Дар ситоиши Фирдавсӣ

Ҳайнрих Ҳайне

I
Дар ин дунёи ноҳамвори каҷрав
Якеро нуқраю зар бешумор аст,
Дигар дар зери бори фоқа умре
Ба як пули сиёҳи тоқ зор аст.

Валекин назди шоҳи масту мағрур
Фақат зар эътибору қадр дорад:
Агар бахшанд, зар бахшанд шоҳон,
В-агар гиранд, зар гиранд шоҳон.

Ҳамин расми шаҳон аз даври дунё
Барои пиру барно ошкор аст,
Ҳам аз баҳри суханорои Тӯсӣ,
Ки умри ў ба умри рўзгор аст.

Яке аз шоҳҳои оли Сомон,
Ба Фирдавсӣ бубаст ин гуна паймон:
«Ба назми номаи шоҳон бипардоз,
Ба ҳар сатрат тило созем инъом»…

Баҳори кўҳна рафту нав даромад,
Бад-ин сон сӣ баҳор аз байн бигзашт,
Ва булбул сӣ баҳорон васфи гул хонд,
Зи хониш монд сӣ бору забон баст.

Вале шоир ба назди дастгоҳи
Суханҳои баландпарвоз биншаст,
Шабу рўз аз суруди поку рангин
Ба қолини сухан ў тоза гул баст.

Бар сар мебурд қолини суханро,
Дар он аз қиссаҳои Форс мебофт,
Ки аз он шўҳрати шоҳони Эрон
Ба мисли офтобу моҳ метофт.

Шукўҳи корзори паҳлавонон,
Ҳаме авсофи халқи қаҳрамон буд.
Зи як сў деву макру сеҳру ҷоду
Ба рангу бўи гул андар ниҳон буд.

Ҳама чӣ дар шукуфтан буду гуфтан,
Ҳама чун нур мерахшиду месўхт,
Дар он чун офтоби оламоро
Шукўҳу оташи Эрон барафрўхт.

Ҳамон оташ, ки Қуръону шариат
Барои куштанаш хуни ҷигар шуд:
Ба оташхонаи пири суханвар —
Ба қалби шоир он тобандатар шуд…

Пас аз анҷом он дурри суханро
Ба уммеде ба назди шоҳ мебурд:
Ҳамон ноёб ганҷи бостонро
Ба Маҳмуди баду бадзот биспурд.

Ба мулки ғайр, дар ҳаммоми Ғазнин,
Ки шаҳри холӣ аз нуру зиё буд,
Ғуломони сиёҳи шоҳ Маҳмуд
Расиданд, ғул-ғулу фарёд афзуд.

– Ба пеши пои шоир нуқра резед!»—
Ба пешаш холӣ кардан чанд ҳамён,
Барои меҳнати сисолаи ў
Ҳамин буд ҳиммату инъоми султон.

Зи ранҷи ройгону ганҷи шоҳон,
Ба ҳоли хеш шоир талх хандид,
Ва музди меҳнати сисолаашро
Ба ходими шаҳу ҳаммом бахшид.

Намуд инъоми шоҳона ба онҳо,
Китобу тўшаи роҳаш бубардошт,
Ба нафрат аз макони ҳокими дун
Бирафту лаънати бисёр бигзошт.

II
Назди фонтан, ба сояи зайтун
Такя бар лўлаҳои зар мекард.
Базми хубону шеъри оташбор
Дар дили санги ў асар мекард.

Байни сарҳову навкари Маҳмуд
Буд Унсурӣ — шоири даврон.
Нахлҳо ҳамчу қомати ҳурон,
Соя афканда бар сари султон.

Гули садбарги сурх дар гулдон
Ҳамчу шамъе ба шамъдон месўхт,
Атр мерехтӣ зи накҳати ў,
Ранг мебехтӣ таровати он.

Сарвҳо масти хоби нимрўзӣ,
Моили осмону по дар гил,
Ногаҳ овози соз ларзон шуд,
Бигирифт мавҷи шеър он манзил.

Гуфт Маҳмуд: Ин сухан аз кист?
Шўъла дар чашми шоҳ рахшон шуд.
Гуфт Унсурӣ: — Эй шаҳи олам,
Шеъри Фирдавсӣ…
Шоҳ ҳайрон шуд.

Баъди андеша гуфт: Эй шоир,
Гўй, Фирдавсӣ дар куҷо бошад?
Гуфт: Аз гардиши замон, шоҳам,
Пири афтода, бенаво бошад:

Ў ба боғи падар ба Тўс омад,
Розиқи пириаш ҳамон боғ аст.
Шоҳ Маҳмуд дар сукут афтод,
Ҳамчу бабре пасон зи ҷо барҷост.

Гуфт: Унсурӣ, амри мо бишнав:
Рафта бо чокаронат аз саҳро
Сад шутур гиру аз зару зевар
Бор кун аз дусад хазинаи мо!

Андар ин кишвару хазинаи ман
Ҳар чи бошад зи неъмати дунё,
Сад шутур борро муҳайё кун,
Рўзи дигар ба Тўс раҳ паймо!

Боз даҳ аспи тозии чун бод,
Ҳамчу тире ба шасту дар рафтор,
Даҳ ғуломи ҷасури оҳантан,
Ки бувад панҷаҳояшон заркор,—

Ҳама ин неъмати фаровонро
Бо дуою саломи ман, шоир,
Мерасонӣ ба Тўс бо таъзим
Бар худои каломи оламгир.

Худи он рўз амр иҷро шуд,—
Сад шутур зери нуқраю зар буд.
Нархи ин ҳадяҳои шоҳона
Ба хироҷи ватан баробар буд.

Аз паси сорбони Унсурӣ
Корвони шаҳӣ равон гардид.
Дар биёбони ташнаи Эрон
Қофила аз назар ниҳон гардид.

Нўҳ шабу рўз дар сафар буданд,
Субҳи даҳум ҳамин ки хандон шуд,
Мисли як гулшане ба домани кўҳ
Тӯс ҳам дар назар намоён шуд.

Бо нафиру нағораю ғавғо
Ба дари шаҳр корвон омад,
Ғул-ғул афканда бар дару девор,
Тўҳфаҳои шаҳи ҷаҳон омад.

Дар ҳамин лаҳза аз дари дигар,
Тобути ў ба сад фиғон бурданд,
Баъди чандин азобу хун хўрдан,
Ҷисми покаш ба хок биспурданд.

Тарҷумаи Мӯъмин Қаноат

Likes:
0 0
Views:
23
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply