Умумӣ

Аҳмади Дониш

«Аҳмади Дониш»

Аҳмади Дониш нависандаи маъруф, мутафаккири барҷаста, шоир, рассом ва хатоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри 19, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик аст. Номи ў Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ў лақаби Аҳмади Калларо низ додаанд.
Аҳмад Махдуми Дониш тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Носир ном муллои қамбағал таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар пеши модараш, ки дар хонааш барои духтарон мактаби хусусӣ дошт, гирифта, баъди хатми маълумоти ибтидоӣ бо хоҳиши падараш ба дабистони қориён дохил шуд. Баъд аз он падараш ўро ба мадраса монд, то ки писараш илмҳои маъмули замони худро аз худ намояд ва барои таъмини зиндагиаш ба ягон мансабеву мартабае расад.
Аҳмади Дониш берун аз программаи мадраса мустақилона аз рўи китобҳои олимони бузурги Шарқ илми табииёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табиӣ ва адабиётро меомўзад. Дониш аз хурдсолӣ хати зебое ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулъодае дошт. Вай барои дўстдорони китоб девону рисолаҳои илмиро китобат намуда, бо расму нақшу нигор зинат медод ва ба музди кори худ рўз мегузаронд.
Пас аз хатми мадраса Аҳмади Дониш ба воситаи яке аз устодони санъаткораш ба сифати меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир Насруллоҳ тавсия шуд. Дар ин солҳо Дониш бо илми нуҷуми анъанавӣ машғул мешавад ва ин илмро, ки дар доираи дарбор ба он хеле эътиқод доштанд, нағз аз худ мекунад. Ҳунари хаттотӣ ва рассомӣ ва илова бар ин барои ин дониш дар илми нуҷум Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ соҳиби обрўю мартабае гардонид. Амир Насруллоҳ соли 1857 барои таъзияи императори рус Николаи I ва ба тахт нишастани Александри II ба Петербург ҳайъати сафорате равон кард ва ба ин ҳайъат худаш шахсан Донишро ба сифати котиб дохил намуд. Ғайр аз вазифаи котиби амир ба Аҳмади Дониш махсусан фармуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии Русияро нағзтар омўзад ва натиҷаи мушоҳидаҳои худро ба амир арз намояд. Ҳайъати сафорати Бухоро дар Петербург ду моҳ истоданд. Дар ин мудат ба ғайр аз гуфтугўи расмии давлатӣ марказҳои илму маданият ва иншоотҳои Петербургро тамошо карданд.
Соли 1860 амир Насрулло вафот кард ва амир Музаффар ба сари тахт нишаст. Дар солҳои 1866-1868, ҳангоме, ки дар байни Русияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Хўқанд низои ҳарбӣ ба вуҷуд омада, майдони ҷанг торафт вусъат меёфт. Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кўшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни Русияву Бухоро муносибатҳои дўстона барқарор гардад. Аммо ҷанг шиддат гирифта, охир бо мағлубияти аморати Бухоро тамом шуд. Пас аз имзои шартномаи сулҳи байни Бухорову Руссия амир маҷбур шуд, ки бо тарафдорони дўстӣ ва сулҳ бо Руссия, аз ҷумла бо Аҳмади Дониш дар корҳои минбаъда машварат кунад.
Солҳои 1869-1870 амир Донишро ба ҳайъати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад. Пас аз ҷангу муҳориба ва зиддиятҳои сиёсиву дипломатӣ байни руссияву Бухоро аз нав муносибатҳои дўстона ва робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ барқарор намудан лозим буд. Бинобар ин дар ин сафари пурмасъулият ва бонуфуз мавқеъ ва таъсири Аҳмади Дониш хеле калон буд. Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар дар ивази хидматҳои шоистаи Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ў унвони фахрии илмии дарбор «Ўроқ»-ро дод.
Баъди сафари Русия диду назари Аҳмади Дониш нисбат ба Аморати Бухоро ва сохти давлатдории он кулан тағйир ёфт. Аҳмади Дониш ҳангоми сафар бисёр навигариҳоро дидаву мехост самараҳои рушду инкишофи илмию маданӣ ва техники Русияро дар Бухоро низ ҷорӣ намояд.
Натиҷаи сафарҳои Аҳмади Дониш ба Русия ҳамин шуд, ки дар вуҷуди ў ақидаҳои пешқадами маорифпарварӣ ба вуҷуд омаданд. Фикру андешаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар ҳаёти сиёсию маънавии он замон яке аз ҷараёнҳои тараққипарвона ба шумор мерафтанд. Дониш пас аз сафари Русия қафомондагӣ ва ҷаҳолату сохти иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти илмию мадании кишвари худро дарк намуд. Вай бо рушду нумўи бузурги илмию фаннии Русия, инкишофи сохти сармоядорӣ ва ихтирооти илмии он кишвар аз наздик ошно пайдо кард. Ҳамаи ин диданҳову шуниданҳо ҷаҳонбинии Донишро хеле васеъ намуд. Дониш хуб дарк мекард, ки барои он ки аҳли илму адаб чунин пасмондагӣ ва қафомондагии кишварамонро бифаҳманд, чашми онҳоро ба сўи кишвари Русия ва хориҷи он кушодан лозим аст. Аҳмади Дониш маданияти мардуми русро тарғибу ташвиқ намуда, мехост ба воситаи илму маданияти онҳо ҳаёти маънавии аморати Бухороро тағйир диҳад. Ин яке аз он ҷиҳатҳои муҳими афкори маорифпарварии Дониш ба ҳисоб мерафт. Аз ин бобат хусусияти асосии афкори маорифпарварии Дониш се нуқтаи барҷаста дорад.
Якум. Аҳмади Дониш дар осори илмию бадеии худ ба муқобили сохти пўсидаи феодалӣ, тартиботи давлатӣ нафрати сахт дошт.
Дуюм. Дониш омўхтани илмҳои дақиқ ва дунявӣ, омўхтани забон ва илму маданияти рус, аз худ намудани таҷрибаи тараққиёти мамлакатҳои пешқадами Аврупоро тарғиб ва усули кўҳнаи таҳсили мадрасаро сахт танқид намудааст.
Сеюм. Дониш дар асарҳои худ манфиати оммаи меҳнаткаш ва тамоми зулму ситамдидагонро самимона ва далерона ҳимоя кардааст. Ҳам дар осори илмию фалсафӣ ва ҳам дар қиссаҳои бадеӣ. Дониш ба намояндагони халқи оддии меҳнатӣ бо хусни таваҷҷўҳ нигаристааст, қувваи бузург ва тавонои халқи ҷафодида ва мазлумро тараннм намудааст.
Ақидаҳои маорифпарварии Дониш барои тараққиёти афкори пешқадами сиёсиву иҷтимоӣ дар нимаи дуюми асри 20 аҳамияти ниҳоят калоне дошт.
Аҳмади Дониш ба хулосае меояд, ки дар низому тартиби ҷамъият ва давлатдории аморати Бухоро ислоҳоти шадиде ворид намудан лозим аст, ки ҳолу аҳволи мардум беҳтар гардад.
Ҳамин тариқ, Аҳмади Дониш тамоми фикру андешаҳо ва ақидаҳои маорифпарваронаи хешро ба тарзи ҳикояи бадеӣ ва бо забони содаву равон иброз намудааст.

Leave a Reply