Умумӣ

Вазни мағзи сари кӣ вазнитар аст?

Вазни мағзи сари одами оддӣ аз 1020 то 1970 грамм иборат аст. Мағзи сари мардак аз вазни мағзи сари зан одатан 100-150 грамм зиёдтар аст. Байни нажодҳои алоҳида дар ин бобат ягон фарқияте нест. Дар ҳар сурат ҷои аввалро аврупоиён ишғол намекунанд. Вазни миёнаи мағзи сари негрони африқоӣ 1316 грамм, аврупоиён – 1361, аз он ҷумла немисҳо – 1291 грамм, швейсриҳо – 1327 ва русҳо – 1377 граммро ташкил медиҳанд. Вазни мағзи сари ҷопониҳо – 1374 грамм, бурятиҳо (Руссия) ҳатто – 1508 грамм мебошад. Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки мағзи сари аҷдодони қадимаи мо чӣ қадар вазн дошт? Калонии мағзи сарро аз андозаи косаи сар муайян кардан мумкин аст.
Андозаи косаи сари маймуни азимтарини ҳозиразамони одамшакл хурд буда – 440 – 510 сантиметри кубиро ташкил меди 6ад. Агар назирияи дарвиниро ба ба инобат бигирем ҳангоми гузариш аз маймуни олӣ ба одами ибтидоӣ мағзи сар хеле калонтар гашт. Мағзи сари петикантроп аз 750 то 900 грамм, мағзи сари синантроп то 915- 1225 сантиметри кубӣ зиёд шуд, ки вазни мағзи сари зани ҳозиразамонро дарёфт намуд. Ҳаҷми косаи сари одами неандертали то 1325, неандертали аврупоӣ то 1610 сантиметри кубӣ зиёд шуд. Дар оқибат краманониҳо дар ҳақиқат бачаҳои «боақл» буданд, ки вазни мағзи сарашон то 1880 сантиметри кубӣ мерасид. Минбаъд инкишофи мағзи сар ба пастшавӣ майл кард. Кофтуковҳои олимон дар мавзеи пирамидаҳои Мисри қадим ба мо муқоисаи андозаҳои косаи сари фиръавнҳо дар муддати якчанд ҳазорсола имкон медиҳад.
Дар тӯли 2-3 ҳазорсола аз ҳукмронии сулолаи якуми фиръавнҳо то сулолаи 18-ум ҳаҷми косаи Сар аз 1414 то 1379 сантиметри кубӣ паст гашт, ки тахминан 1 сантиметри кубӣ ҳар 200 солро ташкил медиҳад. Ҳамин ҳодиса нисбати аврупоиён низ гуфтан мумкин аст. Зеро дар муддати 10-20 ҳазор сол мағзи сари онҳо низ «қоқ» шудааст. Ҳаҷми мағзи сари аврупоии оддӣ ҳоло 1446 сантиметри кубиро ташкил медиҳад. Мумкин одамони қадима аз дида оқилтар буданд? Ин ба ҳақиқат монанд нест. Вале бояд зикр намуд, ки онҳо мутафаккири бузург буданашон мумкин аст, зеро, ки ба тамоми кашфиётҳо мебоист бо ақли худ расид. Дар миёни ҳайвонот аз 6ама мағзи сари калонро наҳангҳо (кит) соҳибанд. Мағзи сари наҳанги кабуд (синий кит) 6800 граммро ташкил намуда, тахминан 5 маротиба аз мағзи сари одам калонтар аст. Вазни мағзи сари фили ҳиндӣ 5000 грамм, мағзи сари делфини шимоли- белуха – 2350 ва делфини афалин бошад 1735 граммро ташкил медиҳад. Ин муқоиса гӯё на ба фоидаи одам аст.
Аммо натанҳо ҳаҷми мағзи сарро, балки ҳаҷми бадане, ки ба он таалуқ аст низ бояд ба инобат гирифт. Наҳанги оддӣ- ин 30 тонна равған, гӯшт ва устухон аст. Фил тақрибан 3 тонн, белуха 300 кило ва одами миёна – 75 кило вазн доранд. Як грамм мағзи сари мо 50 грамм баданамонро идора менамояд, ҳамин миқдор мағзи сари наҳанг қариб 100 маротиба зиёдтар – бо 5 кило бадани зинда. Агар мо наҳангҳои азимҷусае, ки дар уқёнус хеле кам дучор мешаванду вазнашон аз 100 то 150 тонна мебошад муқоиса намоем, як грамм мағзи сари онҳо зиёда аз 20 кило тану тушро идора менамоянд. Ин барои ҳуҷайраҳои асаб хеле бори гарон аст.

Leave a Reply