Дар ҳаҷви султон Маҳмуди Ғазнавӣ

Фирдавсӣ ва Султон Маҳмуд ё худ низоъи шоир ва шоҳ.
Пешгуфтор

«Шоҳнома» натиҷаи заҳмати 35-солаи Фирдавсӣ мебошад, ки на танҳо худи шоир, балки ҳукумати Сомониён ҳам барои таълифи он манфиатдор буд, вале дареғо, ки кор шакли дигар гирифт. Фирдавсӣ мегӯяд, ки:

Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол,
Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол.
Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,
Бузургиву динору афсар диҳад.
Надидам ҷаҳондори бахшандае,
Ба гоҳи каён –бар дурахшандае.

Таҳрири интиҳоии «Шоҳнома» солҳои 1010-1011 анҷом ёфт, ки дар ин муддат аллакай аз ҳукумати Султон Маҳмуди Сабуктегин беш аз як даҳсола сипарӣ мешуд.
Андешаест, ки гӯё «Шоҳнома» бо хоҳиши Султон Маҳмуд эҷод шуда бошад, ки он ба ҳақиқати таърихӣ созгор нест, зеро таълифи асар миёнаи солҳои 90-уми асри Х (солҳои 994-995) иттифоқ афтода буд ва таҳрирҳои минбаъдаи шоҳасари Фирдавсӣ вобаста ба авзои сиёсӣ-таърихии замон буд:

Суханро нигаҳ доштам сол бист,
Бад-он то сазовори ин ганҷ кист.
Замона саросар пур аз ҷанг буд,
Ба ҷӯяндагон бар ҷаҳон танг буд.
Бар ин гуна якчанд бигзоштам,
Суханро нуҳуфта ҳамедоштам.

«Шоҳнома» ба Султон Маҳмуд тақдим карда мешавад ва оид ба ҳамин лаҳза «Таърихи Систон» хеле хуб хабар медиҳад, ки:
«Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» бар Султон Маҳмуд чанд рӯз ҳамехонд.
Маҳмуд гуфт:
— Ҳамаи «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам бошад.
— Абулқосими Фирдавсӣ гуфт:
— Надонам андар сипоҳи ту чанд мард чун Рустам бошад, аммо ин донам, ки ҳеҷ банда чун Рустам офарида нашуд.
— Ин бигуфт, замин бӯсид ва пуштнокӣ баромада рафт.
Маҳмуд вазирро гуфт:
— Ин мардак маро ба ин таъриз дурӯғгӯй хонд.
Вазираш гуфт:
— Бубояд кушт».
Дар ахбори дигар омадааст, ки гӯё Фирдавсӣ «Шоҳнома»-ро ба Маҳмуд фиристод ва шоҳ чанд муддат онро мавриди мутолиа дошт ва баъдан ба ҷои динор дирҳам фиристод ва онро дар гармоба ба шоир тақдим намуданд ва ӯ он инъомро се ҳисса кард: қисме ба ҳаммомӣ, бахше ба тӯҳфаовардагон ва ҳиссаи худро низ ба фуқоӣ доду фуқо нӯшид…
Инчунин ривоятест, ки ҳангоми аз ғалаба бар мулуки Ҳинд баргаштани Султон Маҳмуд дар бозгашт қасреро мебинад ва супориш медиҳад, ки ихтиёрдори он кист? Тафтишгар андармон мешавад ва Маҳмуд хашм гирифта аз вазири хеш мепурсад, ки ба ман чӣ ҷавоб мегуфта бошад? Вазир мегӯяд: ба шумо чунин ҷавоб бояд бигӯяд:

Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб,
Ману гурзу майдону Афросиёб.

Маҳмуд баробари шунидани ин байти баландмазмун мепурсад, ки инро ки гуфтааст? Вазир мегӯяд, ки: -байти мазкурро Абулқосими Фирдавсӣ гуфтааст.
Гӯё Султон Маҳмуд хатои худро нисбат ба ин шоири тавоно ҳис карда, баробари ворид шудан ба марказ — Ғазнин ба Фирдавсӣ 60 ҳазор динори ҳиндӣ ҳадя мефиристад. Лаҳзаи расидани инъом шоир дар бистари беморӣ хобида будааст ва аз ин кори Султон Маҳмуд ба ҳайрат афтода, мегӯяд, ки:

Зар фиристодани Маҳмуд бад-он мемонад,
Нӯшдору, ки пас аз марг ба Сӯҳроб расид.

Гӯё мисраи аввалро Фирдавсӣ базӯр гуфта ҷон ба Ҳаққ таслим мекунад ва мисраи дувумро духтари шоир гуфта бошад, вале Фирдавсӣ аз писараш дар «Шоҳнома» ёд карда, дар вафоти ӯ нолаи ҷонсӯз мекунаду аз духтар доштани хеш хабар намедиҳад. Ба ҳамин тариқ, оид ба тақдими «Шоҳнома» ба Султон Маҳмуд ривоятҳои хеле зиёд мавҷуданд ва ривоятҳо гуногун бошанд ҳам, фарҷоми онҳо ғолибан як чиз аст, ки Султон Маҳмуд заҳмати Фирдавсиро саривақт қабул накард. Ба қавли ҳазрати Абдурраҳмони Ҷомӣ

Бирафт шавкати Маҳмуду дар замона намонд,
Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.

Бояд гуфт, ки албатта, фармудаҳои боло ривоят бошанд ҳам, заминаи воқеӣ доранд, зеро қадрношиносии Султон Маҳмуд нисбат ба тавонотарин шоири достонсарои охири асри Х дар адабиёти давр (Фаррухӣ, Унсурӣ…) ва минбаъда дар осори бадеъ низ инъикос ёфтааст. Масалан, Низомии Ганҷавӣ дар оғози «Ҳафт пайкар» чунин ишорае дорад:

Нисбати ақрабест бо қавсе,
Бухли Маҳмуду базли Фирдавсӣ.

Ин аст, ки Фирдавсӣ дар ҳаҷми 100 байт султонро ҳаҷв кард ва аз Ғазнин берун рафт. Ба қавли Ҳидоят («Маҷмаъ-ул-фусаҳо»), Фирдавсӣ ба Ҳирот ба назди дӯсти қадршиносаш — Исмоили Варроқ омад ва дар хонаи ӯ 6 моҳ паноҳ бурд. Дар ин муддат ӯ «Ҳаҷвияи Султон Маҳмуд»-ро, ки шояд аввалин ҳаҷвия дар мазаммати Султон Маҳмуд бошад, эҷод кард. Баъд ба Тӯс омада аз он ҷо ба Табаристон, ба ҳузузри ҳокими вақт Сипаҳбуди Шаҳриёр, ки аз тоифаи Оли Бованд буд, панноҳ бурд ва «Шоҳнома»-ро ба ин ҳоким эҳдо кард ва ҳаҷвияро ба ӯ хонда дод ва ин ҳоким шояд аз таҳдиди Султон Маҳмуд бошад, ки ба хоҳиши Фирдавсӣ чандон розигӣ надод ва барои меҳнаташ ҳаҷвияро аз ӯ ба ивази 100 ҳазор тангаи нуқра харида нобуд сохт, вале то ин давр Фирдавсӣ онро ба бисёр наздикони хеш нишон дода буд.

 

Аё шоҳ Маҳмуди кишваркушой,
Зи кас гар натарсӣ, битарс аз Худой!
Ки пеш аз ту шоҳон фаровон буданд,
Ҳама тоҷдорони кайҳон буданд,
Фузун аз ту буданд яксар ба ҷоҳ,
Ба ганҷу сипоҳу ба тахту кулоҳ.
Накарданд ҷуз хубию ростӣ,
Нагаштанд гирди каму костӣ.
Ҳама дод карданд бар зердаст,
Набуданд ҷуз пок-яздонпараст,
Наҷустанд аз даҳр ҷуз номи нек
В-аз он ном ҷустан саранҷоми нек.
Ҳар он шаҳ, ки дар банди динор буд,
Ба наздики аҳли хирад хор буд.
Гар эдун, ки шоҳӣ ба гетӣ турост,
Бигўй, ки ин хира гуфтан чарост?!
Надидӣ ту ин хотири тези ман,
Наяндешӣ аз теғи хунрези ман!
Ки баддину бадкеш хонӣ маро.
Манам шери нар-меш хонӣ маро…
…Накардӣ дар ин номаи ман нигоҳ,
Ба гуфтори бадгўй гаштӣ зи роҳ.
Ҳар он кас, ки шеъри маро кард паст,
Нагирад-ш гардуни гарданда даст.
Ман ин номаи шаҳриёрони пеш
Бигуфтам бад-ин нағз гуфтори хеш.
Чу умрам ба наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбора барбод шуд.
Басе сол андар сарои сипанҷ
Чунин ранҷ бурдам ба уммеди ганҷ.
Зи абёти ғарро ду раҳ сӣ ҳазор,
Мар он ҷумла дар шеваи корзор:
Зи шамшеру тиру камону каманд,
Зи гáполу аз теғҳои баланд;
Зи баргустувону зи хафтону хўд,
Зи саҳрою дарёю аз хушку рўд;
Зи гургу зи шеру зи пилу паланг,
Зи ифриту аз аждаҳову наҳанг;
Зи найранги ғўлу зи ҷодуи дев,
К-аз эшон ба гардун расида ғирев,
Зи мардони номӣ ба рўзи масоф,
Зи гурдони ҷангӣ гаҳи разму лоф…
Ҳамон номдорони бо ҷоҳу об
Чу Туру чу Салму чу Афросиёб,
Чу шоҳ Офаредуну чун Кайқубод,
Чу Заҳҳоки бадкешу бе дину дод,
Чу Гаршаспу Сому Наремони гурд,
Ҷаҳонпаҳлавонони бодастбурд;
Чу Ҳушангу Таҳмураси девбанд,
Манучеҳру Ҷамшед шоҳи баланд;
Чу Кобус-Кай хисрави тоҷвар,
Чу Рустам, чу Руйинтани номвар;
Чу Гударзу ҳаштодпури гузин,
Саворони майдону шерони кин;
Ҳам он номвар шоҳ Луҳраспро,
Зарири сипаҳдору Гуштаспро;
Чу Ҷомасп, к-андар шумори сипеҳр
Фурўзандатар буд зи тобандамеҳр;
Чу Дорои Доробу Баҳман ҳам он
Сикандар, ки буд шоҳи шоҳаншоҳон;
Чу Шоҳ»Ардашеру чу Шопури ў,
Чу Баҳрому Нўширавони накў;
Чу Парвезу Ҳурмуз, чу пураш Қубод,
Чу Хисрав, ки Парвиз номаш ниҳод.
Чунин номдорону гарданкашон,
Ки додам яко-як аз эшон нишон,
Ҳама мурда аз рўзгори дароз,
Шуд аз гуфти ман номашон зинда боз.
Чу Исо ман ин мурдагонро тамом
Саросар ҳама зинда кардам ба ном!
Яке бандагӣ кардам, эй шаҳриёр,
Ки монад зи ман дар ҷаҳон ёдгор.
Биноҳои обод гардад хароб,
Зи борону аз тобиши офтоб,
Пай афкандам аз назм кохе баланд,
Ки аз боду борон наёбад газанд.
Бад-ин нома бар солҳо бигзарад,
Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.
На з-ин гуна додӣ маро ту навид,
На ин будам аз шоҳи гетӣ умед!
Бадандеш, к-аш рўзи некаш мабод!
Суханҳои некам ба бад кард ёд!
Бари подшаҳ пайкарам зишт кард.
Фурўзанда ахгар чу ангишт кард.
Агар мунсифе буде аз ростон,
Ки андеша кардӣ дар ин достон,
Бигуфтӣ, ки ман дар ниҳоди сухан,
Бидодастам аз табъ доди сухан!
Ҷаҳон аз сухан кардаам чун биҳишт,
Аз ин пеш тухми сухан кас накишт.
Сухангустарон бекарон будаанд,
Суханҳо беандоза паймудаанд,
Валек арчи буданд эшон басе,
Ҳамоно нагуфтаст з-ин сон касе.
Басо ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ!
Ҷаҳондор агар нестӣ тангдаст,
Маро бар сари роҳ буде нишаст.
Ба дониш набуд шоҳро дастгоҳ
В-агар на, маро барнишонде ба гоҳ.
Чу дейҳимдораш набуд дар нажод,
Зи дейҳимдорон наёвард ёд.
Агар шоҳро шоҳ будӣ падар,
Ба сар барниҳодӣ маро тоҷи зар.
В-агар модари шоҳ бону будӣ,
Маро симу зар то ба зону будӣ.
Чу андар табораш бузургӣ набуд,
Наёраст номи бузургон шунуд.
Кафи шоҳ Маҳмуди олитабор:
Нўҳ андар нўҳ омад, се андар чаҳор.
Чу сӣ сол бурдам ба «Шаҳнома» ранҷ,
Ки шоҳам бубахшад ба подош ганҷ.
Маро з-ин ҷаҳон бениёзӣ диҳад,
Миёни ялон сарфарозӣ диҳад,
Ба подош ганҷе маро дар кушод,
Ба ман ҷуз баҳои фуқоҳе надод.
Фуқоҳе биярзидам аз ганҷи шоҳ,
Аз он ман фуқоҳе харидам ба роҳ.
Пашизе беҳ аз шаҳриёре чунин,
Ки на кеш дорад, на оину дин!
Парасторзода наёяд ба кор,
Агарчанд дорад падар шаҳриёр.
Сари носазоён барафроштан,
В-аз эшон умеди беҳӣ доштан,—
Сари риштаи хеш гум кардан аст,
Ба ҷайб андарун мор парвардан аст.
Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт
В-ар аз ҷўи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб,
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад!
Ба анбарфурўшон агар бигзарӣ
Шавад ҷомаи ту ҳама анбарӣ.
Агар ту шавӣ назди ангиштгар,
Аз ў ҷуз сиёҳӣ наёбӣ дигар.
Зи бадгавҳарон-бад, наёяд аҷаб,
Нашояд сутурдан сиёҳӣ зи шаб.
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!
Зи бадасл чашми беҳӣ доштан
Бувад хок дар дида анбоштан.
Ҷаҳондор агар покноме будӣ,
Дар ин роҳ дониш гиромӣ будӣ.
Шунидӣ чу з-ин гуна-гуна сухан,
Зи оини шоҳону расми куҳан,
Дигаргуна карде ба корам нигоҳ,
Нагаште чунин рўзгорам табоҳ.
Аз он гуфтам ин байтҳои баланд,
Ки то шоҳ гирад аз ин кор панд,
К-аз ин пас бидонад чӣ бошад сухан,
Бияндешад аз панди пири куҳан.
Дигар шоиронро наёзорад ўй,
Ҳамон ҳурмати худ нигаҳ дорад ўй,
Ки шоир чу ранҷад, бигўяд ҳиҷо,
Бимонад ҳиҷо то қиёмат ба ҷо.
Бинолам ба даргоҳи Яздони пок,
Фишонанда бар сар пароканда хок,
Ки ё Раб, равонаш ба оташ бисўз!
Дили бандаи мустаҳиқ барфурўз!

Likes:
0 0
Views:
186
Article Categories:
Умумӣ

Добавить комментарий