Диалектика ва моҳияти он.

Диалектика ҳамчун таълимоти фалсафӣ
Инкори инкор.

Диалектика аз калимаи юнонӣ буда, маънияш суҳбат, мунозира мебошад. Он дар таърихи фалсафа ба маънии гуногун истифода мешавад.
Аввалин маротиба Диалектика ҳамроҳи демократия дар Юнони қадим пайдо шуд. Он вақт ҳунари баҳс исбот ва таъкид сохтани дигарон ва ба ин васила дар муҳокимаи корҳои давлатӣ, маҳкамавӣ ва ғайра пайдо намудани ҷонибдоронро диалектика меноманд ва ба он баҳои баланд медоданд.Ҳунари муколама аллакай дар он асри V ва ибтидои асри VIмаҳорати олӣ ва омодагии махсусро талаб мекунад. Бузургтарин устоди муколама Суқрот таҳти диалектика ҳунарро мефаҳмид, ки фикрҳои гуногун ва ҳатто зидро ба ҳам муқобил гузошта онҳоро ба ҳам мувофиқкарда, ҳақиқатро ҳосил мекунад. Суқрат кўшидааст дар мавриди мафҳумҳои умумии адолат ва ҷасорат муколамаҳои олимонро ташкил бидиҳад. Файласуфони атиқа, ки сирф манзараи умумии тағироти ҳамешагии оламро пай бурда буданд, қонуниятҳои тағироти мазкурро ошкор карда наметавонистанд ва дар шакли мушаххас зоҳир шудани онҳоро низ нафаҳмиданд. Дар даврони ҳукмронии услуби метофизикӣ баъзе унсурҳои диалектикаро дар таълимоти ин ё он файласуфи бузург низ метавон дучор омад.
Марҳилаи дигари инкори диалектика бо номи Файласуфҳои идеалистии асрҳои XVII – XIX Олмон, ки дар фаҳмиши мураккабию зиддияти ҷараёни тафаккур саҳми муҳим гузоштаанд, алоқаманд мебошад.
Бори аввал ба Гегел иттифоқ афтод, ки оламро ба сифати ҷараёни кулли ҳаракати мудаввоми инкишофӣ аз паст ба боло, ки қувваи муҳаррикашро Зиддият ташкил медод, тасвир намояд.
Ба ақидаи Гегел чунин ҳолат хоси тамоми олами воқеӣ мебошад. Гегел қоидаҳои асосии инкишоф ва низоми мақулаҳои диалектикиро баррасӣ намуда, ба инкишофи минбаъдаи тафаккури фалсафӣ саҳми бузург гузошт. Бояд таъкид кард, ки ў диалектикаро аз мавқеи материализм не, балки идеализм ё дақиқтараш ба сифати фалсафаи идеалистӣ инкор дод.
Ба ақидаи Гегел ҳаракати инкори олам барои он вуҷуд дорад, ки ҳамаро кадом як шуури фавқуттабиа ё хиради ҷаҳонӣ идора мекунад. Вай дорои фикр буда, тавлид мекунад. Чун хиради ҷаҳонии Гегел томоми сарватҳои ботиниашро мавриди маърифат қарор медиҳад кулли инкишоф ҳам ба поён мерасад. Идеализм боиси консерватизми диалектикаи Гегел шуд. Гегел бикўшид то ҷараёни олами воқеиро дар ҳудуди ба таври сунъи муайян кардааш ворид созад. Ба ҳамин фаъолияти онро маҳдуд гардонад.
Агар ба фалсафаи Гегел кўтоҳ баҳо диҳем метавон гуфт, ки низомиэҷод кардаи ў, яъне системааш дорои хислати консервативӣ ва методаш диалектикӣ мебошад.
Сарфи назар аз нуқсонҳо диалектикаи Гегел хелебузург аст.
Бунёди диалектикаи материалистӣ ба номи К. Маркс ва фалсафаи диалектикииў пайваст аст. Онҳо ин таълими бузургро бар асоси арзишҳои тамаддуни фалсафӣ аз ҷумла диалектикаи Гегелу комёбиҳоиилми замонашон такя карда матерализми диалектикаро инкишоф доданд. Диалектика Марксистӣ тамоми ҳодисаҳои воқеиро дар ҳамон шакле, ки ҳастанд таври айнӣ мавриди баррасӣ қарор медод.
Андеша ва инкишофи таълимоти Гегел синтези диалектикаю материализмро тақозо мекунад. Асосгузорони Марксизм чунин вазифаро тавассути таҳлили ҳодисаҳои иҷтимоӣ, ки барои диалектика майдони васеъ мекушояд, анҷом додаанд.
Маркс ва Энгелс тавонистанд, то қонунҳои диалектикаро дар ҳодисаҳои ҷамъият татбиқ бикунанд. Аз ин рў Маркс фаҳмиши матералистии ҷамъият ва ваҳдати моддиёту маънавиётро кашф кард, ки дар фалсафа бо номи қонуни фаҳмиши материалистии таърих низ ёд мешавад.
Яке аз фарқиятҳои материализми диалектикӣ аз низоми сарбастаи Гегел ин аст, ки дараш ҳамеша боз буда, барои омўзиши ҳастӣ имкониятҳои восеъро муҳайё месозад.
Диалектикаи Маркс ва Энгелс ҳамеша бо далелҳои мушаххаси илмӣ, ки барояш таҳдоби хеле қавӣ мебошанд, такя мекунад. Дар диалектикаи материалистӣ дастуру васоитҳои илмӣ таври васеъ истифода карда мешаванд.
Диалектика дар шакли ҷадидаш дар илм ва амалия татбиқ мешавад.
Дар маркази диалектикаи матералистӣ ҷамъбасти инкори таърихи ҷамъият, ваҳдати фарҳанг ва робитаи мутақобилаи шаклҳои мухталифи тазоҳури он қарор дорад.
Диалектика таълимотест, ки оламро ба тамоми робитаю муносибати мураккабаш мавриди омўзиш қарор медиҳад.

Likes:
0 0
Views:
83
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply