Барои чӣ Америка ба номи Колумб нест?

Барои ба ин савол ҷавоб додан, мо бояд ба саволи барои чӣ Америкаро ба номи шахси дигар номгузорӣ кардаанд, посух диҳем. Мақсади Колумб он буд, ки роҳи ғарбӣ ба сӯи Осиёро (Ҳиндустон) ёбад.Ҳангоми кашфи заминҳои нав ӯфикр кард, ки ин роҳро ёфт. Дар асли ҳол бошад, Колумб танҳоҷазираҳои Сан-Салвадор, Куба ва Гаитиро кашф намуд. Вале, мо набояд аҳамияти кашфиётҳои Колумбро сарфи назар намоем. Мо бояд, ки шуҷоати ин шахси абармардро қадр намоем. Натиҷаҳои кори ӯро худи ҳамзамононаш гуногун баҳодиҳӣ менамуданд.Азбаски, вай Ҳиндустонро наёфт, дар атрофи саёҳати ӯ ақидаҳои шӯбҳанок зиёд гаштанд. Ҳокимони Испания ва Португалия ба андеша ғарқ шуданд, ки кадом заминҳоро Колумб кушод? Маҳз барои аниқ намудани ин ҳолат, Америго Веспуччиро ба сӯи ин заминҳои номаълум равон карданд. Дар дастхатҳои худ Америго ду экспедитсияи худро инъикос намуд, ки дар атрофи соҳилӣАмерикаи Ҷанубӣ гузашта буданд. Тибқи ақидаи Веспуччи: — «Он чизеро, ки мо мушоҳида намудем, ба қитъа шабоҳат дорад». Бо суханони дигар, Америго медонист, ки ин заминҳо қисми Осиё набуда, қитъаи наванд. Дар соли 1507 ҷуғрофшинос Валдсе-мюллер, харитаи қитъаи навро баровард. Бо ҳамроҳии ин харита мақола оиди он, ки дар он ин қитъаро бо номи кашфкунандааш — Америка номгузорӣ шавад, пешниҳоди кард. Ҷамъият бо мурури замон ин номро қабул намуд. Ин ном, инчунин барои ифодаи Америкаи Шимолӣ низ, истифода мегашт. Лекин, мо бояд ба назар бигирем, ки Валдсе-мюллер танҳо барои он заминҳои навро бо номи Америго Веспуччи монданро пешкаш намуд, ки маҳз Веспуччи мавҷудияти қитъаи навро исбот кард.

Likes:
0 0
Views:
20
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply