне.

Бихондӣ шеърҳоям гашта мамнун,

Маро шодӣ бидодӣ як ҷаҳоне.

Маро шеърам давои дард бошад,

Худо манро на шоир офаридаст.

Вале чун бишнавам сўзи бародар,

Ба ўшеър офарам, фарзам ҳамин аст.

Ту ҳам бошӣ чу ман як дилшикаста,

Ба маҳбас ҳамраҳи ёрон нишаста.

Ту ҳам аз зиндагонӣ ҷабр дидӣ,

Раҳоият муаммоест баста.

Худо бошад туро доим нигаҳдор,

Ба раҳмушафқаташ бошӣ сазовор.

Ба ёруҳамраҳон некӣ намудӣ,

Расад некӣ туро аз Офаридгор.

БА ЁД ОМАД

Зи қабристонгузар кардам, ҷавониям ба ёдомад,

Ҷамолатпешичашм,оншаҳдигуфторатбаёдомад.

Сафедиҳои мўят барфи навборро шабеҳе дошт,

Ба рўи ҷонамоз ожанги рухсорат ба ёд омад.

Ту умре, модарам, дар фикри ободии ман будӣ,

Мани гумроҳро бингар, кунун ёди туёд омад.

Наметонам, ки бо ин нолаҳо умрам қафо орам,

Фақат модар ғамударде туро додам ба ёд омад.

Туҳам будӣ замоне тозавутар рўи ин дунё,

Пайи хушбахтии мо кор мекардӣ тусубҳушом.

Барои бахти мо аз бахтутахти худ гузар кардӣ,

Зи дунё даргузаштӣ, зери хокосудавуором.

Тавонӣ бахш бар ман модаро ҳар якхатоямро,

Ки умр аз нисф бигзаштумаро пирӣ ба ёд омад.

Ба рўҳат ман дуо созам дуоямро қабул бинмо,

Ки фарзанди бамеҳратро кунун ёд аз дуо омад.

ИНТИЗОРӢ

Хамушам ман даруни сина холӣ,

Вале ашкам зи чашмам ҳаст ҷорӣ.

Диламро тавба додам, ки нагиряд,

Набошад умри кас бе ранҷухорӣ.

Ба душвории дунё тоб дорам,

Надорам шиква аз дунё, надорам.

Зи тақдирам наменолам манулек,

Ғамам яктост – бе ту беқарорам.

Харобам карда ин дарди ҷудоӣ,

Диламро забт карда беқарорӣ.

Асирам ман ба зиндонам, чӣ созам,

Маро якчора мондаст: интизорӣ.

МОДАРАМ

Модарам, зода маро ғам дидаӣ,

Рўзи хушро ин қадар кам дидаӣ.

Аз азал баҳри манат ғам буд фузун

Ҳар замон андўҳумотам дидаӣ.

Тарбият додӣ, маро кардӣ калон,

Бо умедҳо кардиям мактаб равон.

Якҷавоне ман шудам қоматбаланд

Фахри ту буд аз замин то осмон.

Тўй дода, хонадорам кардаӣ,

Орзўи бешуморам кардаӣ.

Ҳар гаҳе тобам нашуд, хобат гурехт

Зориҳои бисёрам кардаӣ.

Fам ҳамеша ҳамраҳи ту, модаро,

Кош дар дунё намезодӣ маро.

Бурда фарзанди тумаҳкам кардаанд

Тарккарда хоб чашмони туро…

Модарам, умре азобат додаам,

Дардуранҷи беҳисобат додаам,

Гар тавонӣ, бахш, иштибоҳи ман

Хоб мебинам, ки обат додаам.

ИНТИЗОРАМ

Маро буд бо тудунёям дигаргун,

Ҳаётам буд баҳори сабзи гулгун,

Даме, ки туҳфа фарзандам намудӣ

Чун ман хушбахт кам буде ба гардун.

Кунун шодӣ ҳама поён расида,

Туро, ҷонам, ғамусавдо расида.

Ту, фарзандам, даме оғўш созӣ

Равон гардад зи чашмат оби дида.

Чи созам, ки чунин тақдир буда

Маро аз ҳамсари худ дур кардаст,

Даме ёдам расӣ, дудам барояд,

Саропоям ҳама андўҳудард аст.

Азизам, ман ба сахтӣ тоб орам,

Зи даргоҳи Худо умед дорам,

Ки рўзе мерасад як ҷо шавем мо

Фақат бо хотири туинтизорам.

БА МОДАРИ МУҲАММАДҶОН

Аё модар, бароям сўхтӣ ту,

Ҳаме дида ба роҳам дўхтӣ ту,

Ба умеди ҳақиқат сабр кардӣ,

Ба роҳам чашми дилро дўхтӣ ту.

Надонистӣ ҳақиқат аз Худо аст

Ба пеши ўниҳонҳо ошкор аст,

Ба ноҳақгар маро маҳбус карданд,

Пагоҳқозиашон Парвардигор аст.

Махўр ғам, модари ҷон, бегуноҳам,

Ба ғайри туғами дигар надорам,

Худо, бошӣ саломат бар сари ман

Ба умеди тудар дунё қарорам.

Туро, модар, чуҷонам дўст дорам,

Ҳамеша фикри ту, ёди тудорам,

Бароям қиблаи умед ҳастӣ,

Сари таъзим пешат мегузорам.

ХАЙРИ АЛЛОҲ

Писарҷонам, ҷавон рафтӣ зи наздам,

Намегирям, зи ҳаҷр хомўш ҳастам.

Намехоҳам бигўям даргузаштӣ,

Бигўям: бо туҳамоғўш ҳастам.

Намедонӣ чи сонат дўст дорам,

Ба рўи қабри тугул мегузорам,

Надидам гул, ки зебо аз ту бошад,

Аз ин гулдастаам худ шарм дорам.

Ҳамон китфуқадураҳгаштани ту,

Ба наздам шиштанухандидани ту,

Ба ёдам мерасад дил мезанад гум

Надидам дар чаҳон зеботар аз ту.

Дар ин дунё ба мисли меҳмонем,

Расад рўзе, ба қабре сар бимонем.

Вале ҳоло ғами туҳамраҳи ман

Ба кўйи турасонад ин раҳи ман…

ЁДИ ТУ ДОРАМ

Аз ин ҷо то Хуҷанд сабза дамидаст,

Дар ин ҷо буданам аз сарнавишт аст.

Хаёлам нисфи умрам аз тудурам

Агар чи сол якакнун гузаштаст.

Дами субҳ астуман ёди тудорам,

Даруни сина фарёди тудорам,

Худамро пеши мардум мард гирам,

Валекин аз ғами тудилфигорам.

Насим ҳар дам биёрад бўи атрат,

Ҷудоӣ аз ту бар ман сўзу дард аст,

Бигирям кунҷи дил аз чашм пинҳон

Чӣ талхушўр, ҷонам, ашки мард аст.

ДИЛАМ ФИДОИ ТУ БОД

Хуш омадӣ, ба кулбаам, дилам фидои тубод,

Сари баланди ман имрўз хоки пои ту бод.

Ба манзили ман омадивуназди ман ҳастӣ,

Тамоми нозу неъмати фалак барои тубод.

Расид фасли баҳор, лолаву насрин бишукуфт,

Гулу себарга чу қолин ба пеши пои ту бод.

Канори соҳили дарё ба таманнои висол

Расам даме ба висол, ҷони ман фидои тубод.

Маро ба ҷуз тунамондаст ҳавою ҳавасе

Ҳама ашъори Шаҳриёр дар санои тубод!

ҶАВОНӢ РАФТ

Ҷавон будам, ҷавониям зи дастам рафт,

Баҳори зиндагониям зи дастам рафт.

Гумон кардам ҷавонӣ ҷовидон бошад

Ҳавасҳои ниҳониям зи дастам рафт.

Куҷо шуд он ҳама бе фикр гаштанҳо,

Зи баҳри лоларуён дил тапиданҳо,

Агар як лаҳза аз маъшуқа дур монем

Ба худ печидануфарёд карданҳо.

Кунун бо фикри дунёи дигар бандам

Зи олам ноламудилсард мегардам,

Намуда фикри даврони ҷавониро

Парешонам, пурармонам, пури дардам.

ГУЛИ МАН

Дилам оҳуфиғон дорад, гули ман,

Азоби бекарон дорад, гули ман.

Ба ёди ёри ширин саргарон аст

Ки ғамҳои гарон дорад, гули ман.

Ҳумо астӣ, надонам хонаатро,

Куҷо кобам раҳи кошонаатро,

Ҳама бо ҷуфти худ парвоз дорад

Ҷудо аз ту намоям нолаамро.

Даме биншин ба паҳлуям, баҳорам,

Хабар меёбӣ аз аҳволи зорам,

“Туро баҳри муҳаббат офариданд”

Вафодорӣ намо бар ман, нигорам.

ҲАМРОЗ

Канори соҳили дарё

Нишаста яккавутанҳо,

Ба гўши ман ҳамеояд

Садои мавҷи соҳилҳо.

Туҳамрози манӣ, дарё,

Ба ту гўям ғами дилҳо.

Агарчанде ки хомўшӣ

Зи тугирам ҷавобамро.

Тудоим мекунӣ туғён,

Намефаҳмам туро осон,

Бигў рози дилат бар ман

Чи сир дорӣ зи ман пинҳон?

Чу ман бо ту бувад дамсоз

Ҳазорон дилбари танноз,

Вале ҳоло зи ман бошӣ,

Тубо ман гаштаӣ ҳамроз.

ОМАДӢ

Бирафт аз ман қарорусабрутоқат

Ба наздам омадӣ ту бо дили сард,

Тузахми кўҳнаамро боз кардӣ

Зи нав қалбам бишуд лабрез аз дард.

Маро бар туниёзе, ёри ҷонам,

Зи манн дур астӣ, ин ҷо саргаронам.

Ҳар он дам, ки ба хотир рўят ояд

Дилам хун мешавад, эй меҳрубонам.

Туро беҳуда хорӣ менамудам,

Ҳама дам дилфигорӣ менамудам.

Чи коре мегузашт аз байни моён

Зи рўи дўстдорӣ менамудам.

Бидонам, қадри ёрат хуб донӣ,

Туоқил ҳастию ҳам меҳрубонӣ.

Махур ғам з-он, ки дур астам зи пешат

То доим дар танам монанди ҷонӣ.

БА ЗИНДОНАМ

Ба зиндонам, ба зиндонам, ба зиндон,

Намедонам куҷост оғозуанҷом,

Гирифторам ба гирдоби фалокат

Раҳоиям надорад ҳеҷ имкон.

Куҷо ёбам раҳоӣ ман зи маҳбас

Надорам раҳнамовуёрупайванд,

Ғами беҳуда дорам, гиряам зўр,

Нафас андар гулўям монда дар банд.

Кунун бар ман ҷаҳон бегона бошад,

Маро як кунҷи маҳбас хона бошад,

Дилам аз интизорӣ хаста гашта,

Висоли ёр чун афсона бошад.

Худовандо, маро қувват ато кун,

Маро аз банди ин зиндон ҷудо кун.

Ба номи Ту фақат ман зинда бошам

Ва ё ҷонам бигир, аз ғам раҳо кун.

БЕМОР МЕГАРДАМ

Ба ёди рўи ту, ҷонам, кунун бемор мегардам,

Аз ин манзил ба он манзил қаландарвор мегардам,

Фироқатро намудам ҳамраҳам то зинда бошам ман

Зи ишқат гаштаам девона, Маҷнунвор мегардам.

Назар бар суратат кардам, инонам рафт аз дастам,

Зи танҳоӣ ҳаме чун соя бар девор мегардам.

На аз ту, балки аз тақдири бад имрўз нолонам

Чу гул, эй гул, шукуфтӣ лекман афгор мегардам.

Ҳаётам сўхтӣ, ҷонам, маро партофтӣ, рафтӣ,

Ба назди ёрудушман бо дили ғамдор мегардам.

Бароят бахт мехоҳам, ки бар хурсандӣ меарзӣ

Туро хушбахт бинам, якнафас бисёр мегардам.

ПАДАРБЕЗОР

Вой бар ҳоли тувухокат ба сар,

Ки падарро ҷой кардӣ пушти дар,

Бо ҳазор умед кардастат калон

Дар дами пирӣ туро шуд дарди сар?

Тунамедонӣ туро дода ҳаёт

Ҳар чие, ки дошт, пеши тугузошт,

Гар набуда давлаташ, айбаш набуд,

Чунки тақдираш Худо он ранг сохт.

Чун ту молик гаштӣ бар моли ҷаҳон,

Аз падар кардӣ ҳазар, ай бадзабон,

Он чӣ дар ҳаққи падар аз ту гузашт,

Сад карат бинӣ зи фарзандат, бидон.

ҲАҚҚИ ПАДАР

Чор додар, чор ёри меҳрубон

Бо ҳазор умед падар карда калон,

Ҳар яки мо ғам фузунаш додаем

То шуда дар зиндагонӣ комрон.

Баҳри ризқи мо кашида ранҷҳо,

Луқмаи нони ҳалолаш шуд раво.

Заҳмати бисёр пираш кардааст

Мондааст акнун умеди ўба мо.

Пас биёед ин, ки мо фикре кунем

Мо зи баҳри ў чӣ коре кардаем?

Гар ба пушт то Маккатуллояш барем

Пеши як рўз заҳмати ўкамтарем.

Мо, бародарҳо, ба ҳам азме кунем

Хизмати модар, падар иҷро кунем.

Бо дуои волидон гардем сабз

Пас аз он бо меҳр сар боло кунем.

ПАДАР

Ба сўи осмон наззора дорам,

Ба фикри ту, падарҷон, дилфигорам.

Намехоҳам туро озурда бинам

Хато кардам, худам ҳам саргаронам.

Падарҷон, дар ҳаётат ранҷ дидӣ,

Вафою бевафоӣ чанд дидӣ,

Басе дидӣ хиёнатҳои дунё

Зи пастивубаландиҳо раҳидӣ.

Ҳама рўзони торат пушти сар шуд,

Ниҳоли киштаи тупурсамар шуд,

Зи некиҳои умр шукронамон буд

Фалокат сар задуандўҳ афзуд.

Намехоҳам туро маъзур бинам

Зи кори кардаам ноҷўр бинам,

Маро дар қисматам имрўз будаст

Ба бист мондам қадам, маҳбаснишинам

Фақат аз ту, падарҷон, узр хоҳам

Дигар пеши касе сар хам наорам,

Ягона орзуи ман ҳамин аст

Сарамро пеши тубар саҷда орам.

ТЎҲФА

Ман ин шеърам зи хуни дил нависам.

Ба номардони дунё ҳадя орам.

Намехоҳам битарсонам касеро

Фақат хоҳам каме ҳушдор созам.

Туҳоло мардро аз по фитонӣ,

Бисўзӣ хонааш бе якгаронӣ,

Насозӣ раҳм баҳри кўдаконаш

Ту захме бар дили он мард монӣ.

Кунун тоқӣ ба пешат монда як дам

Зи кори кардаат андешае кун,

Барои нафси худ охир чӣ кардӣ

Ҷавонеро ба маҳбас зорумазлум.

Машав, аблаҳ, зи кори хеш мамнун

Туҷав кишта, лаин, мехоҳӣ гандум.

Накардӣ раҳм бар бечора акнун

Худо хоҳад, шавӣ расвои мардум.

МЕКУШАД

Оҳ, торикии зиндон мекушад охир маро,

Нолаҳои сарди борон мекушад охир маро,

Даст кўтоҳаст гирам аз гиребони фалак

Қатра-қатра заҳри ҳиҷрон мекушад охир маро.

Гарчи дурии висоли ёр дардам медиҳад

Дидани ашкаш ба мижгон мекушад охир маро

Пораи ноне, ки гирам аз гулўям нагзарад

Фикри ризқи кўдаконам мекушад охир маро.

Ман намедонам чи сон сўзи диламро рўкунам,

Андарунам дарди пинҳон мекушад охир маро.

Гар зиҳоламдўстонамбехабар будфарқнест,

Огаҳии душманонам мекушад охир маро.

Пой дар банд. Шеър дар дил.

Байтҳои ин замонам мекушад охир маро.

МЕРАСАД

Зиндагии мо ба поён мерасад,

Навниҳолемузимистон мерасад.

Буд аз мо пеш дар даҳр одамӣ

Аз паси мо насли инсон мерасад.

Бехабар даври ҷавониҳо гузашт,

Майда – майда даври пирӣ мерасад,

Тансиҳат будем, бепарво будем,

Нотавонивуҳақирӣ мерасад.

Аз паси айшутараб, нокомиҳо

Ҳар яке бо навбат ин дам мерасад,

Гар набудем меҳрубон бо волидон

Пас зи фарзандон ба мо ҳам мерасад

Рўзу шаб дар фикри молу манзилӣ,

Шукр кун, ризқ аз Таоло мерасад.

Гар тавонӣ, тухми некиро бикор

Бар туҳам некии дунё мерасад.

ДИЛАМ САРД АСТ

Маро ғам ёруғурбат ҷуфти ҷон аст,

Ҳамеша ашказ чашмам равон аст.

Дилам сард аст аз ин сон зиндагонӣ,

Кунун ҷонам ба тан бори гарон аст.

Ба дил гирам ҳама дарди замона,

Зи дарди худ вале бошам канора.

Агарчи хастаам аз сўзи ҳиҷрон,

Наорам пеши нокас якибора.

Агар ашкам ниҳон андар гулўаст,

Наменолам, агарчи дард зўр аст,

Намехоҳам шавам вирди забонҳо,

Нагўяндам ҳақируносабур аст.

Маро талхаст танҳоӣ кашидан,

Ҳаме заҳри ҷудоиҳо чашидан.

Тараҳҳум кун, ки ман дигар натонам,

Дар ин олам нафас бе тукашидан.

ҒАМ МАХУР

Ғам махур, дунё намеарзад ба ғам,

Мебарад ғам одамиро то куҷо.

Кас надонад омади фардои худ,

Аз куҷо ояд фалокат, то куҷо?

Ёд дорӣ аз гузашти зиндагӣ,

Тукуҷо будивуин зиндон куҷо?

Банд будӣ дар паи дунёи худ,

Он ҳама беҳуда рафторат чаро?.

Ин замон дур аз диёрат мондаӣ,

Ман намедонам, ки ёронат куҷо?

Ҳалқа гашта ашк дар чашмони ту,

Нола дорӣ, оҳуафғонат куҷо?

Якзамон андеша кун, эй Шаҳриёр,

Бар сарат омад фалокат аз куҷо?

Ҳеҷ кас дар ин ҷаҳон бе айб нест,

Пас худат донӣ, хатоят аз куҷо?

НИГАҲ ДОР

Худовандо, худат моро нигаҳдор,

Намон, к-аз душманон бинем озор.

Дар ин манзил ҳама бо ғам қаринанд,

Набошад ғайри тумўнисуғамхор.

Бигир моро худат андар паноҳат,

Набин лоиқ ба мо ҷабру надомат.

Дар ин дунё гуноҳи мо зиёд аст,

Тубошӣ қозии рўзи қиёмат.

Ба кунҷи маҳбаси торикҳастем,

Валекин дар паноҳи тунишастем.

Хато аз мо гузашт, авф аз ту бошад,

Ба уммеде сари таъзим ҳастем.

Нишаста гирди дастархон рафиқон

Ба ҳамдигар намоянд роз эшон.

Ҳама неъмат бувад ин ҷо муҳайё,

Ба ҷуз озодивудидори хешон.

Худоҷонам ба мо сабре ато кун,

Зи қайду банди ғам моро раҳо кун.

Ба даргоҳат шабурўзона нолем,

Дари озодиро бар мо ту во кун.

ТАВБА КАРДАМ

Дар паноҳи худ нигаҳдорам, Худо

Худ сироти мустақиматро намо,

Дар ҳаётам бас хатоҳо кардаам,

Эй Худо, бахшо гунаҳҳои маро.

Ман мусулмонам, хатое кардаам

Пайравии роҳи шайтон кардаам,

Баҳри нафсам, баҳри нонузиндагӣ

Ҷои худро кунҷи зиндон кардаам.

Оҳ, акнун мекашам озори хеш,

Мондаам танҳо ба ҳоли зори хеш.

Фикр бандам мекунад шомусаҳар

Ман намеёбам илоҷи кори хеш.

Гар хато кардам, Худоё, дидаӣ,

Оҳи фарзандони ман бишнидаӣ,

Худ раҳоям кун аз ин банду бало

ТуРаҳим астӣ, Худо, бахшандаӣ.

Пеши ту бошад ҳамин дам рози ман,

Нашнавад дигар касе овози ман,

Раҳми ман кун, раҳми фарзандам бикун

Ғайри тукудар ҷаҳон ҳамрози ман?

РОЗИ ЗИНДОНӢ

Бишнав, эй ҷон, бар тугўям рўзгори талхро,

Рози ин зиндонии уфтодавусарсахтро.

Ман ҳамехоҳам зи ҳолам пеши тулаб во кунам,

Баски дурӣ аз барам, дардам ба коғаз ҷо кунам.

Кас набошад рўи олам бехато назди Худо,

Моҳи тобон айб дорад, ҷони ман, бовар намо.

Гар ба ҳар як айб инсонро ба маҳбас ҷо кунанд,

Пас намемонад дар озодӣ касе зери само.

Пеши Яздон бас гунаҳҳо кардаам, шармандаам,

Ман азобам мекашам то он даме, ки зиндаам.

Баъди мурдан рўзи машҳар боз мебинам ҷазо

Қозиям Парвардигорупеши ўман бандаам.

Нек бингар сўи ман, монанди ту як одамам,

Гар хатое карда бошам, сар фуруд овардаам,

Дур кун теғи ҷаҳолат аз гулўям як замон

Бин, ки аз роҳи хатои зиндагӣ баргаштаам.

ДУХТАРАМ

Ба Худо шукр кунам, шоми сияҳ поён аст,

Фараҳи субҳкунун дар баданам чун ҷон аст.

Дилам аз шавқ ба рақс омадаву шодам ман,

Ҷигарам, духтарам имрўз маро меҳмон аст.

Тугули боғи манӣ, моҳи шабистони манӣ,

Моҳбо ин ҳама нур пеши рухат ҳайрон аст.

Чуба лаҳни шакаринат сухан оғоз кунӣ,

Булбул аз шарм ба кунҷе зи назар пинҳон аст.

Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,

Хандаи лаъли лабат қалби маро дармон аст.

Набувад ҳадя маро беҳ зи ту рўи олам,

Ба раҳи омаданат ҷони падар қурбон аст.

РУБОИЁТ

Рўят, санамо, чуофтоби саҳарӣ,

Дил бурда зи ман сўи дигар менигарӣ.

Раҳме тубикун ба ҳоли ин сўхтадил

Аз мо чи шуда, ки ноаён мегузарӣ.

Дар рўи замин шабнами тар мебинам,

Дар пеши шумо ёри дигар мебинам.

Ман содда будам, ки бар шумо дил додам

Аз дасти шумо сўзи ҷигар мебинам.

Аз ишқи тубеморупарешонам ман,

Аз дурии тухаробугирёнам ман.

Рўзе бишавад, туро бигирам ба канор

Дар гўши тусад рубоӣ мехонам ман.

Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Аз дурии туазовумотам дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳмакун ҷониби ман,

Сўзон ҷигарудидаи пурнам дорам.

ДУБАЙТИҲО

Нигоҳат мекунам дил пора-пора,

Садоят мекушад, аммо чи чора.

Агар ҷаллоди ҷони ман тубошӣ,

Бимирам дар раҳат боке надора.

Мусулмонон, дили ман нола дорад,

Ба даргоҳи Илоҳӣ зора дорад.

Бигўям рози худ бо ту, Худоҷон,

Рақибам бар ғамам парво надорад.

Нигоҳи чашми тумастона бошад,

Лабони нозукат паймона бошад.

Аз он паймонаат хоҳам бинўшам,

Зи ту дурам дилам девона бошад.

Мусулмонон, бубинед ёри манро,

Қашангунозанин дилдори манро.

Ба кўи нокасе манзил гирифтаст,

Намепурсад дили ғамбори манро.

Ба ҷони ман ҷафо кардӣ, ситамгар,

Ба кўи туравонам чун қаландар.

Таги дар омадам дар во намеша,

Хаёлам ёфтӣ туёри дигар.

Аз ин ҷо то Ҳисор роҳи дароз аст,

Фироқи тупур аз сўзугудоз аст.

Худовандам ба пеши турасонад,

Ки васли ошиқон бас кори соз аст.

Ба кўят меравам ман баҳри дидор,

Худам донам, намеёбам туро, ёр.

Сари роҳат нишинам субҳто шом,

Намеоӣ, зи ман гаштӣ тубезор.

Ба боғат сайр кардам, гул бичидам,

Садои форами булбул шунидам.

Ба гўшам гуфт булбул, ки дареғо,

Дар олам чун туошиқро надидам.

Рухат нозуктар аст аз барги гулҳо,

Дучашмат ҷодусон бурда дили мо.

Қадат чун навниҳоли боғи Фирдавс,

Ба хушрўии худ дорӣ таманно.

Дилам хун шуд зи ғам, ёри ситамгар,

Надорам тоқати ҷабри тудигар.

Гурезам аз ҷафоят гар бидонӣ,

Равам сўи нигори аз тубеҳтар.

Фидоят мешавам, ёри ягона,

Намо камтар ба пеши ман баҳона,

Ман имшаб то саҳар бедор будам

Намеоӣ чаро боре ба хона?

Ба чашмонат намудам ман назора

Наметонам назар созам дубора

Нигоҳи ту, адои тудурўғ аст

Диламро бо дурўғат кардӣ пора

Нигорам дилнишинудилрабоӣ,

Ба парвозӣ чумурғони ҳавоӣ,

Агар оивудар наздам нишинӣ,

Намоям ҷони худ баҳрат Худоӣ.

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо,

Наҷотам деҳ, наҷотам деҳХудоё,

Ба киштии муродат ҷой бинмо

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавҳо.

Туро, ишқи туро, бо ҷон харидам,

Зи сўзи тусуруде офаридам,

Намедонам, ки донӣ ё надонӣ

Дар олам чун ту зебое надидам.

Аз кўчаи мо гузар макун, ғам дорам,

Беморам ман, фикри тудар сар дорам.

Гар мегузарӣ, нигаҳмакун ҷониби ман

Сўзон ҷигарудидаи пурнам дорам

Ба боғе дар қафас булбул нишаста,

Сарояд нағма бо овози хаста.

Биё, эй боғбон, ўро раҳо кун,

Нахонад сози хуш қалби шикаста.

Ҳаво сард ас (т) чаро борон намеша,

Дилам ғам дорадугирён намеша.

На боронуна ашк аз чашм ҷорист,

Дили зиндониям хандон намеша.

