0 Comments

WINDOWS 3.1. — пардаи амалиётии маъмуле мебошад, ки дар базаи MS DOS кор мекунад ва чун барномаи оддии системаи амалиётии MS DOS ба кор дароварда мешавад.
Шарти принсипиалӣ барои эзоҳоти барномавӣ ва кор дар муҳити WINDOWS 3.1. он мебошад, ки онҳо бо дастгоҳҳои берунӣ (монитор, принтер, плоттер ва ғайраҳо) бевосита неъ, балки тавасути системаи универсалии фармонҳо кор мекунад. Системаи иҷрошаванда талаботро қабул намуда, онро ба WINDOWS — драйвери лозимии дастгоҳи мазкур мефиристад. Қариб ҳама драйверҳои дастгоҳии системаи амалиётии WINDOWS 3.1. вазифаҳои BIOS -ро иҷро менамоянд.
Интерфейси истифодабарандагии WINDOWS 3.1. режими графикии кори видеомониторро истифода мебарад. Асоси онро системаи равзанаҳои дарахтшакл (иерархӣ) ташкил менамояд. Равзана – элементи сохторӣ ва идоракунии интерфейси истифодабарандагӣ мебошад, ки қисмати росткунҷашакли экранро, ки дар он ҳуҷҷатҳо ва хабарҳо ифода меёбанд, ташкил медиҳад.
Интерфейси истифодабарандагии WINDOWS идоракунии фавриро дар асоси интихоби ин ё он элементи графикӣ (тугмачаҳо, пиктограммаҳо ва ғайраҳо) бо ёрии дастгоҳи «мушак» амалӣ мегардонад. Дастаи элементҳои истифодашавандаи интерфейс стандартӣ мебошад ва имконият медиҳад, ки интерфейси барномаҳои амалиявиро, ки дар зери идоракунии WINDOWS кор мекунанд, истифодабарандагон ба зудӣ аз худ намоянд.
WINDOWS — системаи объектӣ ва мутобиқшаванда мебошад. Ин чунин мазмун дорад, ки барнома маълумотҳоро идора накарда, балки маълумотҳо барномаро идора мекунанд. Истифодабаранда дар WINDOWS имконият дорад суратчаи (пиктограммаи) ҳуҷҷатҳоро интихоб намояд ва ду маротиба босуръат тугмаи фаъоли «мушак»-ро зер намояд, дар натиҷа аввал барномае, ки дар он ин ҳуҷҷат навишта шудааст, дар экран пайдо шуда, сипас ҳуҷҷати мазкур дар дохили он пайдо мегардад.
Тавсифи дигари WINDOWS чун системаи бисёрмасъалавӣ дар он мебошад, ки дар он технологияи додугирифти ахборӣ байни барномаҳои гуногун сурат мегирад. Ба онҳо дохил мешаванд:
— фиристодани маълумотҳо тавасути «буфери додугирифт» (Clipboard);
— DDE ( Dinamic Data Exchange ) ;
— OLE ( Object Linking and Embedding ).
«Буфери додугирифт» — ба таври махсус фазои ташкилию динамикии хотираи фаврӣ барои нигоҳдории мувақатии маълумотҳо мебошад. Ҳар як маълумоти воридшаванда ба буфер маълумоти пешинаи онро тоза месозад. Доду гирифти маълумотҳо дар дохили WINDOWS ва дар атрофи он дар базаи зерини системаҳои универсалии протседураҳо сохта шудааст:
— барои нусхакунӣ/буридани маълумотҳо дар буфер (фармонҳои нусхакунӣ (копировать) ва буридан (вырезать) истифода бурда мешавад;
— барои гузоришкунии маълумотҳои буфер фармони «гузоштан» (вставить) истифода карда мешавад.
Барои бо маълумотҳои дар буфер мавҷудбуда бевосита кор кардан аз равзанаи «Асосӣ» (Главная) ва «Папкаи додугирифт» бояд истифода бурд. Ин равзана имконият медиҳад, ки мундариҷаи буфер дида баромада шуда, он дар файл нигоҳ дошта шавад ва баъд аз он буфер тоза карда шавад. Буфери навбатӣ дар» Папкаи додугирифт» номи саҳифаро мегирад. Истифодабаранда метавонад, ки мустақилона ба вай ном диҳад ва дар файли дорои тафсираи *.clp сабт намояд.
Технологияи DDE худ дастаи протседураҳои барномавиеро дорад, ки аз як равзана ( барномаи DDE — клиент ) ба дигар барномаи фаъол ( DDE — сервер ) муроҷиат карданро имконият медиҳад.
Технологияи OLE — пайвастнамоӣ ва воридкунии объектҳо мебошад. Вай имконият медиҳад, ки маълумотҳои як объект ба маълумотҳои барномаи дигар ҷорӣ карда шавад. Масалан: тавасути технологияи OLE расм ё ҷадвали электронӣ ба ҳуҷҷати матнӣ мубаддал карда мешавад.
Тафриқаҳои WINDOWS 3.11 барои гурўҳҳои корӣ ба истифодабарандагон имконият медиҳад, ки дар шабака бартариҳои зеринро соҳиб гардад:
— истифодаи муштараки захираҳои сервери файлӣ, принтерҳо, факс- модемҳо;
— истифодабарии почтаи электронӣ ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован.