Галилео Галилей

Галилео Галилей (1564 – 1642)
Ҷиҳатҳои астрономӣ – физикӣ, мантиқи – фалсафӣ, риёзи ва таърихи иҷтимоии тафаккур бо ҳам пайвастаанд. Ба ақидаи Галилео маърифати моҳияти ашё тавассути тафаккури муҷаррад сурат мегирад.
Яке аз тафовутҳои фалсафи Эҳё аз фалсафаҳои пешин, ки масъалаи антропосентриро мавриди тадқиқ қарор дод. Аз ин рў инсон на фақат мавзуи баҳси донишҳои фалсафӣ, балки маркази тамоми коинот низ мебошад. Фаҳмиши антропосентри дар фалсафаи асрҳои миёна дучор мешуд. Аммо дар он даврон инсонро офаридаи худо ва оламро ба хотири ў эҷодшуда меноманд. Аз ин рў инсонро чун махлуқи маҳрум аз қудрат ва истеъдод шарҳу эзоҳ дода онро дар назди қонунҳои воқеият оҷиз медонанд.
Вале фалсафа гуманистии Эҳё инсонро ба сифати мавҷудоти олии табиат муаррифи кард. Риёзотро дар ҳамин давра чун «забони табиат» (галилей) номиданд.
Фаъолияти зеҳнӣ ва гносиологии замони номбурда ба муқ. анъанаи скаластика равона карда шуда буд. Файласуфони ин давра Н. Кузанӣ, Бруно Леонардо де Винчи, Галилей таҷриба, мушоҳида ва ҳисро дар модди аввал гузошта, онро асоси ҷараёни маърифат медонанд.
Бруно эҳсосро зинаи авали дониш ва ақлу, зеҳнро дараҷаи олии он – асоси маърифати моҳият (қонун) номидааст. Н. Кузанӣ зинаҳои донишро аз ҳис, ақл, ҳуш ва рафтори оқилона гарави асосии маърифати олам ва инкишофи донишҳои илмӣ мебошад.
Галилей аввал мутафаккурест, ки ба василаи гениолонаи истифода кардани таҷрибаи илмӣ, идеализасияи зеҳнӣ ва фарзияву муҳокимаҳои фикрӣ тавонист ваҳдати донишҳои назарӣ ва методологияи илмиро пайваст созад. Бори аввал Галилей услуби саҳеҳи таҷрибавии миқдорӣ ва тарзи баёни риёзигии ҳодисотро ба механика дохил кард.

Likes:
0 1
Views:
58
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply