Дар фазоили сухан.

Дастаи гул аз чамани фазоили сухан чидан
ва риштаи тамом сабаби назми китоб бар он печидан.

Сухан дебочаи девони ишқ аст,
Сухан навбоваи1 бӯстони ишқ аст.
Хирадро кору боре чун сухан нест,
Ҷаҳонро ёдгоре чун сухан нест.
Ба олам ҳар чӣ аз навву куҳан зод,
Чунин гӯяд сухандон, к-аз сухан зод.
Сухан аз кофу нун дам бар қалам зад,
Қалам бар сафҳаи ҳастӣ қадам зад.

Чу шуд қофи қалам з-он коф мавҷуд,
Кушод аз чашмааш фаввораи ҷуд2.
Ҷаҳонбошон, ки дар болову пастанд,
Зи ҷӯшишҳои ин фаввора мастанд.
Чу з-он ҷӯшиш кунад лаб нуктаронӣ,
Гуле бошад зи гулзори ниҳонӣ.

Занад боди нафас дасташ ба домон,
Бурун орад зи гулзораш хиромон.
Кунад paҳ бар дари дарвозаи гӯш,
Фитад аз мақдами ӯ ҳуш мадҳуш.
Кунад хотир ба истиқболаш оҳанг,
Дарорад дил ба бар чун ғунчааш танг.

Гаҳе лабро нишоти ханда орад,
Гаҳ аз дида нами андӯҳ борад.
Аз ӯ хандад лаби андӯҳмандон,
В-аз ӯ гирён шавад дилҳои хандон…
Бад-ин май шуғлгирӣ сохт пирам,
Ба пар-афшонӣ акнун шуғл гирам.
Диҳам аз дил бурун рози ниҳонро,
Бихандонам, бигирёнам ҷаҳонро.

Куҳан шуд давлати Ширину Хусрав,
Ба Ширине нишонам Хусрави нав.
Сар омад давлати Лайлию Маҷнун,
Касе дигар саромад созам акнун.
Чу тӯтӣ табъро созам шакархо,
Зи ҳусни Юсуфу ишқи Зулайхо.
Худо аз қиссаҳо чун аҳсанаш хонд,
Ба аҳсан ваҷҳ аз он хоҳам сухан ронд…

Нагардад хотир аз норост хурсанд,
Агарчи гӯӣ онро ростмонанд.
Суханро зеваре чун ростӣ нест,
Ҷамоли маҳ ба ҷуз нокостӣ нест.
Аз он субҳи нахустин бефурӯғ аст,
Ки лофи равшанӣ аз вай дурӯғ аст.
Чу субҳи ростин аз сидқ дам зад,
Зи хур бар осмон заррин алам зад.
Ба санъат гар биёроӣ дурӯғе,
Нагирад з-он чароғи ӯ фурӯғе.

Чаро дӯзӣ ба қадди зишт дебо,
Чу аз дебо нагардад зишт зебо?
Зи дебо зишт зебоӣ наёбад,
Вале дебо сӯи зиштӣ шитобад.
Рухи гулгунаро гулгуна бояд,
К-аш аз гулгуна гулрангӣ физояд.
Чу гулгуна ба рӯи тира молӣ,
Набинад дида з-он ҷуз тираҳолӣ.

Зи маъшуқон чу Юсуф кас набуда,
Ҷамолаш аз ҳама хубон фузуда.
Зи хубон ҳар киро сонӣ надонанд,
Зи аввал Юсуфи сониш хонанд.
Набуд аз ошиқон кас чун Зулайхо,
Ба ишқ аз ҷумла буд афзун Зулайхо.
Зи тифлӣ то ба пирӣ ишқ варзид,
Ба шоҳиву амирӣ ишқ варзид.

Пас аз пириву аҷзу нотавонӣ,
Чу бозаш тоза шуд аҳди ҷавонӣ,
Ба ҷуз роҳи вафои ишқ наспурд3.
Бар он зоду бар он буду бар он мурд.
Дар ин нома сухан ронам зи ҳар як,
Ба хома гавҳар афшонам зи ҳар як.
Ба ҳар нақде, к-аз эшон харҷ созам,
Зи ҳикмат тоза ганҷе дарҷ созам.

Тамаъ дорам, ки гар ногаҳ шигарфе4
Бихонад з-ин муҳаббатнома ҳарфе.
Натобад номасон бар рӯи ман пушт,
Насояд номаваш бар ҳарфам ангушт.
Ба давродавр агар бинад хатое,
Наёрад бар сари ман моҷарое.
Ба қадри вусъ5 дар ислоҳ кӯшад
В-агар ислоҳ натвонад, бипӯшад…

———————
1. Навбова-ҳар чизи навраста; меваи наврасида.
2. Ҷуд – сахо, бахшиш, карам.
3. Наспурд – тай нанамуд, нарафт.
4. Шигарф – бузург, мӯътабар; зебо, беназир.
5. Вусъ – тоқат, тавоноӣ.

Likes:
0 0
Views:
59
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply