Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (1414-1492)

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ

Тарҷумаи ҳол

Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷомӣ ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме ки Ҷомӣй 11 -сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷомӣ ба ҳирот меояд. То ин дам Абдураҳмон дар Ҷомӣ, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу навҳи забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣй Абдулафури Лор чунин менависад: «Рўзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомӣиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омўхтаем».
Баъд аз ин Абдураҳмон дар ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Ў дар назди Мавлоно Ҷунайди Усул забони араб , асарҳои «Мухтасарулмаон » ва «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷа Алии Самарқанд ва Шаҳобиддин Муҳаммади ҷоҷарм сабақ мегирад.
Ҷомӣ аз кўдак зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд: ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқид, кунҷков назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рабат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. Ў монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамо намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъ буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рў, ў ҳамеша дар баҳсу мунозираи муллобачагон ғолиб мебаромад. қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодон аз ўҳдаи дарс додани ў баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеъулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восиф нақли аҷибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.
Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷў – ҳоло онҳо дар ҳуҷраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷарм вориди ҳуҷра шуд. Шогирдон – Абдураҳмон, ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муиниддин аз ҷой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд. Муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи таҷрид»-и Мавлоно Алии қўшчиро тадрис мекард. ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.
Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ» гуфтаанд, андеша мекард, роҳ меҷуст устод.
Пас фикру тадбир он аст, ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар кўи бекор андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рўз мутолиа кунам ва ба дарс гўии шогирдон нағзтар тайёр шавам.
Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷарм шогирдонро ба мўҳлати 40 рўз бо сабаби «касал» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рўз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.
Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рўз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Ҷоҷарм ҳам дар ин муддат шабу рўз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.
Ў аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.
Ниҳоят рўзи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари бемор » хестааст ва имрўз дарс мегўяд. Онҳо ба дарс ҳозир шуданд.
Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт:
Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гўям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас қудрати дарс додан надорад. ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.
Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.
Баъд аз ин ҳодиса Абдураҳмони Ҷомӣ дар синни 23-солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди қозизодаи Рум аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ў на танҳо дар назди устодаш дарс мехонад, балки ба корҳои илмии қозизода ёрӣ мерасонад.
Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Нафрат дошт. Ў бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш мўҷаз ва бамаън буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гўш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷод шавқи беандоза дорад.
Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба ҳирот меояд. Ў аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушомадгў надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз ҷумла, илми шеър машғул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Кошар (ваф. 1456) шиносо пайдо карда, ин фирқаро қабул мекунад.
Пас аз марги устоди рўҳонии худ – Саъдиддини Кошгар Ҷомӣ роҳбари маслаки нақшбандияи Хуросон мешавад. Ў муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомўзонд. Абдулгафури Лор яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳаёти худ 7 бор ба сафар баромада, шаҳрҳои Самарқанду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тўлонии Ҷомӣ соли 1472 дар моҳи август оғоз ёфт. ӯ шаҳрҳои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домон, қазвин, ҳамадон, Бадодро саёҳат карда, бо арбобони илму адаби ин шаҳрҳо вохўрд, сўҳбатҳо орост. Дар ҳар ҷо Ҷомӣро иззату эҳтиром мекарданд. Ҷомӣ Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба ҳирот боз мегардад. Поёни умри Ҷомӣ дар ҳирот гузашт. Ў ба эҷод кардани асарҳои илмиву адаб батамом машғул буд. Як дақиқа вақти худро бекор намегузаронд. Танҳо ба мактаби адабии ҳирот роҳбар карда, ба шоирони ҷавон маслиҳатҳои муфид медод.
Ҷомӣ дўстони бисёр дошт, ки бо онҳо базми шеъру суруд меорост, сўҳбатҳои дилангез мекард. Яке аз шогирдони беҳтарини Ҷомӣ Алишери Навоӣ буд. Муносибати онҳо на ҳамчун устоду шогирд, балки мисли ду дўсти ҷон, ду ҳамкору ҳаммаслак ба назар мерасид.
Абдураҳмони Ҷомӣ оилаи хуб ва фарзандони лоиқ дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифл ва хурдсол вафот кардаанд. Албатта, вафоти фарзандон қалби адибро ба шўру алаён овард. Дар мотами фарзандон Ҷомӣ ашки аму ҳасрат рехт, оҳи ҷонсўз аз дили пурсўз баровард. Ў дар марги фарзандон марсияҳо сурудааст, ки дар онҳо сўзу гудози падари доғдида басо муассир ифода ёфтааст:

Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,
Раҳм бар ҷони падар н-омадат, эй ҷони падар.
Навбаҳор омаду гулҳо хама рустанд зи хок,
Ту ҳам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Абдураҳмони Ҷомӣ 9-уми ноябри соли 1492 дар шаҳри ҳирот вафот кардааст. ҳангоми вафоти Ҷомӣ қариб аксарияти мардуми гирду атрофи ҳирот либоси мотам пўшидаанд. Ба миқдори 1000 байт дар вафоти Ҷомӣ аз тарафи шоирон марсияҳо ва қитъаҳои таърих эҷод шуд. Чунон чи, Мавлоно Ком дар вафоти Ҷомӣ бо як сўзу гудоз марсияе эҷод кард, ки дар он мавқеи ҷамъият , хислатҳои гуманистии адиб хеле равшану возеҳ инъикос ёфтааст. Чанд байт аз он марсия:

Равнақи илму амал рафт, дар аъёни1 ҷаҳон,
Зебу зинат ба ҷуз аз ҷуббаву дастор2 намонд.
Монд аз он сарвари аҳли сухан осор басе,
Дар ҷаҳон гарчи зи аҳли сухан осор намонд.
Рў ба девори лаҳад монд касе, к-ў ҳама умр,
Баҳри роҳат нафасе пушт ба девор намонд.
Ҳаргиз озурда нашуд аз суханаш хотири кас,
Дар дил аз ҷўй ба ҷуз ҳасрати дидор намонд.
Рафт. эй дил, зи ҷаҳон мўнису ғамхори ҳама,
Fами худ хўр, ки дигар мўнису ғамхор намонд…

  Оромгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар шаҳри ҳироти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо номи Тахти Мазор ёд мешавад, ки ҳазорон одамон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон зиёраташ мекунанд. Шоҳи мутаассиб, ҷоҳилу бехирад Исмоили Сафав пас аз 18 соли вафоти шоир қабри Ҷомӣиро оташ зад, вале ба мақсад нарасид, зеро оромгоҳи шоири бузург кошонаи дили халқҳои ҷаҳон аст.
1 Аъён — бузургон, донишмандон, сардорон.
2 ҷуббаву дастор — ҷомаю салла.

Мероси адабӣ

Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адаб мерос гузоштааст. Ў қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илм ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ миқдори асарҳои ўро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегўяд:
Ҷомӣ , он офтоби нурон ,

Он мунаввар ба нури субҳон .
Буд аз чиҳил зиёд таснифаш.
Рў дар эъҷоз карда таълифаш.

Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дўстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншинос , адабиётшинос , тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арўзу қофия, мусиқ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаи ҳолии ў «Нафаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Ал фавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони араб ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. ҳоло ҳам дар мадрасаю мактабҳои Афғонистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарс барои омўхтани забони араб истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. ҳанўз дар ҳамон замон шўҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шуда аст. Ба ин нукта худи Ҷомӣ ишорат карда мегўяд:
Агар ба Форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба ҳинд расад Хусраву ҳасан гўянд,
Ки: « Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»
Аз Ҷомӣ се девон, «ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснав), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омада расидаанд, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эсгетик мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирик – азал, қасида, рубо , қитьа ва айра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир азал мавқеи асос дорад. Масалан, дар девони аввал – «Фотиҳатушшубоб» 1016 азал, дар девони дуюм – «Воситатулиқд» 493 ва дар девони сеюм – «Хотиматулҳаёт» 296 азал омадааст, ки миқдори умумии онҳо 1805 азалро ташкил медиҳад. Ё ба тарзи дигар гўем, агар абёти се девон 16 ҳазору 629 байтро ташкил диҳад, аз он 13 ҳазору 17 байташ азал аст, ки он 78 фоизи ашъорро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маън ишора карда, худи шоир чунин мегўяд:

Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдо ,
Ё фунуни насоеҳ асту ҳикам,
Мунбаис аз шуури доно .
Зикри дунон наёб андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсо .

Қасида дар девонҳои шоир ҷои дуюмро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то аст. қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзўъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсаф , панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. қасидаҳои «Луҷҷатуласрор», «Ҷилоуррўҳ» ва «Рашҳи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзўъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар қасидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кўдак бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбар ё навниҳол нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурд тарбият ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:

Дар ҷавон саъй кун, гар бехалал хоҳ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеч гоҳ гадо нест, ў шоҳ аст:

Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ў шаҳи баҳру бар аст.

Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубо , қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маън ва санъати суханвар дар пояи баланд меистанд. Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рўзгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдўст бошад. Ў бояд омўхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:
Ҳар писар, к-ў аз падар лофад, на аз фазлу Ҳунар, Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.

1 Таол, таол — хуш омад , хуш омад .

Likes:
0 0
Views:
30
Article Categories:
Умумӣ

Leave a Reply