Барои чӣ сар чарх мезанад.

Сарчархзанӣ – беморӣ нест, балки танҳо яке аз аломатҳои он аст. Аломати маҳз кадом беморӣаст – инро духтурон ҳал мекунанд. Аммо баъзе чизҳоро мизоҷон низ донанд, фоида дорад.
Хабари қалбакӣ. Агар сар дар оғӯши дӯстдошта, ҳангоми баромад дар толори серодам ё дар ҳолати қаҳру ғазаби роҳбар чарх занад, ба ташвиш наоед.
Саломатии шумо хуб аст. Сабаби сарчархзанӣ ҷудошавии адреналин аст, ки муваққатан гардиши хуни мағзи сарро вайрон месозад.
Дар ҳафтаи аввали дар кайҳон будан кайҳоннавардон, одатан аз сарчархзанӣ азият мекашанд. Организм ба бевазнӣ худро мутобиқ месозад, азнавтақсимкунии хун рӯй медиҳад, узви мувозинат бошад, барои муайян намудани поёну боло кӯшиш намуда, «аз ақл бегона» мешавад.
Бисёр вақт сарчархзанӣ дар нақлиёт, дар гулбод ва дар кинотеатрҳо – агар он бо техникаи «камераи дастӣ» ба навор гирифта шуда бошад, рӯй медиҳад. Сабаби он боҳам рост наомадани он чизе, ки узви мувозинат қабул мекунад ва он чизе, ки мо мебинем, мебошад. майнаи сар якбора ҳар ду хабарро месанҷад ва бесарусомонӣ ба вуҷуд меояд.
Ин ҳолат, агар бо нақлиёти обӣ алоқаманд бошад, «бемории баҳрӣ» меноманд.
Дар баъзе одамон он зиёдтар, дар баъзеашон камтар зоҳир мешавад. Воқеан, яке аз қурбониҳои аз ҳама машҳуртарини он адмирал Нелсон буд.
Агар аз баландӣ чарх занад, ин ҳам кирои ташвиш нест. Агар ба масофаи дур тӯлонӣ назар кунед, барои ашёҳои наздикро акс кунондан ба чашм душвор мегардад.
Сар боз метавонад дар натиҷаи вайроншавии бо раги хун таъминшавии қисматҳои мағзи сар, ки барои мувозинат масъуланд, чарх занад.
Ба ин ҳолат на фақат ҳангоми беморӣ, балки инчунин дарҳолати бебарор ба ақиб партофтан ё ба ягон паҳлӯгардондани сар гирифтор шудан мумкин аст (ҳангоми иҷрои машқ барои мушакҳои гардан эҳтиёт кунед!). Агар сарчархзанӣ аз гушнагӣ бошад, пас сабаби он норасоии глюкоза дар хун мебошад, яъне вақти муолиҷа расидааст. Агар сар мунтазам чарх занад, пас он аломати ягон беморӣ аст. Маҳз кадом беморӣ будани онро аз рӯиҳиссиётҳои фарогиранда муайян кардан мумкин аст.
Танҳо сарчархзанӣ. Бисёр вақт сабаби сарчархзанӣ – бемории узви мувозинат (он дар дохили гӯш воқеъ аст) мебошад. Чунин сарчархзаниро аслӣ меноманд. Дар инҳолат бемор қайъ намуда, арақи хунук мекунад, ашёҳои гирду атроф ва бадани худ дар назараш ҳаракат мекунанд.
Сарчархзанӣ вайроншавии шунавоӣ. Агар сарчархзанӣ якчанд соат давом кунад, гӯш доимо садо дода истад ва шунавоиаш суст гардад – ин бемории Менйер аст.
Вақте моеъ, ки қисмати шунавоӣ ва мувозинати дохили гӯшро мешӯяд, аз меъёр зиёд мегардад ё дар он мутаносиби электролитҳо тағйир меёбад, ин беморӣ пайдо мешавад.
Агар сарчархзанӣ дар баробари садои гӯш, қайъ, тарс аз рӯшноӣ ва садоҳо пайдо шавад, пас он аломати мигрен (дарди нимсара) аст.
Агар сарчархзанӣ ва дарди сар дар як вақт ҳис карда шавад, пас сабаби он заҳролудшавӣ ё ҷароҳати косахонаю – мағзи сар аст.
Сарчархзанӣ + вайроншавии мутобиқати ҳаракат. Сарчархзанӣ дар якҷоягӣ бо беҳушшавӣ, ноқисии биноӣ, дигаргуншавии ҳисиёт, бемадорӣ, душворӣ дар мутобиқати ҳаракат – сабаби ҳамаи ин вайроншавии системаи хунгарди мағзи сар мебошад.
Ҳангоми ба вуҷуд омадани чунин аломат зуд «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват намудан лозим аст.
Сарчархзанӣ баъди истеъмоли дору.
Истеъмоли баъзе доруҳои муолиҷавӣ метавонад сарро чарх занонад: доруҳои зиди таҳсос (супрастин. димедрол), аз шамолхӯрӣ, хобовар ва оромибахш.
Чӣ бояд кард? Агар ногаҳон сар чарх занад, муҳим ин ки ором шавед ва кӯшиш кунед, наафтед – ҳангоми сарчархзанӣ бисёр вақт мувозинат вайрон мегардад. Нишинед, беҳтараш дароз кашед, то ин ки сар ва китфҳоятон дар як сатҳ қарор гиранд – ин ҳолат бо раги хун таъминшавии мағзи сарро беҳ мегардонад. Ҳаракати тез накунед.
Кӯшиш кунед, ба ягон ашёи беҳаракат назар карда истед ёҳамту чашмонатонро пӯшед.

Likes:
0 0
Views:
90
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply