Умумӣ

«Дар мавъиза аст ин қасида»-и Ҷомӣ.

Дигар аз қасидаҳои хеле ҷолиби Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ қасидаест таҳти унвони: «Дар мавъиза аст ин қасида». Мавзўи марказии он аз унвонаш пайдост, ки мавъизат, андарз, ҳикмат, панд, суханони ҳикматомез, насиҳатомез мебошад. Аммо ин ҳама дар қасидаи мазкур ба маънои оммафаҳми он нест, балки ба маънои панд ба соликон, насиҳат ба пайравон, андарз ба онҳоест, ки роҳи тариқатро интихоб кардаанд.
Матлаъи қасидаи мазкур бо муроҷиат ба дил шурўъ мешавад, ки дар интихоб набояд ба саҳв роҳ диҳад:

Чу пайванд бо дўст мехоҳӣ, ай дил,
Зи чизе, ки ҷуз ўст, пайванд бигсил.
Макун шаҳпари аршпарвози худро
Дар ин ваҳшатободи олудаи гил.

Бо тақозои хусусиятҳои шаклӣ қасидаи «Дар мавъиза…» хеле ҷолиб буда, дорои радиф нест ва дар он калимаҳои дил, бигсил, гил, манзил, ғофил, комил, ҳоил, оҷил, қотил, мушокил ва ғайра ҳамқофия шудаанд, ки аз нигоҳи шаклҳои қофия калимаҳои зикршуда қофияи муқайяданд.
Ҳадафи асосии тематикии қасида ҷўёии асл, қурбҷўӣ, висол буда, барои ноил шудан ба мақсад, дил баркандан аз дунё ва алоиқи он тавсия мешавад. Қасида дар баҳри Мутақориби мусаммани солим иншо шуда, афоъили он чунин мебошад:

V — — I V — — I V — — I V — —
V — — I V — — I V — — I V — —

Яъне: фаъўлун, фаъўлун, фаъўлун, фаъўлун.
Шоир ишқи заминии инсониро чандон васф намекунад, зеро мувақақтӣ ва заволпазир медонад. Яъне баробари итмоми даврони ҷавонӣ зебоии инсон низ завол меёбад ва агар паричеҳра маҳбуба бошад ҳам, тадриҷан девсурат хоҳад гашт. Чунончӣ мегўяд:

Яке пўст дар хилту1 дар хун кашида,
Барад сабрат аз ҷону оромат аз дил.
Кунӣ айши худ талх дар ҷустуҷўяш,
Ки шаккардаҳон асту шириншамоил.
Зи зулфи хам андар хаму печ печаш,
Ниҳӣ дасту пои хирадро салосил2.
Намедонӣ оё, ки ногоҳ бинӣ,
Аз ў гашта он хубиву лутф зоил3?
Гар аввал парӣ буд, охир намояд,
Ба чашми ту чун пайкари дев ҳоил4.

ва ғайра.
_______________________

1. Хилт – омехта, таркиб; яке аз моддаҳои чаҳоргона: хун, балғам, сафро ва савдо.
2. Салосил – силсилаҳо.
3. Зоил – нопадид.
4. Ҳоил – даҳшатангез, воҳиманок.

Leave a Reply