Умумӣ

Бадое-ул-вақое-Қисми 2

ЁДДОШТИ ВОСИФӢ ДАР БОРАИ МУАММОӢ ШУДАНИ ХУД

ВА РАСИДАНАШ БА ҲУЗУРИ МИР АЛИШЕР

Восифӣ мегўяд:

  • Камина дар синни шонздаҳсолагӣ рўзе бо ҷамъеаз шуаро ва фузало дар бозори Малики Ҳирот сайр мекардем, ки фитнагари пурошӯб Ҳофиз Ҳусайн, ки ўро «Ҳофиз Ҳамза» лақаб дода буданд, ба мо вохўрд. Дар дасти ў китобе буд. Фақир пурсидам ки:
  • Он нусха чист?
  • Рисолаи муаммои Мулло Сайфии Бухорӣ аст, гуфт дар ҷавоб Ҳофиз Ҳамза.

Дар он замонҳо ягона мақсади арбоби фазл ва ка-мол манзури назари кимиёасари Мир Алишер гардидан буд ва барои ба он ҷаноб наздик шудан ҳеҷ, васила баробари муаммо набуд. Бинобар ин аз Ҳофиз илтимос намудам, ки он рисоларо ба тариқаи орият — муваққатан барои китобат карам фармоянд.

Ҳофиз ханда карданд ва фармуданд:

Хормушу гулоб — яъне чӣ?
Гўши карру рубоб — яъне чӣ?
Яъне ту куҷову фаҳмидани муаммо дар куҷо? —гуфтан аст.

Восифӣ мегўяд: аз ин зиштгўӣ ва таъна бар ман ҷаҳон монанди мушхона тираву танг гардид ва гулоби сиришк аз гулобзани дида бар саҳифаи чеҳра борид, муғаннии ғайрат гўшаки рубоби ҳамиятро тоб дод, рагҳои ҷони ҳазин монанди тори рубоб ба нолаи зор даромад. Гирён ва нолон ба хона рафтам ва дар гўшае нишастам ва дари ошноии мардум ба рўи худ бастам.

Намози дигар ба масҷид рафтам. Баъд аз намоз шахсеро дидам, ки дар гўшае нишаста ва бар рўи худ намаде кашида нолаи ҳазине дорад. Наздики ў раф-там ва намад аз рўи ў кашидам. Дидам ҷавоне буд дар ғояти ҷамол, аммо ранги рўи ў шикаста (парида) ва гарду ғубори ғарибӣ бар гирди рухсораш нишаста…

Пеши ӯ нишастам ва аҳвол пурсидам. Гуфт   ки: — (Ман фарзанди Табрезам, маро Абдураҳими Чалабӣ мегўянд.  Маро   хоҳиши   сафари   Хуросон   пайдо шуд. Падарам розӣ нашуд. Бе рухсати падар бо маблағе мол ба ин диёр рў овардам. Чун ба Хушкруди Соқӣ Салмон, ки дар як фарсахии  (ҳашткилометрии)  Хуросон (Ҳирот) аст, расидем, аҳли корвон изҳори хушҳолӣ намуданд, ки «алҳамду лиллоҳ аз хавфу хатари роҳ фориғ шудем ва аз тарсу бими роҳзанон эмин гардидем» ба ҳамин мулоҳиза корвониён эҳтиётро аз даст доданд     ва рахт ба сарманзили амон ва фароғат кашиданд (яъне осуда хобиданд).

Иттифоқо дар ҳамин шаб тоифае аз ҳаромиён (дуз-дон) ки аз Табрез. дар камини мо будаанд ва фурсат металабидаанд, бар сари мо тохт оварданд. Дар ҷанг бар бозуи ман тир расид. Бештари аҳли корвон талаф гардиданд ва ман ба ҳоле ки аз он бадтар набошад, афтону хезон худро ба ин ҷо расонидам.

Восифӣ мегўяд: ман гирён шудам ва ба хона рафта тахти равоне оварда ўро бурдам. Дар ҳамсоягии мо ҷарроҳе буд, ўро оварда захми он ҷавонро ба ӯ нишон додам. Ў дар андак замоне он захмро ба ислоҳ овард.

Рўзе он ҷавон ба ман изҳори миннатдорӣ ва шукр-гузорӣ карда гуфт: — Ман дар шаҳри Табрез дар ду илм, ки муаммо ва нуҷум аст, байрақи ягонагиро баланд бардошта будам. Ба хотир чунон мерасад, ки аз баро ҳақгузории некиҳои шумо он ду илмро бар саҳифаи хотири шумо
нигорам ва аз худ назди шумо ёдгорӣ гузорам.

Восифӣ мегўяд: ман чун номи муамморо шунидам, хаёл кардам, ки аз олами боло ба номи ман саҳифае нозил шудааст ва гуфтам: — Эй азиз, маро таҳсили илми муаммо зарур аст.
Агар барои осон кардани он кўшиш фармоед, дар ҳаққи   ман ниҳоят лутф ва некии шумо хоҳад буд.

Он ҷавон давоту қалам хоста ду муаммо навишта ва онро ба фақир таълим кард ва баъд аз он қоидаҳо ва истилоҳҳои фанни муамморо ба тафсил навишта ба ман хотирнишон гардонид.

Дар ин миён мардуми Ироқ омада он хоҷазодаро ба таклифи тамом ба ҷониби Ироқ бурданд ва ҷону дили ин меҳнатзадаро бар дасти шаҳнаи меҳнат ва андўҳ супориданд. Аммо ба ҳиммати он соҳибдавлат каминаро дар фанни муаммо он миқдор қудрат ва маҳорат ҳосил шуд, ки аксари муаммоҳоро ки мешунидам ном ногуфта шикофта метавонистам  ва ин ҳол дар шаҳри Ҳирот дар миёнаи аҳли муаммо шўҳрати тамом пайдо кард, кор ба ҷое расид, ки одамон бар болои муаммои беномро кушода тавонистан ва натавонистани ман дар байни худ шарт мебастанд ва аз болои ин фақир гаравро мебурданд. Чунончи, як муаммоӣ аз Рум ба Хуросон омада буд ва аз ў муаммоҳои мушкил нақл ме-карданд. Яке аз муаммоҳои ў ин аст:

Фасли баҳору лолаву рўи нигори мост,
Соқӣ аз баъди ин ду се давр ихтиёри мост.

Яке аз ёрони фақир бо он муаммоӣ ба маблағи сад танга гарав бастааст, ки фалонӣ ин муамморо ном ногуфта мекушояд ва бо ҷамъе ба хонаи ин фақир омаданд. Иттифоқо панҷ рўз буд, ки маро бемории ҳасба (сыпной тиф) воқеъ шуда буд, он ҷамоат бар сари болини ман нишастанд ва гуфтанд: — Моро аз бемории шумо хабаре набуд.

Яке аз он ҷамоат изҳор кард, ки онҳо гарав баста омадаанд. Фақир гуфтам, ки он муамморо бихонед. Онҳо гуфтанд:

— Ҳоло маҳалли  он гуна  корҳо нест.  Фикри зиёд сабаби шиддати беморӣ мешавад.

Фақир муболиға кардам, ки он муамморо бихонанд. Чун муаммои мазкур хонда шуд, баъд аз андак фикр гуфтам:

— Аз ин муаммо номи «Сайфӣ» бароварда шуд, намедонам ки ҳамин аст, ё ғайри ин.

Он муаммоиро ҳайрати аҷибе даст дод ва маблағе-ро, ки бо вай гарав баста буданд, ҳамон ҷо таслим на-муд ва фўтаи яздиеро, ки ба панҷоҳ хонӣ меарзид, ба ин фақир ҳадя кард.

1 Фарқи муаммо аз чистон дар ин аст, ки дар чистон чизи пинҳон кардашударо ном 
							набурда бо аломат ва нишонаҳо меёбанд, аммо дар муаммо ном гуфта мешавад ва он 
							номро бо қои-даҳои маълуми ин кор аз он назм ё наср мебароранд. Маҳорати Восифӣ
							 дар _ин ҷо аст, ки ӯ муамморо ҳам ном ногуфта кушода метавонистагӣ шудааст, ки
							 ин ба кам одамон, вай ҳам гоҳо — на бар тариқи давом, муяссар мешавад.

Восифӣ мегӯяд: Мавлоно Соҳиби Доро, ки аз ёрони номии амири кабир Низомуддин Алишер буд, ба ин фақир аз ҷониби волида хеши наздик буд. Рўзе бо падари худ ба хонаи эшон рафтем. Бисьёрии аз аҳли фаз-лу камол он чо ҳозир буданд. Мавлоно Соҳиби Доро ба падари он фақир хитоб намуданд ки:

— Муддате шуд шунида мешавад, ки писари шумо
толибилми хуб, ҳофизи хушхон ва шоири паҳлавон будааст ва ҳар муаммои мушкиле, ки бошад ,ном ногуфта мекушодааст.

Баъд аз он ба ман нигоҳ карда ин муамморо хонданд:

Он шоҳи ҳусн аз дили маҷрўҳи ҳар касе Бинад сипоҳ бесару по ҳар тараф басе ва ҳаллашро талаб карданд.

Бо андак фикр гуфтам, ки аз ин муаммо номи «По-янда» мебарояд. Аҳли маҷлисро тааҷҷуби ғарибе рўй дод. Мавлоно Соҳиби Доро фармуданд ки:

— Ман ин муамморо шаб гуфтаам ва то ҳол ба ҳеҷ кас нахондаам. Вагарна гумон мекардам, ки шояд шунида бошад. Ниҳояти зеҳни тез ва ғояти зако ҳамин аст.

Чун ба хонаи худ баргашта омадем, баъд аз соате хидматгори Мавлоно Соҳиби Доро омада гуфт, ки хоҷаи ман шуморо металабад. Чун ба хизмат расидам, ҷаноби Мавлоно гуфтанд ки:

— Ба мулозамати Мир Алишер рафта будам. Одати мир он аст, ки ҳар рўз аз фақир «Имрўз дар шаҳр аз аҷоиб ва ғароиб чӣ дидӣ?» — гуфта мепурсанд. Имрўз ки пурсиданд, гуфтам: «Шахсеро дидам ки дар синни шонздаҳ, ё ҳафдаҳсолагӣ  аст. Ҳар  муаммои мушкиле, ки бошад, ном ногуфта мекушояд. Дар толибилмӣ, ҳофизӣ ва шоирӣ ҳам шўҳрати тамом дорад».

Мир тааҷҷуби бисёре намуданд ва гуфтанд ки:

  • Ту ўро имтиҳон кардӣ?
  • Бале, имтиҳон кардам, гуфтам  ва  як  муаммои мушкилро хондам, фавран шикофт.

Мир ба ман «Чаро ўро пеши ман наёвардӣ?» — гуф-та эътироз карданд ва «Фардо биёр» — гуфтанд.

Ман аз расондани ин хабар пушаймон шудам, чунки сўҳбати Мир ҳайратафзо ва даҳшатангез аст. Ба ма-сал номи касеро дар он ҷо пурсанд эҳтимол гуфта на-тавонӣ. Мабодо муаммое хонда шавад ва ту наёбӣ, са-баби шармандагии ман мешавад. Ба ҳар ҳол ҳозир бош ва пагоҳтар ин ҷо биё, ки ҳазрати Мир мунтазири мулоқоти туанд.

Восифӣ мегўяд: шаб ки ба хона омадам маро ҳолате аҷиб пайдо шуд, чун моргазида аз паҳлу ба паҳлу меғалтидам ва ором намегирифтам. Падарам аз изтироби ман воқиф шуда аҳвол пурсид. «Фардо ба маҷлиси Мир Алишер меравам, намедонам чӣ ҳол мешавад» — гуфтам.

Падарам аввал гирён шуд ва баъд аз он маро та-саллӣ дод.

Алқисса, пагоҳонӣ ба хонаи Мавлоно Соҳиби Доро ҳозир шудам. Дар назди Мавлоно ба синни фақир се толибилми дигар ҳозир буданд. Мавлоно Соҳибӣ гуф-танд: ~ Ин се шахсро низ назди Мир таъриф кардаам.

Яке аз онҳо муаммоӣ, дигаре шоири қасидагўй ва саввумӣ маснавиро хуб мегуфт.

Алқисса, ба хонаи Мир Алишер рафтем, чун ба он маҷлиси олӣ расидем, ҳамсўҳбатони Мир менишастанд. Ҳазрати Мир ба ҷониби мо нигоҳ карда ва ба фақир ишорат намуда аз Мавлоно Соҳиби Доро пурсиданд;

  • Ҳарифе ки муаммои беномро меёбад ҳамин аст?
  • Бале, ҳамин аст! — ҷавоб дод Мавлоно  Соҳиби Доро.
  • Ман аз мушоҳидаи чашмони ў дарёфтам, ки ҳамин аст, зеро ки асари фикр ,дар  вай намоён  буд, –гуфтанд Мир Алишер ва баъд аз он ин муамморо хонданд:

Боғро бин аз хазон бе фарру сарв аз ҷо шуда,
Булбулаш бар ҳам зада минқору ногўё шуда.

ва кушодани ин муамморо талаб карданд.

Восифӣ мегўяд: иттифоқо ман ин муамморо дар ёд доштам ва ба кадом ном будани вайро медонистам. Дар андеша афтодам, ки худро ба нодонӣ занам ва он номро гўям ва ин маҷлиси имтиҳони пурхавфро ба осонӣ аз сар гузаронам, ё ин ки рост гўям? Оқибат ростӣ ғолиб омад ва гуфтам:

— Махдумо, ман ин муамморо ёд дорам ва ба кадом ном будани вайро медонам.

Ҳазрати Мир сар дар пеш афганданд ва баъд аз он сар бардошта ба аҳли маҷлис хитоб карда гуфтанд:

— Азизон медонед, ки сухани ў чӣ маънӣ дорад? Ў
изҳори қудрат мекунад ва «ягон муаммоеро ки ман намедонам хонед» мегўяд.

Аммо Мир дар он мачлис дигар муаммо нахонданд ва ба фақир лутфи бисьёре карданд ва ба Мавлоно Со-ҳиби Доро:

— Мо даъвои ўро мусаллам доштем — гуфтанд ‘.

1 Азбаски Восифӣ дар соли 890 ҳиҷрӣ таваллуд ёфта, дар 16-солагӣ ба ҳузури Мир 
							Алишер Навоӣ расида ва инчунин маълум аст, ки Навоӣ дар соли 906 ҳиҷрӣ вафот ёфтааст,
							маълум мешавад, ки Восифӣ дар соли охирини ҳаёти Навоӣ бо ў ҳамсўҳбат шуда будааст.

 

Leave a Reply