Умумӣ

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – Ғазалҳо

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сахойи номаи ту,
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳинду, бигӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хоҳиши мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ гардад офарини туро.
* * *
Дило, то кай ҳамеҷўйӣ манеро?!
Чӣ дорӣ дўст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое?!
Чӣ кўбӣ беҳуда сардоҳанеро?!
Аё савсанбаногўшо, чӣ дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро?!
Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро!
Дилам чун арзaне, ишқи ту кўҳе,
Чӣ сойӣ зери кўҳе арзанеро?!
Бибахшо, ай писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигаҳ кун Рўдакиро,
Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро!!
* * *
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Xудованд бадӣ нест фаромушт!
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт!
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?!
То боз ки ўро бнкушад, он ки туро кушт?!»
Ангушт макун ранҷа ба даркўфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркўфтанат мушт!
* * *
Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
3-омада шодмон бèбояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд!
Ману он ҷаъдмўйи ғолиябўй,
Ману он моҳрўйи ҳурнажод!
Некбахт он касе, ки доду бихўрд,
Шўрбахт он, ки ў на хўрду на дод!
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсўс,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!
Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ў ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ў ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!
* * *
Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бўйи гулу мушки насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,
Гўйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд?!
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеч,
K-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд!
Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд, қабойи ту маро пираҳан ояд!
Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту баройӣ,
Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд!
Кўшам, ки бипўшам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар ки сухан гўяму гар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд!
* * *
Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ!
Ба покӣ, гўйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гўйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ!
Саҳоб астӣ қадаҳ, гўйиву май қатра саҳоб астӣ,
Тараб, гўйӣ, ки андар дил дуъои мустаҷоб астӣ!
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!
Агар ин май ба абр андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахӯрдандӣ, савоб астӣ!
* * *
Ба Ҳаққ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро!
Чу ораз барфурӯзӣ, мебисӯзад
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро!
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо!
* * *
Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мўрди базеб,
Ин ҳама яксара тамом шудаст
Назди ту, ай бути мулукфиреб!
Шаби ошиқ-т лайлатулқадр аст,
Чун ту берун кунӣ рух аз ҷилбеб.
Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ!

* * *
Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ў суруд андохт!
3-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт!
Ҳар ду як гавҳаранд, лек аз табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак-андар тохт.

* * *
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ў ба ҷойгоҳи бадист,
Шодии ў ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ў на ҳамвор аст?!
Дониши ў на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст!

* * *
Май орад шарафи мардумӣ падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид!
Ҳар он гаҳ, ки хурӣ май, хуш он гаҳ аст,
Хосса чун гулу ёсаман дамид!
Басо ҳисни баландо, ки май кушод,
Басо курраи навзин, ки бишканид!
Басо дуни бахило, ки май бихўрд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид!

Leave a Reply