0 Comments

ШАҲПАРАК

Шаҳпараки холдор,
Боли ту — нақшу нигор.

Нақшу нигорат бувад
Манзараи навбаҳор.

Болу парат — ранги гул,
Ҷону дилат — беқарор.

Ҳар гули боғу чаман —
Дар раҳи ту интизор.

Файз барад гул зи ту,
Гул зи ту ояд ба бор.

Аз бари гул омадӣ?
Сӯйи гулӣ раҳсипор?

Балки худат як гулӣ,
Як гули фасли баҳор!

ЁРИ

Бинам, Нигор-хола
Бо мушкилӣ равон аст,
Дар ҳар ду дасти ӯ — бор,
Бораш басе гарон аст.

Аз рӯи меҳрубонӣ
Ман кӯмакаш бидодам,
То хона бурда бораш,
Пеши дараш ниҳодам.

Хам гашта аз рухи ман
Ӯ бӯса карду гуфто:
— Чизе диҳам бароят,
Аз чизи хубу зебо.

 Аз меҳр ӯ ба ман дод
Як себаки гулобӣ.
Ман гуфтамаш: — Ташаккур!
Гуфт ӯ: — Камол ёбӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.