Умумӣ

Базис (зербнид) ва надстройка (рўбино).

К.Маркс мегўяд: Моҳияти базиси иқтисодиро муносибатҳои моддӣ ва истеҳсолӣ ташкил медиҳад, ки новобаста ба ирода ва шуури одамон равона мегардад.
Базис – сохтори иқтисодии ҷамъият ва мувофиқи ба он маҷмўи муносибатҳои истеҳсолӣ дониста мешавад.
Надстройка маҷмўи идеяҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва муносибатҳое мебошанд, ки дар асоси базиси иқтисодии мазкур ба вуҷуд меояд. Надстройка шуури ҷамъиятӣ, муносибати идеологӣ ва муассисаҳои ҷамъиятию ташкилотҳои ба базиси иқтисодӣ мувофиқро дар бар мегирад. Надстройкаро базис муайян мекунад. Базис ва Надстройка таърихи мушаххас доранд ва характери диалектикӣ доранд.
Надстройка метавонад ба инкишофу мустаҳкам гардидани базиси иқтисодӣ таъсир мерасонад.
Унсури аз ҳама муҳими надстройка Давлат мебошад. Давлат – машинаи нигаҳдории манфиатҳои як синф бар синфи дигар мебошад.
Давлат функсияҳои муайяни дохилӣ ва хориҷиро ичро мекунад. Далат баробар пахш намудани муборизаи синфии меҳнаткашонро низ иҷро мекунад. Давлат як қатор органҳо дорад: Қувваи муносибати политсия, разведка, кантророзведка, судҳо, прокуратура, органҳои ҳуқуқӣ, ҳукмат ва органҳои иҷроия дорад. Далат фуксияҳои хориҷи дорад: Ҳимояи воҳиди территориявӣ, татбиқи сиёсати берунӣ мақсади асосии давлат аст.
Ҳизбҳои сиёсӣ ҳам монанди давлат маҳсули тақсимшавии ҷамъият ба синфҳо мебошад.
Ҳизб – гурўҳи муташаккил ва бошуури синфитабақаҳои гуногуни иҷтимоӣ мебошад.
Бисёрҳизбӣ хусусияти хоси ҳамаи ҷамъиятҳои синфист, вале аз ҳама бештар мақоли васеътар ва хубтар дар формасияи ҷамъиятӣ иқтисодии копиталистӣ ва сосиалистӣ пайдо мекунанд.
Демократияи буржуазӣ барои пайдоиши ҳизбҳои сиёсии гуногун шароити мусоид ба вуҷуд меоварад. Мавҷудияти бисёрҳизбӣ натиҷаи сиёсати демократии буржуазӣ буда, барои дар асоси баробарӣ дар интихобот ва идоракунӣ иштирок намудани одамон имконият медиҳад.
Озодии сухан, маҷлисҳо, ташкилотҳо имкон медиҳад, ки ҳизббҳои сиёсӣ ба вуҷуд оянд. Маълум аст, ки бо иллати дида натавонистани дурнамои сиёсати умумиҷаҳони Ҳизби каммунисти СССР нақши худро аз даст дод.

Leave a Reply