Дар бораи мо

«Мисол» — сомонаи илмию таълимӣ мебошад. Талош менамояд, ки матлабҳоро ба сурати ройгон дар ихтиёри хонандагони худ, дар сартосари дунё қарор диҳад.

Имрӯз аллакай ҳеҷ кас ба шунидани ибораи “китобхонаи электронӣ” ба ҳайрат намеафтад. Аллакай солҳои зиёд мешавад, ки дар фазои Торнамои умумиҷаҳонӣ китобхонаҳои электронии зиёд мавҷуданд, ки ба хонандагони худ китобҳои гуногунро пешкаш менамоянд – аз афсонаҳо барои кӯдакон оғоз намуда, то детективҳо ва романҳо. Китобҳо ҳам ройгон ва ҳам ба ивази маблағ пешниҳод карда мешаванд – вобаста ба хусусияти кори китобхонаи электронӣ. Аммо, ҳатто ба миқдори зиёди чунин китобхонаҳо нигоҳ накарда, як қатор китобҳое мавҷуданд, ки дастрасии маҳдуд доранд.

Барои пешрафти сомона саҳми хешро бо маводҳои электронӣ, эҷодиётҳо, дархост ва фикру андешаҳои худ, метавонед ба суроғаи электрони зерин равон намоед.

misoltj@gmail.com

Бо эҳтиром маъмурияти сомона!