Барномаи WINDOWS’ 95.

WINDOWS 95 – системаи амалиётии баландистеҳсолӣ, бисёрмасъалавӣ ва бисёрбарқии 32-заряда бо интерфейси графикию дорои имкониятҳои васеи шабакавӣ буда, дар режими муҳофизатӣ кор мекунад ва барномаҳои 16-разрядаро бе ягон восита иҷро менамояд.

Имкониятҳои васеи WINDOWS 95 дар дараҷаи босифат аз ҳама он чизе, ки дар MS DOS ва WINDOWS 3.x мавҷуд аст, сарчашма мегирад.
WINDOWS 95 – системаи амалиётии ( аз оилаи WINDOWS ) мебошад, ки MS DOS – ро талаб намекунад.
Бартариҳои WINDOWS 95 – ро баён мекунем:
– системаи амалиётии яксоншуда (яъне системаи амалиётие мебошад, ки ядрои он лаҳзаи ба кор даромадани компютер ворид мешаваду интерфейси графикии истифодабарандаро фаъол мегардонад ва ҳамҷоягии пурра бо системаи амалиётии MS DOS – ро таъмин менамояд);
– бисёрмасъалавӣ, чунин хусусияти системаи амалиётие мебошад, ки мустақил вобаста аз вазъияти дохилӣ идоракуниро аз як барнома мегирад ва ба дигари он медиҳад, имконият медиҳад, ки як барнома тамоми захираҳои дастгоҳиро ишғол намояд;
– бисёрселобӣ (хусусиятҳои системаи амалиётӣ, ки амалиётро якбора бо сели якчанд барномаи 32-битдор, ки раванд меноманд, иҷро мекунад);

WINDOWS 95 технологияи “Plug and Play (тарҷумааш: ” Ба кор дарор ва бозӣ кун ” ) ” – ро истифода мебарад, ки он кор бо компютерро аз ҳисоби вазифаҳои зерини хизматӣ осон мегардонад:
– ёрдам ҳангоми шинохтани дастгоҳ барои гузоштан ва ҷур кардани он;
– тағирёбии динамикии ҳолати система ва хабардиҳии автоматӣ оиди барномаҳо;
– яксонкунии драйверҳои дастгоҳҳо, қисматҳои системавӣ ва интерфейси истифодабаранда.

Технологияи ” Plug and Play “, ки дар WINDOWS 95 гузошта шудааст, имконият медиҳад, ки дастгоҳҳои ба хусусиятҳои ин технология номувофиқ низ ба кор дароварда шаванд.
Барномаи WINDOWS 95 – сатҳи бисёр самараноки мултимедиавӣ буда, дар худ CD – плейер дошта, сабти видеодискҳо ва видеомагнитофониро нишон медиҳад.
Ба ғайр аз ин барномаи WINDOWS 95 имкониятҳои махсус дорад, ки барои истифодабарандагони нағз намешунидагӣ ва нағз намедидагӣ нигаронида шудааст:
– имкониятҳои масштабнамоии элементҳои интерфейс;
– истифодаи тугмачаҳои “часпак”;
– истифодаи режими Mouse Keys (тамоми корҳои “мушак” бо клавиатура иҷро карда мешавад );
– дублиронии визуалии овозҳои система.

Likes:
0 0
Views:
73
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply