Умумӣ

Бадое-ул-вақое-Қисми 1

ДАРОМАДИ СУХАН

ЗАЙНИДДИН МАҲМУДИ ВОСИФӢ

          Зайниддин Маҳмуди Восифии ҳиротӣ яке аз намояндагони адабиёти тоҷик аст, ки дар охирҳои асри XV ва аввалҳои асри XVI дар Хуросон ва Осиёи Миёна зиндагонӣ кардааст.
Дар он замоне ки Восифӣ дар вай зиндагонӣ кардааст, аҳволи Эрон, Хуросон ва Осиёи Миёна аз ҷиҳати сиёсӣ-иқтисодӣ, адабӣ ва маданӣ хеле мураккаб ва печ дар печ буд.
Маълум аст, ки дар натиҷаи тохтутоз ва истилои чингизиён Осиёи Миёна ва Эрон ранги як харобазорро гирифта буд; дар ҷои киштзорҳои ҳосилхез, боғҳои пурсамар ва ҷўйҳои равон, даштҳои хушки бегиёҳ ва биёбонҳои регзор пайдо шуда буд; аз шаҳру деҳаҳо, аз мадрасаҳо ва аз кутубхонаҳо танҳо тўдаҳои хокистар монда буд. Осори маданиятеро ки дар Осиёи Миёна ва Эрон баъд аз истило ва тороҷи арабҳо бо кўшиш ва меҳнати аҳолии маҳаллӣ дар муддати панҷсад-шашсад сол пайдо шуда буд, чингизиён монанди балои ногаҳонӣ дар андак муддат тамоман несту нобуд карда буданд.1
          Ин харобӣ, гуфтан мумкин аст, ки то асри XV давом кард. Темур дар замони ҳукмронии худ дар натиҷаи истисмор кардани халқ ва аз ҳисоби мамлакатҳои истилокардааш Осиёи Миёнаро — асосан Самарқанд ва Шаҳри Сабзро чи қадар обод карда бошад, писари ў Шоҳрух ҳамчунин дар муддати панҷоҳсола ҳукумати худ Хуросонро — асосан Ҳирот ва Машҳадро ҳамон қадар обод карда буд.2
          Самарқанд хусусан дар замони писари Шоҳрух — Улуғбек ва бо кўшиши бевоситаи ў ба авҷи аълои маданият ва маорифи он замон расид, харобаҳои муассисаҳои илмӣ — мадраса ва расадхона, ки то замони мо боқӣ буда, аз осори Улуғбеканд, шоҳиди зиндаи он маданиятанд.
Баъд аз замони Улуғбек ҳаракати маданӣ дар Самарқанд рў ба пастӣ оварда бошад ҳам, ин ҳаракат дар Ҳирот бо суръати муайяне ба амал омад. Тараққиёти маданӣ, ки дар Хуросон дар замони Ҳусайн Бойқаро рўй додааст, бо номи вазири ў — шоири бузурги ӯзбек Мир Алишер Навоӣ ва устоди ў шоири классикии тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ сахт вобастааст3. Ҳирот дар сояи маорифпарварӣ ва маданиятдўстии ин мутафаккири бузург дар он замон маркази маданӣ ва адабии олами шарқи ислом гардида буд, олимон, шоирон, мусиқашиносон, хаттотон, рассомон, наққошон ва дигар ҳунармандон аз Мовароуннаҳр ва Эрон рафта, дар он чо ғун шуданд. Дар мадрасаҳои Ҳирот, хусусан дар мадрасаҳое ки шахсан Мир Алишер бино карда буд, аз мамлакатҳои ҳамсоя ва аз худи Хуросон талабаҳо 4 машғули таҳсил буда, аз байни онҳо олимон ва шоирони ҷавон расида мебаромаданд. Хонаи шахсии Мир Алишер Навоӣ ва хонаи устоди ў — Абдураҳмони Ҷомӣ шакли як «Дорулъилми вал адаб» (хонаи илм ва адабиёт)-ро ги-рифта буд.
Лекин тараққиёти маданй ва адабии замони Ҳусайн Бойқаро дар охири давраи темуриён гуфтан мумкин аст, ки «хона равшан кардан» буд. Одатан шамъ вақте ки сўхта ба поён расид як шўълаи нисбатан боқувваттар мебарорад ва дар паи он тамоман хомўш мешавад — мемурад (ба ҳамин муносибат чиз хўрдан ва гап задани беморро дар наздикии мурданаш «хона равшан кардан» мегўянд). Бинобар ин ин тараққиёти маданй махсусан бо вафоти Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ зарбаи сахтеро дид.
Албатта, сабаби асосии боз истодани ҳаракати- ада-бӣ ва маданӣ вафоти ин шахсҳо набуда, балки сабабӣ ин харобӣ аз пеш тайёр шуда омада буд…
Ҳусайн Бойқаро дар аввалҳои замони ҳукмдории худ5 дар бобати идораи мамлакат фикр ва маслиҳат-ҳои Мир Алишерро бо хушӣ қабул мекард, ҳатто ўро ба дараҷаи вазири аъзамӣ бароварда, тамоми ихтиёри молӣ, мулкӣ ва маъмурии мамлакатро ба дасти ў супорида буд.
Мир Алишер Навоӣ бошад на танҳо олими бузург, на танҳо шоири забардаст ва на танҳо маорифпарвари гузаро буд, балки ў ба болои ин ватандўст, инсоният-парвари самимӣ ва арбоби давлатии донишманд ҳам буд6. Ў дар саломатии давлат аз як «маркази боадо-лат» идора ёфтани мамлакатро шарт медонист. Ӯ дар айёми фаъолияти сиёсӣ ва давлатии худ мамлакатро бо ҳамин нуқтаи назар идора кард.
Вақте ки давлат марказият пайдо карда, «подшоҳ-бозиҳое», ки баъд аз вафоти Шоҳрух дар Хуросон рўй дода буд, барҳам хўрда, дар роҳҳои тиҷорат ва рафту-омад амният барпо гардид ва деҳқонон ва оммаи меҳ-наткашон як дараҷа осудатар гардиданд, савдо-ти-ҷорат ва ҳам касбу косибӣ-ҳунармандӣ то андозае ривоҷ ёфта, аҳволи иқтисодии мамлакат каме беҳтар шуд.7
          Аммо Ҳусайн Бойқаро то охир дар маслаки Мир Алишер барқарор намонд. Вақте ки мамлакат нисбатан осуда гардида, аз душманони хориҷӣ хавфе камтар шуд ва хазинаи давлат пур зару мол гашт, ў ба айшу нўш ва исрофкорӣ дода шуд. Дар натиҷаи ин аҳвол дар андак вақт хазинаи давлат холӣ гардида, ҳатто барои харҷҳои зарурии ҳаррўзаи давлатӣ ва шахсӣ роҳ банд шуд.
Хиёнатгарон, душманони давлат аз ин аҳвол фоида бурда, ба атрофи Ҳусайн Бойқаро ғун шуданд ва ба ҳи-соби тороҷ, кардани халқ махориҷи айшу нўши подшоҳро    таъмин карданӣ шуда ба ў «муқарраби даргоҳ» ва «мўътамадуссалтана» гардиданд. Маъмуроне ки ин «мўътамадуссалтанаҳо» ба атроф мефиристоданд аз ҳар гуна бозхостҳо эмин буда, халқро ба кайфи худ тороҷ мекарданд.
Ба болои ин, вайронии оилавии Ҳусайн Бойқаро низ барои халқ ва мамлакат як балои дигар шуда буд: Ха-дичабегим, ки зани маҳбубаи Ҳусайн Бойқаро буд, мехост, ки писари худро пешбарӣ карда, дасти дигар писарони ӯро, ки аз занони дигараш рўида буданд, аз кор кӯтоҳ кунад, то ки баъд аз сари Ҳусайн Бойқаро подшоҳӣ ба фарзанди ў қарор ёбад.
Дар натиҷаи ин рақобати оилавӣ шаҳзодагон, ки ҳар кадом ба вилояте ҳоким буданд, ба муқобили падари худ, ки асири дасти Хадичабегим буд, кор мекарданд. Рафта-рафта ин рақобати оилавӣ ба исёнҳои рўирост сабаб шуда, дар охирҳои умри Ҳусайн Бойқаро чандин шаҳзодагон ба муқобили падар теғ кашида1,  вилоят худро «мустақил» эълон карданд. Ҳусайн Бойқаро дар  охирҳои умраш ба тахти равон нишаста, ба муқобили фарзандони исёнкори худ сафари ҳарбӣ мекард.8
          Албатта дар ин гуна шароит, дар шароите ки аҳволи иқтисодии мамлакат дар парешонӣ бошад, оммаи меҳнаткашон дар зери толону тороҷҳои беамон афтода бошанд, ҳар тарафи мамлакат ба сабаби ҷангҳои дохилӣ-оилавӣ сўзад, дарбориён аз як тараф халқро хонавайрон карда, аз тарафи дигар бо рақабати байни худ хонаи якдигарро оташ зананд… Дар ин гуна шароит аз тараққиёти маданӣ гап задан албатта барзиёд аст.
Фақат дар замони ҳаёти он шахсҳое, ки дар роҳи илм, адабиёт ва маданияти он замон раҳбарӣ мекарданд, он маданияти мавҷуда монанди роҳобаи ҷўе ки саробаш баста шудааст, замоне дар ҷараёни суст бо-шад ҳам, баъд аз вафоти он шахсҳо тамоман аз ҷараён бозистод ва хушкид.
Душвориҳои охирҳои йзамони салтанати Ҳусайн Бойқаро танҳо аз бетартибӣ ва пурошўбии дохилӣ иборат набуда, балки ба Хуросон аз ду тараф — ҳам аз тарафи ғарб ва ҳам аз тарафи шарқ хавфҳои хориҷӣ низ таҳдид мекард: дар он замонҳо Сафавиён аз Ироқ сар бардошта буданд ва онҳо ният доштанд, ки тамоми Эрон ва Хурасонро ба даст дароранд. Онҳо дар сафарҳои ҳарбии худ мазҳаби шиагиро шиори худ карда гирифта буданд, душманони сиёсии худ — феодалони пеш аз худашон дар Эрон ҳукмронӣ карда омадаро ва мафкурачиёни онҳо— муллоён ва шоиронро ба гунаҳи суннигӣ мекуштанд ва бо қаҳру қатлу тороҷ ҳар рўз шаҳреро ва ҳар ҳафта вилоятеро ба даст дароварда, ҷои ҳукмронии худро соат ба соат васеъ мекарданд ва торафт ба Хуросон, ки дохилан дар харобӣ ва парешонӣ буд, наздик мешуданд.
Сафавиён дар роҳ дар байни аҳолӣ паҳн карданӣ мазҳаби шиагӣ, умуман чораҳои таррорӣ ва қатлу тороҷро бо камоли шиддат ба кор мебурданд. Дар ин бора таърихнависи маъруф Ризоқулихони Ҳидоят дар ҷилди ҳаштуми (якуми) «Равзатуссафои Носирӣ» ном китоби худ дар бораи «корҳои хуби» шоҳ Исмоили Сафавӣ   ин   сатрҳоро   менависад: «…Аҷибтар он ки дар он аҳд (дар замони хурўҷи шоҳ Исмоил) умуми аҳолии Эрон бар мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат буданд ва зумраи шиаи исно ашария  (12 имомӣ)  дар айни зиллат ва қиллат  (камӣ)  тақия (мазҳаби худро пинҳон)  менамуданд. Вай  (шоҳ Исмоил) ба зарби шамшер муравваҷи (ривоҷдиҳандаи) мазҳаби ҷаъфарӣ шуд ва равнақ ба тариқаи исно ашарӣ дод…» *.
-Сафавиён ва аскарони онҳо ба сифати як аломати мазҳабӣ-ҳарбӣ кулоҳи сурхи тоҷдори дувоздаҳ тарка мепўшиданд ва ба ин сабаб раҳбарони онҳо, ки ирқан турк буданд, худро «қизилбош» (сурхкулоҳ) меномиданд.9
          Сафавиён пеш аз истило карданашон Хуросонро бо роҳи мафкурапаҳнкунӣ ва ҷосусӣ он сарзаминро дар зери ишғоли маънавӣ-сиёсӣ гирифта буданд.
Аҳолии Хуросон ҳам, ки аз зулму заҷри Ҳусайн Бой-қаро ва дарбориёнаш, аз худсариҳои амалдорони ма-ҳаллӣ, аз бетартибиҳо ва қатлу тороҷҳое ки ба сабаби исёни шоҳзодагон соле чандин (бор рўй медод, ба ҷон    омада буданд, ба умеди «наҷот» даъват ва ташвиқоти сафавиёнро як дараҷа бо осонӣ ва зудӣ қабул мекарданд.
Дар Машҳад ташвиқоти сафавиён пурзӯртар ва рўиросттар буд. Зеро мазори Имом Мўсо Ризо, ки шиагон онро пешвои мазҳаби худ мешумурданд, дар он ҷо буд ва роҳбарони ҷамоатии он шаҳр — шайхҳои он мазор, ки худро аз авлоди Имом Ризои мазкур мешумурданд, мазҳаби шиагиро мазҳаби «меросии худ» медонистанд. Онҳо инро низ медонистанд, ки бо қабул ёфтани он мазҳаб панҷяки дастранҷ (музди меҳнат)-и қабулкунандагони он ба кисаи онҳо медарояд ва инчунин ҳам назру ниёзе ки ба он мазор ояд, низ моли онҳо хоҳад шуд ва бинобар ин барои пеш бурдани мазҳаби шиагӣ, аз дилу ҷон кўшиш мекарданд.
Ба ҳамин сабаб дар охирҳои салтанати Ҳусайн Бой-қаро ҳукумати маҳаллии Машҳад расман ба Ҳирот тобеъ бошад ҳам, ҳақиқатан пайрави сафавиён буда, барои манфиати онҳо кор мекард.
Аз тарафи дигар — аз тарафи шарқ сардори ҳарбии қабилаи он вақтаи ўзбекон—Шайбонихон аз канорҳои дарёи  Сир   сар   бардошта   мехост,   ки  Мовароуннаҳр (байни дарёҳои Сир ва Аму) ва Хуросонро ба даст дарорад ва ба иборати дигар ин лашкаркаши ҷавон худро вориси Темуриён медонист, ки онҳо бо вайроншавии маишӣ ва куштани якдигар аз майдони ҳукмронӣ нест шуда   рафта   истода   буданд.
Самарқанд, ки дар он вақтҳо маркази давлатии Мо-вароуннаҳр ба шумор мерафт, дар ҷангҳои байни Шайбонихон ва авлоди Темур (масалан Заҳириддин Бобур) ҳар рўз аз дасте ба дасте мегузашт ва соат ба соат харобтар мешуд…

* «Равзатуссафо»-и Носири берақамгузори дар саҳифаҳо чоп шудааст. Ин сатрҳоеро, ки мо аз ин китоб нақл кардем, аз рўи шумур дар саҳифаи 18, ҷилди ҳаштум (якум) китоби мазкур қайд ёфтааст.
Оқибат Шайбонихон Мовароуннаҳр, Фарғона ва Тошкандро тамоман забт карда, аз дарёи Аму гузаш-та, қадам ба Хуросон ниҳод.11
          Барои пурратар нишон додани замони зиндагонии Восифӣ ду-се калима аз аҳволи зиндагонӣ-ҷамъиятии шаҳри Ҳирот низ гап зада гузаштан даркор аст.
Ав як тараф шаҳри Ҳиротро ҷамъиятҳои илмӣ ва адабӣ фурў гирифта, аҳли ин пеша дар мадрасаҳо, боғҳо ва дар хонаҳои хусусӣ бо музокираҳои илмӣ, бо мушоараҳо ва бадеҳагўиҳо ва бо мусомараҳои адабӣ рўзҳоро ба шаб ва шабҳоро ба рўз меоварда бошанд, аз тарафи дигар дар хона ва боғҳои шоҳзодагон ва амалдорон маҷлисҳои майнўшӣ, базмҳои бо ҳашву лағв, бо ахлоқвайрониҳои аз ҳад зиёд ва бо исрофкориҳои бемаънӣ ҳафтаҳо ва моҳҳо мегузашт. Барои исбот кардани дараҷаи исрофкории амалдорзодагон ҳикояти зеринро, ки аз ёддоштҳои Восифӣ аст, нақл кардан кифоя аст.
Назар ба ҳикояи Восифӣ дар шаҳри Ҳирот дар соли 899 (1494) Мираки Заъфарон ном ҷавоне шўҳрат пайдо мекунад. Камолиддини Ҳусайн ном писари вазири Ҳусайн Бойқаро ўро ба меҳмонӣ даъват менамояд. Дар ин зиёфат аҳли созу навоз ва ширинкорони Ҳирот иштирок мекунанд. Дар ин кор чи қадар пул сарф шуданаш аз ҳамин равшан мешавад, ки миёнарави Мираки Заъфарон бист ҳазор танга мегирад ва дар зиёфат панҷоҳ ҳазор танга сарф мешавад.
Ин зиёфат дар фасли зимистон дар мавсими барф ва сармо ташкил ёфта буд. Дар рафти сўҳбат сухан ба болои фаслҳо омада Мираки Заъфарон мегўяд, ки «маро ҳеҷ фасл  монанди  фасли  хазон  хуш  намеояд:  дар  ин фасл баргҳои дарахтон ранги заъфаронӣ пайдо мекунанд ва бо вазидани бод монанди зарварақҳо бар сари одамҳо мерезанд».
Соҳибхона — Камолиддини Ҳусайн бо шунидани ин сухани меҳмон, аз хона мебарояд ва одамони худро ба тими баззозӣ мефиристонад, ки аз он ҷо аз атласҳои хитоӣ, аз шоҳиҳои хазонранг ва аз зарбафтҳо сад порча меоранд. Камолиддини Ҳусайн дарзиҳои дарбори Ҳусайн Бойқароро ҷеғ зада меорад, ки онҳо ин порчаҳоро ба шакли баргҳои дарахтони гуногун мебуранд. Хидматгорон он баргҳои сунъӣ— сохтаро ба чодиршабҳо андохта ба болои бом бароварда дар рў ба рўи хонае ки зиёфат дар он ҷо барпо шуда буд, ба ҳаво мерезанд. Бод он баргҳоро ба хона дароварда ба болои сари меҳмонон нисор мекунад ва бо ҳамин орзуи дилашон ба амал оварда мешавад.
Ва ҳол он ки дар он вақтҳо дар хазинаи Ҳусайн Бой-қаро як танга ҳам пули нақд набуд ва дар сафарҳои ҳарбӣ, ки ба муқобили писарони исёнкораш мекард, ҳамеша ба болои аҳолӣ андозҳои фавқулодда меан-дохт. Ҳатто вақте ки Ҳусайн Бойқаро ба муқобили пи-сари исёнкори худ — Фаридун Ҳусайнмирзо ҷанг ме-кард, ба ҳокими Ҳирот Муҳаммад Валибек фармон фиристод, ки аз аҳолии Ҳирот панҷоҳ ҳазор тилло ба тарзи андози фавқулодда рўёнда фиристонад.
Мир Алишер ки дар он вақтҳо аз кори ҳукумат канора гирифта буд, ин воқеаро шунида ҳокимро аз рўёндани ин маблағ монеъ омада: «Аҳолӣ тамоман афтода ва гадо шудаанд, қудрати як танга ҳам додан надоранд. Аҷаб нест, ки ба сабаби ин андоз шўриш кунанд» — гуфт ва он маблағро аз моли хусусии худ тайёр карда дод ва аҳолиро аз он кулфат раҳонид.
Майнўшӣ ва исрофкорӣ махсуси хонаҳои табақаҳои олӣ набуд, дар шаҳр ҳам барои исрофкории оммаи пулдорон шароит тайёр буд: дар шаҳри Ҳирот маҳаллае буд, ки вайро «Масраҳ» (ҷои кўшкҳои баланд) меномиданд. Дар сар то сари ин маҳалла дар ду тарафи кўча рў ба рўи ҳам ҳавлиҳои пуршукўҳ бино ёфта буд.12 Дар он хонаҳо аз хўрданӣ ва нӯшиданӣ ва аз созу навоз ҳама асбоби ишрат муҳайё буд. Бисёр одамони пулдор дар ду рўз аз он ҷо гадо шуда мебаромаданд ва ё дар задухўрдҳое ки дар он шаробхонаҳо рўй медод, ҷони худро ҳам аз даст медоданд.
Ин хароботхонаи Ҳирот чунон шӯҳрат пайдо карда буд, ки аз вилоятҳои дур, ҳатто аз Ироқ пулдорон барои дар он ҷо ишрат кардан ба Ҳирот меомаданд.
Дар он замонҳо дар Ҳирот олуфтаҳо ҳам, ки дар за-бони онҷоӣ онҳоро «ятим» ва «лаванд» меномиданд, шўҳрат доштанд. Бештарини инҳо аз табақаҳои косибҳо буда, бо риёзатҳои баданӣ дасту пой ва мушакҳои худро хеле зўр ва сахт мекарданд, аз байни онҳо паҳлавонони хеле машҳур ҳам мебаромаданд. Олуфтаҳо ҳам бештарин вақти худро бо мастӣ, бо ҷангҳои байни худ ва бо ҳуҷум кардан ба аҳолии ором мегузарониданд. Ҳусайн Бойқаро баъзеи онҳоро ба ҳузури худ бурда гўштин мегиронид ва инъомҳо мекард ва ба ин восита ба корҳои онҳо ривоҷ медод.
«Лаванд»-ҳои замони Ҳусайн Бойқаро чунон шўҳра-ти таърихӣ пайдо карда буданд, ки дар замони хурдсолии нависандаи ин сатрҳо, яъне баъд аз чорсад соли замони он подшоҳ, дар Бухоро баъзе олуфтагонро, ки аз ҳад зиёд бадмастӣ, шўрапуштӣ ва бадрафторӣ кунад «лаванди султон Ҳусайнмирзо» меномиданд.
Ин аҳволи умумии шаҳри Ҳирот, ба аҳли илму ада-биёти он замон ҳам бетаъсир намонда буд: Мир Алишер дар «Маҷолисуннафоис» ном тазкираи худ, баъд аз он ки қувваи шеърӣ ва истеъдоди илмии баъзе ҷавононро (масалан Осафиро) таъкид мекунад, «афсўс ки ятимваш аст ва умри худро дар корҳои беҳуда сарф мекунад» мегўяд.
Восифӣ ана дар ҳамин гуна замоне ки илму адабиёт тараққӣ карда, дар айни вақт пурошўб, пурзиддият ва пурҷангу ҷўш ва пур аз айшунўш буд, дар Ҳирот зоида шуда тарбия ёфт ва дар қатори одамони бадбахти за-монҳои охири давраи Ҳусайн Бойқаро даромад.
Номи Восифи Зайниддин Маҳмуд буда, ў дар Ҳирот дар соли 890 ҳиҷрӣ * (1485 мелодӣ) дар хонаи Абдул-ҷалил ном як муллои оддӣ таваллуд ёфт. Падари Восифӣ—Абдулҷалил олим ва  илмдўст буд,  аммо ӯ ба мансаби калоне соҳиб набуд.13

  • Соли таваллуди Восифӣ дар ҷое қайд нашудааст. Аммо ў ба муносибати нақли кушта шудани Мўъминмирзо, ки дар соли 903 ҳиҷри воқеъ шуда буд, дар он вақт 11-сола будани худро қайд мекунад, ки аз ин ҳисоб 890 ҳиҷрӣ (1485 мелодӣ) будани соли таваллуди ӯ муайян мегардад.

Восифӣ қобилияти фавқулоддаеро соҳиб буд, ӯ дар синни 12—13 солагиаш шоир ва шеършинос шуда буд ва шеърҳои шоирони калонро танқидҳои маънидор мекард.
Восифӣ дар хурдсолиаш дар санъати муаммо, ки он вақтҳо бисёр шўҳрат дошт, тахассус пайдо карда буд ва муаммоҳои беномро мекушод ва ба ҳамин му-носибат дар 16-солагиаш ба ҳузури Мир Алишер Навоӣ расиданашро дар ёддоштҳои худ нақл мекунад.
Восифӣ насрнависи бомаҳорати замони худ буд, ки мактубҳо, аризаҳо ва ҳикояҳоро мувофиқи услуби хушкарди он замон бо ташбеҳҳои гуногуни печ дар печ ва бо «бароати истеҳлол» *  менавишт.
Восифӣ инчунин дар хурдсолӣ ба илмҳои машҳури он замон — ба забони арабӣ ва қоидаҳои он, ба илми фиқҳ, ҳадису тафсир, дар илми риёзиёт ва мантиқ, дар илми маонӣ ва баён ва дигар илмҳои машҳури ҳамон замон тахассус пайдо карда буд. Инчунин ў риёзати баданиро хуб карда, дар панҷатобӣ, дар обварзӣ (оббозӣ), дар пиёдагардӣ ва дигар чизҳои ҷузъӣ, ки фазилати инсонӣ ба шумор мераванд, чанде машғулӣ карда, ҳар кадоми ин корҳоро ба дараҷаи аъло ба даст дароварда буд.
Ӯ дар ёддоштҳои худ фазилатҳои ҷузъии худро аз за-бони амир Муҳаммад ном ҳамзамони худ ба тарзи зерин нақл мекунад (мазмунан): «…Амир Муҳаммад гуфт: Восифӣ дар чанд кор яго-наи замон ва бемонанд аст: якум ў қувваи сарпанҷае дорад, ки дар Хуросон ҳеҷ забардасте бар вай зафар наёфта ва панҷаи ўро натофта; дуввум қувваи рафтор ва равандагии ў ба дараҷаест, ки аз Машҳад то Ҳирот, ки 65 фарсанг (520 километр) буда, роҳест дар камоли сахтӣ ва дуруштӣ, дар ду рўз (пиёда) тай карда аст; саввум шиновар (оббозе) аст, ки якбор дар Боғизоғон ((Боғизоғони Ҳирот)   Фаридун Ҳусайнмирзо фармуд, то ду дасти ӯро бо ду пояш баста (кулӯла карда) дар ҳавз андохтанд. Ў дар ин ҳол аз вақти намози пешин то на-мози аср дар он ҳавз оббозӣ кард; чорум ў ҳофизи хушхоне аст, ки ҳеҷ ҳофиз баробари ў хондан наметавонад; панҷум ў дар ваъз (нутқгўӣ) шогирди Мавлоно Ҳусайн Воиз аст. Мавлонои мазкур дар ҳаққи ў гуфтаанд, ки «миёнаи ману ў ҳамин қадар фарқ ҳаст, ки ман хушовоз нестам ва ў овози хуш дорад»; шашум чунон муқаллидест, ки ҳаракати ҳар касро айнан иҷро мекунад; ҳафтум дар муаммошикофӣ ба мартабаест, ки ҳар муамморо ки бошад ном ногуфта мекушояд; нуҳум тезнавис аст, ки дар як рўз «Қофия», «Шофия» ва «Шамсия»-ро (ҳамаи инҳо дар як ҷо аз шаш ҷузъи чопӣ зиёдтаранд) чунон менависад, ки асло дар онҳо ғалате роҳ намеёбад; даҳум дар сабр кардан ба шиддати гуруснагӣ ба ҳаддест, ки даҳ рўз рўзаи гузаро (шабу рўз чизе нахўрда) доштан метавонад; ёздаҳум дар бадеҳа, шеъргўӣ, ба дараҷаест, ки агар касе фармояд, ягон қасидаи панҷоҳ, шаст байтии устодонро дар як шаб ҷавоб мегўяд…»

  • «Бароати истеҳлол» дар адабиёти кўҳна қоидае аст, шоир ё нависанда дар навиштани қасида ё мактуб ва ариза, ё ягон парчаи насрии дигар дар аввали кор — пеш аз баёни матлаб ташбеҳ, киноя ва истиораҳоро ба тарзе кор мефармояд, ки аз онҳо матлаби аслӣ ҳис карда мешавад (мо дар қисми намунаҳои осори Восифӣ аз таҳрироти ў ба тарзи мисол порчаҳо хоҳем дод), ки онҳо бо «бароати истеҳлол» навишта шудаанд

Ин аст фазилатҳои ҷузъии Восифии ҷавон, ки бо нақл намудан аз забони як ҳамзамони худаш худ тас-диқ ва таъкид кардааст.
Восифӣ баъд аз тамом намудани таҳсили расмӣ чан-де ба писари Ҳусайн Бойқаро — Фаридун Ҳусайнмирзо котиби хусусӣ шуда хидмат кард, чанде фарзандони баъзе амалдорони Ҳусайн Бойқароро дар хонаҳошон ба тарзи хусусӣ муаллимӣ карда тарбия намуд, аз ин ҷумла фарзандони шоҳ Валибек ном кўкалтошзодаи Хадичабегим (зани Ҳусайн Бойқаро) аз дасти ў тарбия ёфтаанд.
(Восифӣ дар охирҳои замони султон Ҳусайн Бойқаро (тахминан дар 20 сола будани худ) аввалин бор то Машҳад саёҳат кард ва дар он сафар машаққатҳои бисёре дид, ки мо тафсили ин саёҳатро дар қисми ёддоштҳои ў нақл хоҳем кард.
Восифӣ дар замони ишғол шудани Хуросон ва аз ин ҷумла шаҳри Ҳирот аз тарафи Шайбонихон (913 ҳ.— 1508 милодӣ) моҷароҳоро аз сар гузаронид, ў аъзои оилаи шогирдони худро, ки аз тарафи Шайбонихон кушта шуданашон мумкин буд, бо як ҷасорати инсониятпарварона гурезонда пинҳон намуд. Инчунин ў як духтари ба асирии Шайбонихон афтодаро, ки ба яке аз шогирдонаш номзад буд (домодшаванда ва духтар дар ин фалокат тоб наёварда қасди худкушӣ доштанд), бо як қаҳрамоние ки монанди онро танҳо дар романҳои афсонавӣ дидан  мумкин  аст, халос  карда,  маъшуқаро  ба    ошиқ расонид.
Вақте ки корномаҳои ў ба пеши арбоби давлати Шайбонихон кушода гардид, ў маҷбур шуд, ки аъзои оила ва ашёи хонаи худро ба саҳро гурезонда ва худ ҳам аз Ҳирот дуртар рафта дар пинҳонӣ зиндагонӣ кунад (ин воқеаҳоро мо дар қисми ёддоштҳояш ба тафсил нақл   хоҳем   кард).
Восифӣ дар замони ҳуҷуми шоҳ Исмоили Сафавӣ ба Хуросон ва истилои Ҳирот монанди як одами машҳури он замон ва мафкурачии сунниён дар таҳти таъқиби сўиқасдчиёни (террористони) сафавиён афтод ва аз он ҷо аз байни фалокатҳое ки ҳар замон эҳтимоли кушта шуданаш буд, ба Эрон гурехт, ки шояд он ҷо бе ному нишон зиндагонӣ кунад. Лекин ин ба ў муяссар нашуд: дар Машҳад яке аз ҳамроҳонаш, ки ў низ гуреза буд, ба даст афтод.
Восифӣ барои аз зиндон гурезондани он дўсти худ машаққатҳои тоқатнопазир ва таҳлукаҳои ҷонситонро аз сар гузаронид.
Восифӣ баъди аз сар гузаронидани чандин фоҷиаҳо боз маҷбур шуд, ки ба Ҳирот баргардад ва дар он ҷо ба тарзи пинҳонӣ зиндагонӣ кунад.
Чун зиндагонии пинҳонӣ дар Ҳирот ба ҷонаш расонд, ба тарафи Мовароуннаҳр гурехтанро муқаррар кард. Лекин аз таъқиби сахти сафавиён аз Ҳирот то Мовароуннаҳр ба тарзи пинҳонӣ ва гурезагӣ рафтан мумкин набуд ва барои рўирост сафар кардан хати роҳдорӣ лозим буд, ки он гуна хатро ба Восифӣ  намедоданд. Охир бо як тасодуф ба ў муяссар шуд, ки дар аввалҳои соли 918 ҳиҷрӣ (1512) бо номи сохта, бо хати роҳдории каси дигар ба корвони савдогарон ҳамроҳ шуда, ба Мовароуннаҳр сафар кунад.
Восифӣ дар Мовароуннаҳр аввал дар Самарқанд ис-тиқомат кард, баъд аз як сол дар он ҷо мондан ба Бу-хоро рафт ва баъд аз чанд вақт дар Бухоро мондан аз он ҷо ба Саброн * рафт, ки дар он ҷо Мири Араб (соҳиби мадрасае ки бо ин ном дар Бухорост)  буд.

  • Саброн — ин мавзеъро «Саврон» меноманд, ки аз шаҳри Туркистон дар масофати 40—50 километр аст.

Восифӣ аз Саброн ба Фаркат, аз Фаркат ба Тошканд, аз Тошканд ба Шаҳрисабз, аз он ҷо боз ба Самарқанд ва аз он ҷо ба лаби дарёи Сир—ба Шоҳрухия ва аз он ҷо ба Оҳангарон ва боз ба Тошканд рафт.
Восифӣ дар ин сайру сафарҳои худ гоҳо дар мадра-саҳо дар қатори муллоён ва талабагон истиқомат кард; гоҳо дар маҷлисҳои олимон ва шоирон умри худро ба мунозира ва мушоара сарф намуд; гоҳо бо омма ошноӣ карда зиндагонии онҳоро омўхт; гоҳо дар майхонаҳо ва хароботхонаҳо дар миёнаи авбошон ва майнўшон афтода, бо онҳо ҳамкоса шуд; гоҳо дар дарборҳои хонҳои маҳаллӣ монанди надим (ҳамсўҳбат) умр гузаронида, ба онҳо маддоҳӣ кард; гоҳо дар Самарқанд ва Тошканд дар масҷидҳо имом ва пешнамоз шуд; чанд гоҳ ба фарзандони Севунҷхоҷахон, ки дар Тошканд ҳукумат дошт, муаллимӣ кард.
Восифӣ баъд аз чандин сол сарсариёна гаштан охир дар дарбори Келдимуҳаммадсултон, писари Севунҷхоҷахон доимӣ монд.14
          Дар вақте ки Восифӣ ба хидмати дарбори Келди-муҳаммадсултон даромад, ў дар вилояти Шоҳрухия (канори Сирдарё) ва Оҳангарон (байни Хуҷанд ва Тошканд) ҳукумат дошт ва падараш Севунҷхоҷахон дар Тошканд ҳукмрон буд. Бинобар ин як қисми зиндагонии Восифӣ дар Шоҳрухия ва Оҳангарон гузашт.
Чун дар соли 931 (1525) Севунҷхоҷахон вафот ёфта, писараш — Келдимуҳаммадсултон ба ҷои ў дар тахти Тошканд нишаст, ба ин муносибат бошишгоҳи Восифӣ ҳам Тошканд шуд.
Дар соли 935 (1529) вақте Келдимуҳаммадсултон ва дигар хонони ўзбек дар зери сардории Убайдулло-хон (хони Бухоро) ба Хуросон ба муқобили сафавиён сафари ҳарбӣ карданд, Восифӣ низ дар он сафар ҳамроҳ буд.
Восифӣ дар ёддоштҳои худ ҳарчанд ташкили ин са-фар ва ҳамроҳ будани худро дар он сафар қайд кунад ҳам, аз натиҷаи он сафари ҳарбӣ чизе наменависад. Аммо аз «Равзатуссафо»- и Носирии Ризоқулихони Ҳидоят маълум мешавад, ки хонҳо дар ин сафар то вилояти Ҷом рафтаанд ва дар он ҷанге, ки дар Зўрободи Ҷом воқеъ шуда буд, шикаст хўрда баргаштанд.
Восифӣ дар бозгашти ин сафари ҳарбӣ боз ба Тошканд омада, монанди пештара дар дарбори Келдиму-ҳаммадсултон манд ва то соли 938 (1532) дар он ҷо бу-данаш аз ёддоштҳояш маълум аст. Аммо баъд аз он таърихи ин нависандаи сарсахти аз ватан дур афтода чӣ шуд ва охири кораш ба чӣ анҷомид — мо ба ин саволҳо ҷавоби равшани қаноатбахш ёфта натавонистем. Фақат аз тамомияти ёддоштҳои Восифӣ тахмин кардан мумкин аст, ки ҳанўз дар соли 938 (1532) муаллиф дар   қайди   ҳаёт   буд.15
          Эҷодиёти адабии Восифӣ асосан бо ду роҳ — ҳам бо роҳи назм ва ҳам бо роҳи наср рафтааст. Худи ҳамин сифати Восифӣ нисбат ба замоне, ки ў зиндагонӣ кардааст, қобилият ва иқтидори пурраи ўро нишон медиҳад. Зеро дар   он   замонҳо   ходимони   адабиёт   асосан шоирон буда, насрнависӣ ба бисёр кам одамон муяссар мешуд. Дар он замонҳо насрнависон ба эътибори аксарият котибони идораҳо ва муншиёни дарборҳо буда, онҳо бо ёд карда гирифтани муншаот (иншоҳо) ва мактуботи гузаштагон ин  «ҳунар»-ро ба даст медароварданд; ба иборати дигар онҳо нусхабардор буда, вазифаи эҷодиашон танҳо ин буд, ки он нусхаҳоро ба ҳодисае ки барои вай мактуб ё маншур (ярлиғ) навиштан мехостанд, татбиқ ва мувофиқ менамуданд.
Қисми дигари насрнависон таърих (солнома)-нависон буданд, ки воқеаҳои таърихиро ба тасвирҳои адабӣ ва бо муболиғаҳои шоирона ва бо бароати истеҳлол, ки дар он вақтҳо шўҳрат дошт, тасвир менамуданд. Ин қисм насрнависон ба эътибори аксарият шоир набуда, агар шеър гўянд ҳам аз якчанд мисраи мувофиқи мақоми таҳрир навиштан пештар намерафтанд.
Аммо Восифӣ чунон ки дар назм ҳамаи қисмҳои шеърҳои он замонро ба тарзи аъло менависад, инчунин дар наср ҳам «ҳамагунанавис» аст.
Восифӣ қасиданависи забардаст аст, ки бисёр қаси-даҳои устодонро бо муваффақият ҷавоб гуфтааст; инчунин дар ғазал ҳам лирикаи баланд дорад; ў чистонҳоро ҳам, ки дар он замонҳо шўҳрат дошт, хеле устодона мегўяд. Восифӣ муаммоҳоро, ки дар он вақтҳо як жанри   асосии шеър ба шумор мерафт, ҳам бо маҳорат мегӯяд ҳам бо суръат мекушояд, ҳатто муаммоҳоро ном ногуфта кушодани ў аз имтиҳонҳои гуногун гузаштааст.
Восифӣ дар донистани қоидаҳи вазну қофияи шеър забардасттарини замони худаш аст. Маснавии дубаҳраи (маҷмаулбаҳрайни) Котибӣ шўҳрат дорад, аммо Восифӣ порчаҳои чорвазна навиштааст, ки ин ҳам дар вазни шеър ва ҳам дар забони шеърӣ иқтидори фавқулодда доштани ўро нишон медиҳад. (Восифӣ ҳаҷвнависи забардаст аст, ў ҳаҷвҳои мадҳмо-нанд дорад, ки хонанда аз иқтидор ва маҳорати ў дар ҳайрат меафтад; ў аз забони шоиртарошони шеърно-фаҳм чунон шеърҳо мегўяд, ки ҳар шеършиносе бинад, ҳукм мекунад, ин аз ҳамон одам аст, на аз Восифӣ. Ин услубшиноси комили пуриқтидор будани ўро нишон медиҳад (ба ин тарз ҳаҷвнависӣ чунон душвор аст, ки намунаашро аз шоирони ҷавони тоҷик танҳо марҳум Пайрав дода тавониста буд).
Дар наср низ Восифӣ мувофиқи замони худ мактуб, маншур, вақфнома, катебаҳои насрии сангҳои мазорот, ҳикояҳои афсонавӣ, тасвири воқеаҳои ҳаррўза ва ёддоштҳои худро бо маҳорат (албатта мувофиқи услуб ва хушкарди замони худ) ва эҷодкорона менависад. Дар Самарқанд дар як маҷлисе ки иншонависии ўро нобоварона имтиҳон мекарданд, даҳҳо мактубро бо илтимоси ҳар кадом аҳли маҷлис бо мазмунҳои тоза ва бо тасвирҳои обнорасида ва бо «бароати истеҳлол», ки ин лозими мактуботи он замон буд, дар бадеҳа ва бе мусаввада навиштани ў маҳорати фавқулоддаашро исбот мекунад.
Хулоса агар ин таъбир мумкин бошад, мо гуфта ме-тавонем, ки Восифӣ шоир ва нависандаи универсали замони худаш аст.
Мероси адабие, ки ба мо аз Восифӣ боз мондааст, «Бадоеъулвақоеъ» (воқеаҳои нафиси бадеъ) ном ки-тоби ўст. «Бадоеъулвақоеъ»-е, ки дар дасти нависан-даи ин сатрҳост, дар саҳифаҳои ҳаштварақаи ҳафтдаҳ-сатрӣ 944 саҳифа буда, ба ҳисоби имрўза тахминан қариб 90 ҷузъи чопӣ мебарояд.
Мундариҷоти «Бадоеъулвақоеъ» асосан аз ёддоштҳои худи муаллиф иборат аст. Муаллиф дар ин китоб аҳволи илмӣ, адабӣ, маданӣ ва ҷамъиятии замони худро, инчунин ихтилофҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва ҳам зиддиятҳои синфӣ ва аҳволи иқтисодии он замонро, гуфтан мумкин аст, ки ба воситаи он ёддоштҳо хеле пурра акс кунондааст. «Бадоеъулвақоеъ» хусусан дар нишон додани аҳволи илмӣ, адабӣ, савияи маданӣ ва зиддиятҳои онзамонии Хуросон, Мовароуннаҳр, Туркистон ва қисман Эрон на танҳо оина, балки як лавҳаи тасвирест, ки он аҳволи таърихиро ба назари хонанда пайдарҳам ҷилва мекунонад.
Восифӣ як нависандаи бериё ва бо таъбири оммавии тоҷикӣ «фуртакигўй» аст. Ў дар навиштани аҳволи худ, аҳволи ҳамзамонон, дўстон, ошноён ва ҳамсўҳбатони худ ҳеҷ чизро зери парда нигоҳ намедорад. Ў аз кор фармудани таъбирҳое ҳам, ки дар замони мо беадабона ба шумор мераванд, ҳеҷ ибо намекунад. Бинобар ин, мо дар «Бадоеъул-вақоеъ» аҳволи замони муаллифро ва характери шахсҳои таърихии он замонро кушода, равшан ва «луччаку пўстканда» мебинем, ки фақат ба баъзе шарҳу эзоҳот эҳтиёҷ меафтад.
Муаллиф дар ин китоб ғайр аз ёддоштҳои шахсии худ, ёддоштҳоеро ҳам, ки аз ҳамзамонони худ дар бораи ҳамзамонони калонсоли худ шунидааст, бо қайд кардани номи ёддоштгўён нақл мекунад.
Восифӣ дар ин китоб намунаҳои шеърҳои худро ҳам муносибате ёфта ба тарзи ёддошт қайд мекунад.
Ғайр аз инҳо нависанда дар «Бадоеъулвақоеъ» баъ-зе ҳикояҳои афсонавиро ҳам, ки дар маҷлисҳо, ё дар ҳузури хонҳо нақл кардааст, менависад.
Мо дар «Бадоеъулвақоеъ» дар бораи занон якчанд ҳикояҳои афсонавӣ хондем, ки онҳоро бо айни мазмун, фақат бо иборатҳои дигар дар «Баҳори дониш» дидаем. Азбаски «Баҳори дониш» сад сол зиёдтар баъд аз «Бадоеъулвақоеъ» навишта шудааст (таърихи таълифи «Баҳори дониш» 1061 ҳиҷрӣ аст, ки бо 1651 милодӣ баробар меояд), мо гуфта метавонем, ки он афсонаҳоро аввалин бор Восифӣ ба қалам овардааст. Аммо фарқ дар ин ҷост, ки он афсонаҳо бо қалами Восифӣ хеле дилчасп ва мантиқӣ ва дар таҳрири «Баҳори дониш» як дараҷа бемантиқ ва ғализтар баромадаанд.

 

Leave a Reply