Дар насиҳати фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф.

Дар насиҳати фарзанди арҷманд
Зиёуддин Юсуф

Эй тозаназар ба лавҳи кавнайн,
Чун мардуми дида қурратулайн1
Соли ту агарчи ҳафту ҳашт аст,
Дилро ба ҳавот бозгашт аст.
Ин лутф, ки дар сиришт дорӣ,
Дорам ба Худой умедворӣ,
К-он рӯз, ки сарбаланд гардӣ,
Донодилу арҷманд гардӣ,
Аз фазлу адаб диҳад қабулат,
Дорад нигаҳ аз раҳи фазулат2,

Шуғле, ки набояду нашояд,
Аз покии ҷавҳарат наояд,
Дар касби камол боядат ҷаҳд,
Дар беҳталабӣ ба cap барӣ аҳд.
Гирдоби талаб васеъ давр аст,
Дарёи улум дурғавр3 аст.
Қонеъ нашавӣ ба ҳар чӣ ёбӣ,
Аз хуб ба хубтар шитобӣ.
Лекин макаш аз фарохдарсӣ
Хат бар варақи худойтарсӣ.

Чун фалсафиёни динбарандоз
Аз фалсафа кори дин макун соз.
Пеши ту рамузи осмонӣ,
Афсуни заминиён чӣ хонӣ?..
Арбоби ҳаво ҳама зукоманд,
3-он накҳат аз он тиҳимашоманд.
Қудва зи муқими он ҳарам кун,
Сар дар раҳи иқтидо қадам кун.

Бар шореъи нофааш назар неҳ,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, cap неҳ.
3-ин гуна чӣ бошад иқтидое,
Охир бирасонадат ба ҷое.
Ҳуш дор, ки бошад андар ин роҳ,
Аз ҳашмату ҷоҳ канда сад чоҳ.
Аз кӯрдилӣ зи paҳ наяфтӣ,
Чун кӯрдилон ба чаҳ наяфтӣ.
Ҳуш дор, ки раҳзанони тақдир
Аз симу заранд карда занҷир.

Занҷирии симу зар нагардӣ,
Сокин нашавӣ зи раҳнавардӣ.
Ҳуш дор, ки ҳар зи paҳ фитода
Ғӯлест миёни paҳ ситода…

Дар табъи ту гар қабули панд аст,
Ин панд, ки гуфта шуд, басандаст.
Гуфтам сухане, ки гуфтанӣ буд,
Суфтам гуҳаре, ки суфтанӣ буд.
Аз кор бишуд забону дастам,
Хомӯш шудам, қалам шикастам.

——————-
1. Қуррутулайн — нури чашм.
2. Фазул — лаққигӣ, беҳудагӯӣ.
3. Дурғавр — хеле амиқ, хеле чуқур.

Likes:
0 0
Views:
53
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply