Умумӣ

«Дар ишорат ба ишқ»-и Ҷомӣ.

Дар ишорат ба ишқ,
ки шўри он намаки хони ҷигархўрон аст
ва ҷароҳати он роҳати ҷони дилфигорон

Равнақи айёми ҷавонист ишқ,
Мояи коми ду ҷаҳонист ишқ.
Майли таҳаррук ба фалак ишқ дод,
Завқи таҷарруд ба малак ишқ дод.
Чун гули нон бўи таашшуқ гирифт,
Бо гили тан ранги тааллуқ гирифт.

Робитаи ҷону тани мо аз ўст,
Мурдани мо, зистани мо аз ўст…
Ҳар ки на дар оташи ишқ аст ғарқ,
Аз дили ў то ба санавбар чӣ фарқ?
Кори санавбар чу бувад ғофилӣ,
Аз ғами ишқ ў киву соҳибдилӣ.

Зиндагии дил ба ғами ошиқист,
Тораки ҷон бар қадами ошиқист.
То нашавад ишқ ба дил пардагӣ,
Гармии дил нест ҷуз афсурдагӣ.
Эй шуда кори ту бад аз некувон,
Ҷуфт сад андўҳ зи тоқ абрувон.

Холи ту аз холи сиёҳон табоҳ,
Рўзи ту аз мушки узорон сиёҳ.
Раҳзани хобат шуда чашмони маст,
Тавбаи ту ёфта з-эшон шикаст.
Ҳар ки шуд аз сарвқадон сарфароз,
Сохт сарат паст ба хоки ниёз…

Гаҳ дам аз андешаи моҳӣ занӣ,
Моҳи фалак биниву оҳе занӣ.
Гаҳ зи гуле хурраму хандон шавӣ,
Haғмacapo булбули бўстон шавӣ.
Гаҳ ба ғизоле дили шайдо диҳӣ,
Руй чу девона ба саҳро ниҳӣ.

Ёри ҳамоғўш ба дар бода нўш,
Ту паси зонуе ғам андар хурўш.
Ёр ҳамовоз ба ҳар ҳила соз,
Ту зи таби фурқати ў дар гудоз.
Ёр ҳамоҳанг ба ҳар сина танг,
Ту ба дилаш кўфта бар сина санг.
Зиракие варзу чунон гир ёр,
К-аш бувад андар дилу ҷонаш қарор.

Leave a Reply