МЕҲРНОМА

Хабар омад, ки фардо ёрам ояд, ба дидори дили беморам ояд,

Худоё, кай шавад имрўз фардо, азизам, дилбару дилдорам ояд.

Дилам донад чӣ сон озор дидӣ, чӣ ранҷе аз барои ман кашидӣ,

Напўшидӣ, нахўрдивунагашти илоҷи кори ман танҳо тудидӣ.

Замоне буд фитодам ман ба бистар, ту ҳам аз сўзи ман ноҷўр будӣ,

Паи дармони ман гашта шабурўз, намедидӣ, ки худ ранҷур будӣ.

Тасаллӣ дода манро, менамудӣ азобатро зи чашми кас тупинҳон,

Наёбад душманон огаҳзи ҳолат, наханданд то ба ҳоли турақибон.

Сиҳат гаштам, зи нав омад балое шудам қарздор, наёфтам ман раҳое,

Фурўхта хонавумошинуанҷом, бимондам дар ними роҳ чун гадое.

Дигар азми сафар кардам ба Маскав, гирифта ҳамраҳам фарзанди дилбанд,

Ният кардем зи нав ду кас як тан илоҷи кори худ ёбем дубора.

Вале ҳайҳот ният монд нимкора, шикаст манро фалаказ нав, дубора

Бидодам ман зи даст фарзанди худро, сиёҳ шуд рўзгори ман, чӣ чора.

Равон кардам тобути писарро ҷигарбанду шаҳид гулгункафанро,

Худоё, ин чӣ шўре бар сари ман, ки тобути писар бар дўш – овора.

Ба хокмондӣ ҷигарбанд меҳрубонат, баромад бар фалакоҳуфиғонат,

Ба дилбардории ман тушитофтӣ, накардӣ фикри хешуақрабонат.

Ба Маскав раҳсипор гаштӣ, азизам, ба ҷонам тудаво гаштӣ азизам,

Ду кас мондем ду сол аз баҳри чора, пасон гаштем ватан аз нав дубора.

Кунун омад балои осмонӣ: намуданд шавҳаратро зиндонӣ,

Ту ҳам мард гаштаӣ ҳам зан, азизам, худат танҳо шудӣ дар зиндагонӣ.

Гаҳе фикри ман аст дар қалбуҷонат, гаҳе фикри падар, гаҳфикри фарзанд,

Миёни роҳшудӣ, эй меҳрубонам, чӣ созам ман илоҷе ҳам надорам.

ДАРЁИ СИР

Чӣ асрори ниҳон дорӣ, аё Сир,

Чиро дар мавҷ аён дорӣ, аё Сир?

Тучандин асрҳоро пушти сар кардӣ,

Дили шўхуҷавон дорӣ, аё Сир.

Садои дилхароши ошнои ту,

Хурўши пурталотум мавҷҳои ту.

Насими рўҳфизои соҳилони ту,

Дили шўридаи манро ба ваҷд орад.

Тушоҳиди ҳазорон розҳо ҳастӣ,

Шарики дардуғам бо одамон ҳастӣ.

Зи лаппишҳои тукас рўҳмегирад

Умедуорзуи ташнагон ҳастӣ.

ХОКИСТАРАМ МОНД

Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят,

Ба дил асло надорам орзуят.

Бирав бар кўи дигар оташ афрўз,

Ки ман хокистарам дар пеши кўят.

Зи гулзорат нахоҳам гул бичинам,

Ба паҳлўят намехоҳам, ки шинам.

Ту ҳам аз ёди худ созам фаромўш,

Дигар дар кунҷи ғам танҳонишинам.

Тубепаймон, фиребам додӣ осон,

Ба пеши душманам сархам тукардӣ.

Зади ханҷар ба қалби беқарорам,

Ба доми худ гирифторам тукардӣ.

Дигар ҳаргиз намеоям ба сўят,

Ба дил асло надорам орзуят.

Бирав бар кўи дигар оташ афрўз,

Ки ман хокистарам дар пеши кўят.

ДИЁРАМ

Ватан, пайванд бо туҷисмуҷонам,

Туқувватбахш бар руҳуравонам.

Зи меҳри туст равшан хонаи дил,

Ба номи тудар олам ҷовидонам.

Агарчанде ки дурам аз канорат,

Дилам гум мезанад ҳар дам ба ёдат.

Бароят ҷон диҳам, арзанда бошад,

Маро аз ганҷ беҳтар хокубодат.

Диёрам, чун тузебо ман надидам,

Ба дил меҳрат зи хурдӣ парваридам.

Канори туст манро дурри дунё,

Зи ту воло дигар мулке надидам.

Маро фахр аст аз он, ки тоҷикам ман,

Ватан дорам, ба меҳан содиқам ман.

Ҳама шаҳрат зи нав обод гаштаст,

Ба кўҳуводиҳоят ошиқам ман.

ТИФЛАКОНАМ

Ба як сў дур аз ёру рафиқон,

Фурўрафтам ба фикре кунҷи зиндон,

Ба ёди ман расиданд дуҷигарбанд

Дуфарзанде, бароям беҳтар аз ҷон.

Шумо, эй дўстрўён, дур аз ман,

Куҷо донед чи бошад ёди фарзанд?

Ба шўрубозии худ саргаронед

Намедонед падар ин ҷост дар банд.

Қариб як сол, ки дур аз диёрам,

Ғами фарзандузан кард дилфигорам,

Ба фикрат, Матлуба, ман банд ҳастам

Ба ёди ту, Муҳаммад, беқарорам.

Расид бар ман хабар, ки мебиёянд

Зануфарзанд ин ҷо дидани ман,

Зи шодӣ хоб аз чашмам паридаст

Раҳи фардо аз имрўз интизорам…

Чи сахт аст, тифлаконам, интизорӣ

Гузашта рўзушаб бо беқарорӣ,

Шавад фардо шуморо боз бинам

Намонад дар дилам гардуғуборе.

Ман аз ту, ҳамсарам, миннатпазирам

Ки дорӣ рўзгорамро тусарҷамъ,

Ба фарзандон падар, ҳам модар астӣ

Илоҳо, ғам набинӣ дар ду олам!

НИЛУФАРАМРО

Дилам хоҳад равам саҳро нишинам,

Ба рўи махмали гулҳо нишинам.

Мануон моҳрўтанҳо ба танҳо

Ба ҷуз рўяш дигар касро набинам.

Бигирам дар канор раъно нигорам

Бибўям накҳати бўи баҳорам,

Ба гўшаш гўям аз афсонаи ишқ

Бифаҳмад, ки чи сонаш дўст дорам.

Дар ин дунё надорам заррае ғам

Ба ҷуз бемеҳрии он ёри дилсанг,

Чаро бошад нигорам бемурувват

Куҷо пинҳон шудаст он беадолат?

Агар дар бар бигирам дилбарамро,

Гули зебои дил Нилуфарамро,

Намесозам раҳо дигар зи дастам

Сипеҳри осмон, тоҷи сарамро.

МУҲАММАДҶОН

Муҳаммадҷон, чи хелӣ, ҷони бобо?

Куҷо ҳастӣ, куҷо дорӣ туғавғо?

Ба ёдам мерасӣ ҳар рўзусоат

Тукўдак ҳастӣ ёдат нест аз мо?

Чуфарзандам калон гаштӣ тупешам

Туро чун ҷони худ ман дўст дорам,

Кунун аз туҷудо будан натонам,

Ба ёдат рўзушабҳо беқарорам.

Надидам кўдакеро чун тузебо

Ба хешгуфторият дорам таманно,

Ҳамон чашмони оҳувонаи ту

Набошад ҳеҷ касро рўи дунё.

Ту аз ман ҳастӣ, ман аз ту, Муҳаммад,

Ғамамро дур созад номи некат,

Худо хоҳад, ба дидорат расам ман

Чушаҳзода бигирам дар канорат.

ШАВӢ ПУШАЙМОН

Ман дар ҳаваси ишқи тумастам,

Дар кунҷи дилам меҳри тубастам,

Сад шукр, туро Худо ба ман дод

Ҳар лаҳза ба ёди тунишастам.

Ҷонона, қашангудилрабоӣ,

Чашмам ба раҳ аст кай биёӣ?

Оҳ. омадани тубас гарон аст

Аз чашми касон панаҳбиёӣ.

Шаб омадуахтарон намоён,

Дар кулбаи ман чароғ гирён,

Фандам кунӣ гар тубори дигар

Мирам зи ғамат, шавӣ пушаймон.

Чун ойӣ ба наздам, эй нигорам,

Шукре ба Худой мегузорам,

Дар роҳи расидани висолат

Сар гар равад, ормон надорам.

ҒАРҚИ ҒАМҲО

Ба баҳри беканоре ғарқи ғамҳо

Наҷотам деҳ, аё маҳбуби якто,

Ба киштии муродат ҷой бинмо

Сафо бинмо, раҳо созам зи ғавғо.

Каромат кун маро ёри гуландом

Ҷамоли нозанинат кун намоён,

Нигорам, аз фироқат сўхтам ман

Маро манмо зи ишқи худ пушаймон.

Биё бар кулбаи торам ҳамин дам,

Намо равшан ба нурат манзили ман.

Зи ҷоми ошиқона нўш бинмой

Бишав махмури дунёи дили ман.

Ба бўи атри тумастам, нигорам,

Нахоҳам дур бошӣ аз канорам.

Биё, як дам тасаллои дилам шав

Ки беморам, таманнои тудорам.

ДУНЁИ ҶАВОНӢ

Аҷаб дунёст, дунёи ҷавонӣ

Фазои беғуборушодмонӣ,

Набошад лаҳзае оромии дил

Ҳамеша дар талоши зиндагонӣ.

Вале ин лаҳзаҳо ҳам беамон аст,

Ҷавонӣ бигзарад, дунё ҳамон аст.

Ба ҳар як дам намо шукронаи умр

Ки ҳар рўзи ҷавонӣ ҳам як он аст.

Ҷавон астӣ, ҷавонӣ қадр бинмой

Наояд зиндагӣ аз нав ба такрор,

Ба роҳи рост рав, гар рост бошӣ

Туро Аллоҳ бошад худ мададгор.

ТАНҲО МОНДААМ

Дар баҳори зиндагонӣ зоруҳайрон мондаам,

Дар миёни чор деворам, ки танҳо мондаам.

Ҳам зи модар, ҳам зи додар, дур аз хешутабор

Раҳм кун, Парвардигорам, кунҷи зиндон мондаам.

Ё гуноҳамро биёбед ё ки худ авфам кунед,

Чун ки ин ҷо ноумедудасти танҳо мондаам.

Гар гунаҳкорам ба ман ёбед шахси бегуноҳ

Ё фақат ман дар замин зери гунаҳҳо мондаам?

Ман нагўям дар ҳаётам нест манро якхато

Гар хатои ман набошад, аз чӣ ин ҷо мондаам?

Модарамро ёд кардам, додаронам дури дур

Бар кӣ гўям рози дилро, ман зи дунё мондаам.

Гар мунаввар мекунад номам дили пурмеҳратон

Ман дар ин торики дунё ғарқи ғамҳо мондаам.

Оҳ гўям, дуд ояд аз даруни синаам

Қатраи ашкам чушабнам рўи гулҳо мондаам.

БЕХАЗОН БОШӢ

Ба номи тунависам ман сурудам, ҷони ширинам,

Туро пазмон бигаштам, беҳтаринам, Моҳу Парвинам.

Агарчи дурӣ аз ман, меҳри ту ҷо дар дилам бошад

Тубошӣ ғамбарори ман, туҳастӣ ёри деринам.

Зи нурат равшан ин қалбам, нигоро, аз куҷо донӣ

Маро ишқи туҷони тоза мебахшад, намедонӣ.

Дилам мерақсад ар тарҳи рўят пеши чашм ояд

Фироқат сўзи ман бошад, азизи ман, намедонӣ.

Дуоят мекунам, ҷоно, ки умре гулфишон бошӣ,

Баҳори сабз бошивуҳамеша бехазон бошӣ,

Намехоҳам, ки дар боғат каси бегонае бинам

Фақат бо ёди ман бошӣ, аниси роздон бошӣ.

ДАР НИМАРОҲАМ

Худовандо, нигар бар ҳоли зорам

Намоям илтиҷо, бишнав туоҳам,

Тубошӣ раҳнамои ҳар дудунё

Сафоям кун, ки ман дар нимароҳам.

Надонам бо кӣ гўям рози дилро,

Надидам дар ҷаҳон гўши шунво.

Зи дунё мондаам, зорам, асирам

Ғамам болои ғам гашта, Худоё!

На ман қонуни маҳбас офаридам,

На ман танҳо фитодам андар ин банд,

Вале гар з-осмон як санг борад

Ҳамон бояд биафтад бар сари ман.

Дилам сўзад ба ёди тифлаконам

Яке маҳтобудигар офтобам,

Ғами дигар маро қонуни зиндон

Намедонам куҷо ёбам ҳисобам?

Худоё, раҳм кун бар ҳоли зорам,

Намо равшан ба нурат шоми торам.

Намудам ман хато, бахшандаӣ ту

Зи тубас рўзи неке интизорам.

НАВМЕД МАБОШ

Ба зиндон сабр кардан кори мард аст,

Ситамро тоб меорад на ҳар кас.

Ба сахтиҳо ҳаме шукрона бинмой,

Ки имрўз аз бароят имтиҳон аст.

Нашав навмед аз гардиши айём,

Бидон шоми сияҳро бошад анҷом.

Бувад, ки шамси тобонат барояд,

Аз ин зиндон раҳо ёбӣ саранҷом.

Туро дар хона фарзанд интизор аст,

Азизонат ба роҳат чашми чор аст.

Куҷо бошӣ, Худоро ёд бинмо,

Ки танҳо ўтуро ҳоҷатбарор аст.

Шавӣ озод агар, андешае кун,

Гузашти рўзҳо пеши назар кун.

Кунун ҳам дўстони туба банданд,

Зи пеши он бародарҳо гузар кун.

БЕВАФО ЁРАМ

Ба сар дорам ҳавои дидани номеҳрубон ёрам,

Чаро раҳме надорад, мегурезад, дода озорам?

Маро заҳри ҷудоӣ қатра-қатра ҷон ба лаб овард,

Давои дарди ман дур аст, кунун бе ҳуда афғонам.

Накардам бад, чаро аз ман гурезонӣ парипайкар,

Намо раҳме ба ҳоли ман, мадеҳбеҳуда озорам.

Нигар, ҷоно, даруни синаам холист ҷои ту,

Биё як лаҳза пешам шин, ки бошӣ рафъи хумморам.

Куҷо донӣ, ки аз дурии турангам хазон гаштаст,

Биё, бо ман бимон умре, ки ман инро сазоворам.

Шикорам кардаӣ, бар гарданам бастӣ каманди ишқ,

Гурезонӣ кунун, наздам намеойӣ камондорам.

Ҳама ранҷуазобам якназар пешам намемонад,

Тугар ойӣ канорам, эй гули наврастаи боғам.

Шамими гесўвонат дар машоми Шаҳриёрат монд,

Агарчӣ моҳҳо дурӣ зи пешам, бевафо ёрам.

РЕЗ БОРОН

Рез борон қатра-қатра бар ҳавои хонаам,

Ноаён кун ашки чашмонам бари рухсораам.

На, намегирям ба ёди ёри ноҳақ, ҳайф аст,

Ман зи тақдирам бинолам, пеши ўбечораам.

Офтобам бармаҳал пинҳонӣ пушти абр шуд,

Навҷавонӣ рафт, туғёни дили ман паст шуд.

Ҳар саҳар якрўзи ман аз зиндагонӣ кам шавад,

Лек андўҳуғами дунёӣ асло кам нашуд.

Аз ҳаёт дилхаставуаз зиндагонӣ мондаам,

Як гули пажмудаам, ман аз гулистон мондаам.

Накҳати гесўи ёрам бар машомам мерасад,

Кай ба дидораш расам, ман худ зи дунё мондаам.

То ба кай сўзи диламро андарунам ҷо кунам,

Аз гиребони фалакбаргирамуғавғо кунам.

То ки дар дастам қалам ҳаст, нури чашмам равшан аст,

Рўи коғаз дардҳои синаамро ҷо кунам.

Likes:
0 0
Views:
131
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply